Занон чаро аз мардон тезтар пир мешаванд?

Занон чаро аз мардон тезтар пир мешаванд?

  • Post category:Саломатӣ

Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷия муайян карданд, ки занон бинобар рӯҳафтодагӣ аз норасоии маблағ тезтар пир мешаванд. Таҳқиқот дар ин мавзӯъ дар Sciencealert ба табъ расидааст. Мутахассисон нишондиҳандаҳои 100 афроамерикобонуҳои синни миёнаро бо усули омӯзиши ДНК – маркерҳои онҳо таҳлил карданд. Дар натиҷа, ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии пиршавии бемаҳал мушкилоти молиявӣ мебошад, ки занҳо бо он дар тӯли ҳаёташон бармехӯранд.
Онҳо нисбат ба ҳамсолони худ 5-6 сол калонсол менамоянд.
Чанде пеш олимони канадагӣ муайян карданд, ки сирри дарозии ҷавонӣ дар варзиш аст. Тибқи маълумоти онҳо, пиршавии мушакҳои одамони миёнсол, ки аз ҷавонӣ ба варзиш машғул шудаанд, суст ҷараён мегирад. Агар ба он истеъмоли равғани моҳӣ низ илова шавад, пас таъсир назаррас хоҳад буд, боварӣ доранд олимон.