Тамошои телевизор  зарарнок аст!

Тамошои телевизор зарарнок аст!

  • Post category:Саломатӣ

Табибони ҷопонӣ муайян намудаанд, ки тамошои ҳаррӯзаи телевизор хатари марг­ро зиёд мекунад. Тадқиқоти мазкур дар маҷаллаи «Cir­culation» нашр гардидааст.
Солҳои 1988-1990 табибони ҷопонӣ миёни 86024 нафари синну солашон аз 40 то 79 пурсиш гузарониданд. Мақсад ин буд, ки онҳо дар як рӯз чӣ қадар вақт телевизор тамошо мекунанд. Тӯли 19 соли оянда 59 нафар аз пурсидашудагон дар натиҷаи тромбоэмболия вафот карданд.
Муҳаққиқон муайян карданд, ки дар муқоиса ба онҳое, ки дар як рӯз камтар аз 2,5 соат телевизор тамошо мекардаанд, шахсони фавтида назди «Оинаи нилгун» вақти худро бештар сарф мекардаанд.
Олимон нишон доданд, ки хатари фавт бо сабаби тромбоэмболия барои касоне, ки ҳар рӯз аз 2,5 то 4,9 соат телевизор тамошо мекунанд, 70 фоиз ва барои шахсоне, ки аз 2 то 2,5 соат ё аз ин камтар телевизор тамошо мекунанд, то 40 дарсад меафзояд.
Табибон пешниҳод мекунанд, ки тамошои телевизорро бо гузарондани машқи сабуки ҷисмонӣ, ҳамчунин нӯшидани об (дар сурати вазни зиёдатӣ доштан) омезиш диҳанд.