Кирмакпарварони самарқандӣ

Кирмакпарварони самарқандӣ

  • Post category:Иқтисод
нақшаи шартномавиро барзиёд иҷро карданд

Кирмакпарварони вилоят новобаста аз серборишии фасли баҳор ва ҳавои тағйирёбанда 49 350 қутти кирми пилларо ба хоҷагиҳои фермерӣ ва касаначиён тақсим намуда, қариб 50 ҳазор аҳолиро бо кори мавсимӣ таъмин карданд.
– Ҳамаи корҳои агротехникӣ дар асоси риояи қатъӣ ба қоидаҳои карантин иҷро карда шуданд, – мегӯяд роҳбари Ҷамъияти маҳдудмасъулияти ҳудудии «Агропилла»-и вилоят Ёдгор Ҷӯраев. – Кирмакпарварон ба ҷойи 2 714 тонна 2721 тона пилла супурда, нақшаи шартномавиро 100,3 фоиз иҷро карданд. Барои барзиёд иҷро кардани нақша кирмакпарварони ноҳияҳои Пастдарғам, Каттақўрғон, Нарпай, Оқдарё, Пахтачӣ, Иштихон ва Пайариқ саҳми арзанда гузоштанд.