Кай нуфузи омӯзгор баланд мешавад?

Кай нуфузи омӯзгор баланд мешавад?

  • Post category:Маориф

– Дар бораи баланд бардоштани обрӯи омӯзгор дар ҷомеъа хеле боз ҳарф мезананд, аммо инҳо фақат гапанду халос, – мегӯяд Константин Зискин, мудири маркази рушди таълими ДДМ ба номи М. Ломоносов.
Дар аввалҳои асри ХХ ба ҷои мактабҳо гимназияҳо вуҷуд дош­танд. Муаллими гимназия ҳатман бояд хатмкардаи донишгоҳ мешуд. Соли 1913 дар тамоми Москав наз­дики 25 гимназия буд. Дар онҳо на чун мактабҳои ҳозира ҳазор хонанда дарс мехонд, балки онҳо барои дарсхонии сад ё саду панҷоҳ нафар пешбинӣ шуда буду халос. Яъне барои гирифтани маълумоти миёна одами кам ҷалб мешуд. Муаллимон бошанд шахсони бонуфуз ва обрӯманд ба ҳисоб мерафтанд. Дар аксар ҳол саводнокии муаллимон нисбат ба волидайни хонанда, ки аксари онҳо ба синфи коргар тааллуқ дош­танд, бисёр фарқи калон дошт. Ёд дорам, ки дар охирҳои солҳои 60 – ум ва оғози солҳои 70 – уми асри гузашта хатмкунандагони Донишгоҳ ифтихорона нишони ромбмонандро мекарданд. Одами дорои маълумоти олӣ хеле кам буд. Аз ин рӯ эътибор ва иззат нисбат ба омӯзгорони мактаб низ дигар буд.
Масалан, солҳои 70 – ум аксарияти волидайн соҳиби маълумоти олӣ гаштанд ва дараҷаи дониши эшон, агар рӯи рост гӯем аз муаллимони мактаб ҳам баланд шуд. Баъд дар ҷомеа низ омӯзгорон зиёд шуданд ва ҳурмат ва нуфузи омӯзгор хеле поён рафт. Имрӯз чӣ бояд кард? Ақаллан тарзи тайёр кардани педагогҳоро дар донишгоҳ тағйир додан даркор, то онҳо зери танқиду таъна қарор нагиранд.
Имрӯз дар Донишгоҳҳои омӯзгорӣ программаи асосӣ ин методикаи омӯзиши фанҳост. Дар ин бора китобҳо низ хеле зиёданд. Яъне дар ҳамаи онҳо гап дар бораи фанҳо меравад, на дар бораи инсон. Гарчанде, ки фаъолияти асосии омӯзгор робита кардан аст. Ба вай зарур аст, ки муомила бо кӯдак, волидайн ва ҳамкоронро ба роҳ монда тавонад. Ана ҳаминро ба муаллимони оянда омӯзондан даркор, то мардум онҳоро ба ин васила ҳурмат кунанд.
Солҳои 70-ум, вақте ки маоши омӯзгоронро баланд бардоштанд, ба мактабҳо бисёр мутахасисони қобилиатнок ба кор омаданд. Лек баъди кам гаштани маоши омӯзгор, аксарият мактабро тарк карда рафтанд. Алҳол маоши омӯзгорони Москав на он қадар бад аст ва дар мактабҳо низ ҷавонони лаёқатманд дарс мегӯянд. Фақат маоши арзанда ва тайёрии босифати касбӣ кифоя аст.
Лек ҳозир гапҳои дар бораи баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа пеш аз пода чанг бардоштанро мемонад. Бояд роҳе ёфта мансабдорон ва депутатҳоро бовар кунондан даркор, ки зарурати берун аз нақша сармоя ҷудо намуданро дарк намоянд.

Тарҷимаи
Озод ҲОДИЗОДА.