Тавсияҳо оид ба истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ

Тавсияҳо оид ба истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ

  • Post category:Саломатӣ

Нафароне, ки бе ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд, хатари гирифтории онҳо ба бемории COVID‑19 меафзояд ва манбаъи сироят ба шахсони дигар шуда метавонанд.
Истифодаи ниқоб яке аз роҳҳои асосии ҳифзи худ ва атрофиён аз сирояти коронавирус мебошад.
Истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ аз 1,5 то 2 метр, пайваста шустани дастон, бе зарурат ба кӯча набаромадан ва хонанишинӣ метавонад шумо ва наздиконатонро аз коронавирус ҳимоя кунад.
Барои ҳимоя аз коронавирус ниқобҳои тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард?
• Пеш аз пӯшидани ниқоб дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Даҳону бинии худро бо ниқоб пӯшонед ва бовар ҳосил кунед, ки байни пӯсти рӯйи шумо ва ниқоб фосилае нест.
• Дар вақти истифодаи ниқоби тиббӣ ба он даст нарасонед. Агар ба қисми пеши ниқоб расида бошед, дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Ба даҳону бинӣ ва чашмони худ даст нарасонед.
• Агар ниқоб тар ё ифлос шуда бошад, он бояд зуд бо ниқоби нав иваз карда шавад. Ниқобҳои яккарата набояд дубора истифода шаванд.
• Баъд аз истифода ниқобро аз тарафи пушт (бе расидан ба қисми пеши он) бикашед. Фавран онро ба сатили партови сарпӯшдор партоед. Сипас, дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.
• Дар вақти баромадан аз хона бо худ захираи ниқобҳои тиббиро бигиред. Барои ҷамъоварии ниқобҳои истифодакардаи худ як халтача ҳам дошта бошед. Захираи ниқобҳоро барои аҳли оилаи худ низ таъмин кунед.
• Ниқобҳои бисёркарата пас аз истифода бояд дар оби хлордор тар карда шаванд. Сипас, онҳоро бо собун шуста, пеш аз дубора пӯшидан бояд дарзмол кард.
• Ниқоб ва дастпокҳои яккаратаро баъд аз истифода танҳо ба сатили партови сарпӯшдор партоед.
Дар ёд дошта бошед: танҳо истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ ҳамзамон бо риояи дигар тадбирҳои пешгирии сироят – шустани дастон, карантин ва дар зарурат хонашинӣ ба шумо барои ҳимояи худ ва наздиконатон аз коронавирус кӯмак мерасонад.