Зиёда аз 1000 тонна помидор

Зиёда аз 1000 тонна помидор

  • Post category:Иқтисод

экспорт карда мешавад
Аксарият дар гармхона парвариш кардани маҳсулоти полезӣ ва сабзавотҳоро, чун қулфинай, помидор, бодиринг ва экспорт кардани онҳоро афзал медонанд. Лекин деҳқонони ботаҷрибаи ноҳияи Ҷомбой бобати дар майдони кушод тайёр намудани маҳсулоти экспортӣ таҷрибаи зиёд доштани худро исбот карданд.
Имрӯзҳо аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агро Гумуш Жомбой» дар якҷоя бо ҳамкорони туркиягӣ дар 25 гектар замин навъи помидори «Ложейн»-ро парвариш мекунанд. Ин навъ помидор серҳосил, самаранок ва экспортбоб буда, дар ҳолати хушк кардан аз он хокаи помидори хуб ҳосил мегардад.
Ҳоло барои босифат нигоҳ доштани маҳсулот дар коргоҳ яхдони 500-тоннагӣ кор карда истодааст. Корхона соли ҷорӣ зиёда аз 2500 тонна маҳсулоти помидор парвариш карда, дар асоси коркарди саноат ба давлатҳои хориҷӣ экспорт карданро ба нақша гирифтааст.
Ба ҷойи маълумот ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки то ҳол дар миқёси вилоят 1000 тонна маҳсулоти помидор ба 601 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.

Хизмати ахбори
Садорати боҷхонаи вилоят.