Дар бозор фоидаву зарар паҳлӯи ҳам мегарданд

Дар бозор фоидаву зарар паҳлӯи ҳам мегарданд

  • Post category:Ҷамъият
«Бозори нав» – дар ҷойи нав

Бозорҳои пуру фаровон ба чашмҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад. Дар фасли тобис­тон, ки меваю сабзавот пухта мерасад, бозорҳои мо фаровонтар мегарданд. Дар давраи карантин ҳам Президенти мамлакатамон барои пурнозу неъматшавии дастархони аҳолии мамлакат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ба туфайли ҳамин гуна ғамхорӣ ва чорабиниҳои дигар бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи хоҷагии қишлоқ торафт пурфайзтар мегарданд.
Дар Самарқанд бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти деҳқонӣ «Янги бозор» – «Бозори нав» аст. Ҳарчанд, ки мардум чунин гӯянд, ки он тобеи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сиёб деҳқон бозори» («Бозори деҳқонии Сиёб») мебошад. Бозори навро ҳоло ба ҷойи дигар кӯчондаанд. Ба ин бозор бо мошинҳои боркашон қариб, ки аз тамоми вилоятҳои мамлакат бору маҳсулот оварда мешавад ва онҳо аз ин ҷо ба дигар бозору бозорчаҳо ва дӯкону нуқтаҳои савдо тақсим мешаванд.

Нони Самарқандро мехӯрем

Мардони бисёри маҳаллаи Арабхонаи шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё ба касби ронандагӣ машғуланд. Онҳо асосан маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мекашонанд. Мо бо яке аз онҳо – Мавқеъ Ашӯров дар бозор вохӯрдем, ки саҳарӣ тарбуз овардааст. Ӯ 50-сола буда, соҳиби 2 фарзанд ва 5 нафар набера мебошад.
– Акаи Мавқеъ ба Самарқанд нағз омадед? Аз маҳаллаатон то ин ҷо чӣ қадар масофа аст?
– Маҳаллаи мо аз Самарқанд 100 километр дур аст. Ман асосан аз Қашқадарё ба ин ҷо бор меорем.
– Роҳҳо чӣ хел? Ходимони корҳои дохилӣ боздошта, зиқ намекунанд?
– Роҳҳо нағз. Кормандони корҳои дохилӣ кордор намешаванд. Онҳо мебинанд, ки мо бор меорем, гап намезананд. Ман даҳ сол боз бо боркашонӣ машғулам. Ба бозори пештара ҳам бисёр бор меовардам. Мо дар ин ҷо асосан ду рӯз мемонем. Шабона даруни мошин мехобем. Ҳама ҷо тинҷ. Хотирҷамъ шабро мегузаронем.

– Мошини «ЗИЛ» – мошини шахсии худатон будааст. Нав не. Баъзан дар роҳ вайрон шуда монданаш ҳам мумкин?
– Ҳа. Аз рӯйи ҳамраъйии касбӣ дигар ронандаҳо истода, ёрдам мекунанд. Қисми эҳтиётии барзиёд дошта бошанд, медиҳанд.
– Барои омаду рафт душворӣ намекашед?
– Кори мо ҳамин. Аз рӯйи мавсими пухтарасии сабзавоту меваҳо байни Қаршиву Самарқанд равуо мекунем. Баъзан ба Нишон ё Ҷиззах ҳам бор мебарем. Шукр, ки ин хел бозор будааст. Хулоса, мо нони Самарқандро мехӯрем.
карантин тамом шавад, ба додарам арӯс овардан лозим
Баъзе тадбиркорон худашон ба ҷойҳои дигар рафта, ба ин ҷо маҳсулот меоранд ва яклухт мефурӯшанд. Ба ин гуна кор сокини маҳаллаи Ҷӯйисойи ноҳияи Самарқанд Ҷаҳонгир Маҳмадраҳимов низ машғул аст.
– Ҳозир мо ин тарбузро аз Кӯкдалаи Қашқадарё овардем. Дар он ҷо, шукри Худо, ки имсол ҳосили полезкорон нағз шудааст. Худамон бо онҳо гапзанон карда, бор карда овардем. Аз он ҷо ҳар як тарбузро 6-ҳазорсӯмӣ гирифтем. Дар ин ҷо 6,5-ҳазорӣ фурӯхта истодаем. Ин саҳарӣ 8 тонна тарбуз овардем. Се нафар шарикӣ кор мекунем. Ҳар рӯзи кориамон 50-100-ҳазорсӯмӣ меафтад. Ин албатта, кам аст. Вале аз дар хона нишастан дида, ин кор беҳтар аст.
Ба ронанда 500 ҳазор сӯм медиҳем. Аз рӯйи шартнома ӯ ду рӯз бо мо мемонад. Чою хӯрокаш ҳам ба гардани мо. Тезтар карантини коронавирус тамом шавад, додарамро хонадор мекунем.

Аз пайи ризқу рӯзӣ

Дар бозор ҳангоми савдои картошка бо Келдиёр Айниев шинос шудем. Вай аз маҳаллаи Гулис­тони ноҳияи Пайариқ будааст. Аз ин ҷо бор харида, ба ноҳияаш мебарад ва ҳамроҳи ҳамсараш дар он ҷо мефурӯшад.
– Баъди каме сабук кардани талаботи қоидаҳои карантин бо мошини «Дамас»-и худ як ҳафта боз ба ин кор машғул аст. Аз ин ҷо ба Пойариқ пиёз, картошка харида мебарам. Ба ҳар килояш 100-200-сӯмӣ монда, дар он ҷо мефурӯшем. Ҳамеша фоида не, баъзан зарар ҳам мекунем. Аз байнаш пӯсидаҳояш ё хок ҳам мебарояд. Майдааш ба фурӯш нарафта мемонад. Зиндагӣ-­дия, аз пайи ризқу рӯзиамон надавем, намешавад. Ба харидорон ҳам нағз. Саҳл қиматтар бошад, ки пул хароҷот карда, ба бозор омада нашишта, маҳсулоти тару тозаро аз пеши хонаашон мехаранд.

Бозоршинӣ – фақат барои рӯзгузаронӣ

Сокини маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанд, тадбиркори тартиби якка Набӣ Нуруллоев:
– Ман пештар устогӣ мекардам. Рангуборчӣ будам. Бо тақозои зиндагӣ ҳамчун тадбиркори тартиби якка дар ин ҷо бозоршинӣ мекунам.
Асосан вақтҳои бекорӣ ба бозор мебароям. Қариб 27 сол боз бо ҳамин кор машғулам. Асосан, картошка, сабзӣ, пиёз мефурӯшам. Аз пушти ҳамин кор зиндагиамонро пеш мебарем. Ба болои бори харидаамон 100-150 сӯм мемонам. Албатта, аз даруни бори харидаамон картошкаву сабзии пӯсида, майда ва хасу хок ҳам мебарояд. Яъне ба мо 100-сӯмӣ мемонад. Ба болои бори харидаамон даҳ фоиз монем, ин насибаи ҳалоли мо мешавад. Дар рисолати тиҷоратӣ ҳам ҳамин хел гуфта шудааст. Аз тарозу задан ё ҳаққи харидорро кам додан барин хиёнаткорӣ нест. Дар бозор зарар ҳам мебинем. Ин асосан он вақтҳое, ки нарх бозӣ кунад, рӯй медиҳад. Масалан, картошкаро қимат мегирему якбора нарх арзон мешавад ва ё мепӯсад. Мо 500-600-килогӣ бор мегирем. Ҳозир ҳама борҳои нав, онҳо дер намеистанд. Зуд вайрон шуданаш мумкин аст.
Азиз ном ҷавонмарде, ки фамилия ва аз куҷо будани худро нагуфт, андешаҳои худро дар бораи фоидаву зарари кори худ чунин изҳор кард.
– Ҳама гумон мекунад, ки бозорчиҳо бой, доимо фоида мекунанд. Вале дар асл ин хел нест. Зарараш ҳам як олам. Умуман, фоидаву зарар паҳлӯи якдигар мегарданд. Баъзан аз 1-2 миллион сар карда, то 10 миллион сӯм зарар ҳам мешавад. Аз як чиз зарар бинем, фоидаи чизи дигар болои онро мепӯшонад. Ҳозир барои рӯзгор ҳама чиз мерасад. Лекин барои амалӣ гардондани обу орзу бо бозоршиносӣ кор буд намешавад. Бозор фақат барои рӯзгузаронӣ аст. Барои рӯйи об шудани орзую ҳавас одам бояд ба шаҳрҳои дигар равад.

Бозоршинӣ – осон не

Бо зане, ки дар болои савдои сабзӣ талош мекард, сӯҳбат кардан хостем. Вале вай худро шинос кардан нахоста гуфт, ки мисоли ӯ дар бозор бис­ёранд ва илова намуд:
– Бозоршинии ман аз рӯйи орзую ҳавас не. Зиндагӣ маҷбур мекунад. Шавҳарам барвақт аз олам гузаштанду хӯрондану пӯшондани се бача ба гарданам афтод. Ягон кори дурусте наёфта, маҷбур ба бозор баромадам. Охир зиндагӣ кардан даркор-­ку! Аз ин бозор як чиз – ним чиз харида, ба бозорҳои Сиёб, Сартеппа ва ё микрорайон бурда мефурӯшам. Аз ҳисоби ҳамин хариду фурӯш як сӯм – ним сӯм мемонаду рӯзгор мегузаронам. Аксарият гумон мекунанд, ки ба бозорчиҳо осон. Арзон харида, қимат мефурӯшанду аз худи деҳқонон бештар фоида мебинанд? Дар асл ин хел не. Рӯзи дароз дар бозор шишта савдо кардан душвор. Як хӯрокатонро дар вақташ хӯрда наметавонед, асабонӣ мешавед, ҳангоми савдо дар ҳавои гарми зери офтоб ё зимистон дар таги барфу борон одам садҳо касалиҳоро ба худ харида мегирад. Баъзе бозорчиҳо дарди по ё радикулит шудаанд. Худам ҳоло ба 50 надаромадиаму аллакай фишори хунам баланд, баъзан бозӣ мекунад. Дигар чӣ илоҷ? Шукр мекунам, ки хайрият ҳамин бозор будаасту мо баринҳо соҳиби як бурда нон мешаванд. Сол то сол қувваю ғайрати пештара намонда истодааст. Тезтар бачаҳо калон шуда, коргару пулёб мешуданд, аз ин кор даст мекашидам.

Президентамон барака ёбанд

Бозори нав 3,6 гектар майдонро дар бар мегирад. Табиист, ки дар ҷойи нав ҳамааш якбора хуб намешавад. Ҳоло гирду атрофи бозор бо панҷарадевор иҳота шуда бошад, ки роҳравҳо, ҷойи фурӯши маҳсулот азнавсозиҳоро талаб мекунад. Тозагӣ ҳам мувофиқи талабот нест. Истгоҳи пулакии мошинҳо пурчангу хок мебошад. Оиди фаъолияти ин маркази савдо мо бо нозири бозор Садрӣ Исомов сӯҳбат оростем.
– Акаи Садрӣ, бигӯед, ки дар ҷойи нав корҳо чӣ хел пеш мераванд?
– Дар ин бозори нав корро ба қарибӣ сар кардем. Дар бозор се нафар нозир ҳастанд.
– Бозор калон, осмонаш васеъ. Савдо нағз. Аз ҳар куҷо бор омада истодааст. Халқ харида мераванд.
– Фақат роҳравҳои асосӣ мумфаршу дигар ҷойҳо сангу хок…
– Кори дунё бе камбудӣ нест. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф мекунем.
– Ба ин бозор аз куҷоҳо бор меоранд?
– Аз Намангон харбуза, аз Ҷиззах тарбуз омада истодааст. Аз Қаршӣ ҳар хел бор меояд. Қаланфури булғорӣ аз Сурхондарё, зардолу аз Бухоро, помидор, бодринг аз Навоӣ омада истодааст.
– Ба бозор борҳо бо мошин медароянд. Онҳо чандпулӣ чек мегиранд? Мабодо соҳибони бор дар як рӯз борашонро фурӯхта натавонанд…
– Барои як мошин бор 17 ҳазор сӯм месупоранд. Агар ба дигар рӯз монанд, боз чек мегиранд. Ҳозир асосан дар ду рӯз борашонро тамом карда мераванд. Бо «КАМАЗ»-ҳо бошанд, дар се рӯз борашонро фурӯхта тамом мекунанд. Дар бозор дуздӣ гуфтани гап нест. Нозири участка ва ходимон шабу рӯз назорат мебаранд. Шароити шабона ҳам ганда не. Бозор чароғон, ҳоҷатхонаҳо кор мекунанд. Ҳозир, ки ҳаво гарм, баъзеҳо дар даруни мошин мехобанд. Ба туфайли бозор бисёр одамони гирду атроф соҳиби ҷойи кор шуданд.
– Ҳар рӯз тахминан чӣ қадар бор ба бозор медарояд?
– Ҳар рӯз ҳар хел. 150-200 тонна ҳам медарояд. Ҳозир айни вақти пухтани меваю сабзавот. Барака ёбанд Президентамон барои халқ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтаанд. Дар давраи карантин ҳам роҳҳоро кушода мондаанд, ки бозорҳо фаровону дастархони халқ пурнозу неъмат шавад. Шукри Худо ки арзонӣ. Як кило помидор 2200сӯм, қаланфури булғорӣ 2 ҳазор сӯм, як дона тарбуз ба ҳаҷмаш нигоҳ карда, аз 5 то 10 ҳазор сӯм, сабзӣ ҳазор сӯм, пиёз 600 сӯм, олу 2 ҳазор сӯм, картошка 2-2,5 ҳазор сӯм. Дар бозор ҳама чиз фаровон, халқ аз ин миннатдор.

Бахтиёри ҶУМЪА.