Хонандаи мактаб донишҷӯи Оксфорд  гардид

Хонандаи мактаб донишҷӯи Оксфорд гардид

  • Post category:Маориф

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд хонандагони боистедод мактабҳои таълими умумии шаҳр мукофотонида шуданд.
Дар тадбир, ки тавассути иловаи ZOOM доир гардид, ҳокими шаҳри Самарқанд Б. Облоқулов хатмкунандагонро табрик кард.
Сарвари шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд Н. Садинова таъкид кард, ки ҳоло дар тасарруфи шӯъбаи таълими халқи шаҳр 79 мактаби таълими умумӣ, якто мактаби бачагонаи «Авлоди баркамол» ва мактаби ба фанҳои аниқ ва табиӣ ихтисосонидашудаи назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият доранд.
Дар соли хониши 2019-2020 синфи нӯҳуми мактабҳои таълими умумии шаҳрро 6285 нафар, синфи ёздаҳумро 6248 нафар донишомӯз хатм карданд. 260 нафар хатмкунандагони синфи нӯҳуми мактабҳо шаҳодатномаи аъло, 20 нафар хатмкунандагони синфи ёздаҳум медали нуқра ва 92 нафар медали тилло гирифтанд.
Инчунин, 10 нафар писар-­духтароне, ки дар самтҳои гуногун комёбиҳои назаррасро ба даст овардаанд, дар асоси имтиёз, бевосита донишҷӯи муассисаҳои таълими олӣ гардиданд.
Аз ҷумла, хонандаи мактаби таълими умумии рақами 17-и шаҳри Самарқанд Ансор Раҳмонов барои дохил шудан ба як қатор донишгоҳҳои байналхалқӣ имтиҳонҳои онлайнро бомуваффақият супупрда, имконияти донишҷӯи самти иқтисодиёти Донишгоҳи Оксфорди Англияро соҳиб гардид.
Инчунин, хонандаи синфи XI мактаби ба забони англисӣ ихтисосонидашудаи рақами 37-и шаҳр Ҷаҳонгир Абдуфаттоев донишҷӯи Донишкадаи политехникии Турини Тошканд, хатмкунандаи мактаби таълими умумии рақами 45-и шаҳр Марҷона Самадова дар асоси имтиёзи Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон талабаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд гардиданд.


Тадбири ба хатмкунандагон супурдани медалҳо ва шаҳодатномаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ доир гардид. Аз ҷумла, ба хонандагони аълохони 128 мактаби ҳамагонии ноҳияи Пастдарғам низ тӯҳфаҳо супурда шуданд. Бояд гуфт, ки дар 2 мактаби ноҳия синфҳои тоҷикӣ амал мекунанд.
Яке аз онҳо мактаби таълими умумии рақами 19 буда, имсол синфи тоҷикиро 16 нафар донишомӯзон хатм карданд. Аз байни онҳо 3 нафар хонанда бо медали тилло сарфароз гардиданд.

Хизмати матбуоти
Садорати таълими халқи вилоят.