Айёми пурбаракати донишманди забони араб

Айёми пурбаракати донишманди забони араб

  • Post category:Маориф

Устоди сухандону сухансанҷи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, олими варзида, ҳоҷӣ Саидҷамол Мирҷаъфаров аз зумраи саромадони маъруфи арабшинос буда, хидмати ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас ва таълифи асарҳои илмиву тадқиқотӣ назаррас аст. Гарчи синни мубораки ин пири барнодилу покдил, хушгуфтору хушрафтор ба 80 наздик аст, аммо ҳамон бо ҷустуҷӯҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ машғул аст.
Баъд аз он, ки соли 1922 инқилоби Эрон шикаст хӯрду диктатураи Ризошоҳи Паҳлавӣ ҳукмрон шуд, иштирокдорони он аз таъқибу шиканҷа ҳаросида, аз кишвари худ фирор карданд. Як гурӯҳи муҳоҷирон ба Самарқанд омаданд ва дар байни онҳо падари Саидҷамол – Мирҷаъфар ҳам буд. Ӯ дар шифохонаи бемориҳои сил посбон таъин гардид. Бо Муаттара Аббосова хонадор шуд. Худованд ба онҳо 5 фарзанд дод, ки Саидҷамол яке аз онҳо буд.
Саидҷамол баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 13-и шаҳри Самарқанд ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуд. Онро бо дипломи имтиёзнок хатм кард. Устодон хоҳиш намуданд, ки дар донишгоҳ бо кори илмӣ машғул гардад, вале меҳри аҳли оила ӯро ба Самарқанд овард. Ӯ дар кафедраи навбунёди забон ва адабиёти Шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчун омӯзгори забони арабӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1967 Саидҷамол пас аз каме таҳсил ҳамчун тарҷумони забони арабӣ ба Ироқ фиристода шуд. Хизмати покдилонаи ӯро ба назар гирифта, ба давлати Сурия роҳхат доданд. Ӯ барои фаъолияти босамар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои сафоратхонаҳои собиқ иттифоқ дар Бағдод, Қоҳира ва Димишқ мукофотонида шудааст.
Хирад аст он, к-аз ӯ расад ёрӣ,
Ҳама дорӣ, агар хирад дорӣ.

Баъди адои хидмат дар хориҷа аз рӯйи васияти падари бузургвори худ ба Эрон рафта, дар деҳаи Кучони вилояти Машҳад хешу пайвандони падарашро ёфт. Баъди сафар бо як мушт хок аз зодгоҳи падар ба Самарқанд баргашт ва онро болои қабри падар пош дод.
Саидҷамол 3 маротиба ҳамчун тарҷумони муфтии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Маккаву Мадинаро зиёрат карда, оятҳо аз Қуръони Карим тиловат намуд ва ба рӯҳи поки падари бузургвори худ бахшид. Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки як шаб қиблагоҳаш ба хобаш даромада, бо чеҳраи хандон ва табъи болида арзи сипос намуд.
Устод ҳоҷӣ Саидҷамоли Мирҷаъфар аз соли 1980 ин ҷониб дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар вазифаи муаллими калон кор мекунад. Ӯ баробари ба донишҷӯён омӯзондани забони арабӣ хушнависиро низ ёд медиҳад. Ҳамзамон доир ба забон ва адабиёти араб тадқиқоти илмӣ мебарад. Аз ҷумла, мақолаҳои «Саҳми Аҳмад ал-­Майдо дар инкишофи грамматикаи забони арабӣ», «Мактабҳои хаттотии Осиёи Марказӣ ва мақоми он дар инкишофи илму фан» ва ғайра дорои аҳамияти илмианд. Ӯ инчунин, муаллифи дастуруламали таълимии «Омӯзиши забони арабӣ» мебошад, ки аз ду қисм иборат буда, чандин бор нашр шудааст.
Воқеан, фарзанду набераҳои ӯ аз кӯдакӣ маърифатдӯстанд. Ӯ бо ҳамсари ғамхори худ Ҳоҷияхола Мартаба Юсуфова ягона духтари худ Гулзораро таълиму тарбияи хуб доданд. Ӯ ҳоло ҳуқуқшинос аст. Набераашон Фарангис санъаткор мебошад ва ғолиби озмунҳои байналхалқӣ буда, консерваторияи Тошканд­ро хатм кардааст ва ҳоло дар Санкт-­Петербург солисткаи театри опера ва балет мебошад. Мадинабону бошад ба адабиёт, инчунин варзиш дил бастааст. Вай чемпиони Осиё аз намуди гимнастикаи бадеӣ буда, факултаи маданияти ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Имрӯз ба насли наврас асрори гимнастикаи бадеиро меомӯзад ва довари байналхалқӣ ба шумор меравад.Ҷасурбек дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд таҳсил гирифта, ният дорад чун амакаш Азамат Шамсиев ҷарроҳи моҳиру номдор шавад. Домодаш Зафарҷон ҳуқуқшинос буда, бо корҳои ҷамъиятӣ машғул аст.
Шогирдони устод на танҳо дар мамлакат, балки берун аз кишвар низ дар сафоратхонаҳои ҷаҳон адои вазифа доранд. Аз ҷумла, профессор Юсуф Абдуллоев сафири нахус­тини Ӯзбекистон дар Россия буд. Профессор Жӯллибой Элтазаров проректори Донишгоҳи туризми байналхалқии «Роҳи абрешим» мебошад. Имрӯз профессор Ҷумъа Ҳамроев, докторҳои фан Собирҷон Тоҳиров, Шавкат Маҳмадмуродов, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Эркин Мусулмонов дар рушди соҳаи таълими Дошишгоҳи давлатии Самарқанд саҳмгузоранд.
Устод Саидҷамоли Мирҷаъфар бо идораҳои рӯзномаҳои «Зарафшон», «Овози Самарқанд», шӯъбаи дастнависҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва дигар марказҳои илмӣ робитаи наздик дошта, барои мутолиаи матн­ҳои арабӣ ва тарҷумаи он саҳми арзанда мегузорад. Маҳз бо ташаббуси ӯ зиёратгоҳи Муродавлиё, ки дар қисми шимоли Самарқанд ҷойгир аст, таъмиру эҳё гардид. Ӯ марди ҳақгӯй, росткор ва далеру ҳимматбаланд, инчунин пуркору пуртараддуд, забондону ҷаҳонгашта аст. Чеҳраи кушод ва сӯҳбати ширин дорад. Имрӯз ӯ айёми пурбаракати умрро ба ёд оварда мегӯяд:
– Ба Ӯзбекистони офтобрӯяи мо чашм нарасад. Сарвари давлатамон марди далер, навовар, башардӯст ва маърифатпарвари замон мебошад. Парвардигор дар паноҳи худ нигоҳ дорад.
Устоди пуртаҷрибаи забони арабӣ Саид­ҷамол Мирҷаъфаров 18-уми июн ҷашни зодрӯз дорад. Ба ин муносибат устодро самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон умри дарозу сиҳатмандии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Ин лаҳза мисраъҳои устод Рӯдакӣ ба ёд меоянд, ки фармуда:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо, мардумӣ ту ё дарё?!

Абдуваҳоб ВОҲИДОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Фозил ШУКУРЗОДА
.