Фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ чӣ хел аст?

Фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ чӣ хел аст?

  • Post category:Сиёсат

Дирӯз ҷамъомади умумии панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ҷамъомади умумиро, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс гузаронида шуд, раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Танзила Норбоева сарварӣ кард.
Дар рафти ҷамъомади умумӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла як қатор қонунҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Инчунин, ҳисоботи ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов оид ба рушди ҳудудҳо ва фаъолияти Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ шунида шуд.
Зикр гашт, ки дар доираи иҷрои супоришҳое, ки Сарвари давлат ҳангоми ташриф ба вилоят ба мутасаддиён супурдаанд, беш аз 450-то лоиҳа тасдиқ гардида, иҷрои онҳо таъмин карда мешаванд. Дар ин замина соли 2019 ба ҷойи 40 ҳазор ҷойи корӣ, 45 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд ва ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳудудӣ 37 триллиону 594 миллион сӯмро ташкил кард.
Аён аст, ки Самарқанд яке аз марказҳои сайёҳии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар натиҷаи корҳое, ки дар ин самт иҷро гардиданд, соли 2019 адади умумии сайёҳони хориҷӣ ба вилоят ба беш аз 560 ҳазор нафар расида, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 ба 1.6 баробар зиёд аст.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят, ки рӯзи 22-юми майи соли 2020 доир гардид, аз рӯйи камбудиҳои қайдгардида ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷро шунида шуд ва доир ба бартараф кардани онҳо «Харитаи роҳ»-ро тасдиқ карда, бо мақсади чун «Шӯрои намунавӣ» ба роҳ мондани фаъолияти Шӯро нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид. Барои назорати иҷрои онҳо назорати сенаторӣ ба роҳ монда шуд.
Бо ҳамин ҷамъомади панҷуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.