Дар бораи даъвати сессияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

Дар бораи даъвати сессияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

  • Post category:Сиёсат

Дар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат»
ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Сессияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум 26-уми июни соли 2020, дар соати 10:00 даъват карда шавад.

2.Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
Дар бораи чораҳои таъмини барқарории буҷет ва ташаккулу зиёд кардани манбаъҳои иловагии даромад дар даври пандемия;
Дар бораи корҳое, ки роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷет, истифодаи имтиёзҳои андоз ба субъектҳои тадбиркорӣ дар даври пандемия ва дастгирии тадбиркорӣ амалӣ мегарданд;
Дар бораи корҳое, ки соли 2020 дар вилоят барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини иҷрои Барномаи шуғл амалӣ карда мешаванд;
Дар бораи ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатӣ дар ноҳияи Пойариқ ва шаҳри Каттақӯрғон;
Дар бораи бозпас гузоштани муддат ё ки қисм-қисм пардохтани андози молу мулк, замин ва истифода аз захираҳои об;
Дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
Дар бораи дохил кардани тағйирот ба сох­ти дастгоҳ(аппарат)-и идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд;
Масъалаҳои дигар.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
22-юми июни соли 2020
Қ-93