Дар «Деҳаи туризм»

Дар «Деҳаи туризм»

  • Post category:Ҷамъият

меҳмонхонаи аввалин кушода шуд
Дар доираи ташкили деҳаи намунавии сайёҳии ноҳияи Самарқанд дар маҳаллаи Конигил меҳмонхонаи аввалин бо номи «Konigil guest house» кушода шуд.
Дар меҳмонхона чаҳор хона мавҷуд буда, барои 10 нафар пешбинӣ шудааст. Барои хизматрасонии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Меҳмононе, ки ба ин ҷо ташриф меоранд, на танҳо таомҳои миллии Ӯзбекистонро танаввул мекунанд, балки дар ҷараёни тайёрнамоии он низ бевосита иштирок мекунанд.
Инчунин, аз ҷониби департаментамон дар ин ҳудуд аз рӯйи ҷорӣ кардани даҳ меҳмонхонаи дигар, устохонаҳои ҳунармандӣ, хонаҳои миллӣ, нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо корҳои зиёд амалӣ мегардад.

Хизмати матбуоти Департаменти ривоҷи сайёҳии вилояти Самарқанд.