Вазифаҳои асосии Шӯрои санҷиши шикоят аз чӣ иборат аст?

Вазифаҳои асосии Шӯрои санҷиши шикоят аз чӣ иборат аст?

  • Post category:Сиёсат

Бо мақсади такмил додани низоми ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, вусъат додани имкониятҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо, ҳамчунин куллан баланд бардоштани нақши идораи медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ бинобар мусоидати ҳаҷми корҳои суд қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани механизмҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо» имзо гардид.

Мувофиқи қарор аз 1-уми августи соли 2020 ба сифати таҷриба:

Шӯрои санҷиши шикоят бинобар танзими тосудии талошҳои байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатии назди Кумитаи давлатии боҷхона, Кумитаи давлатии оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатӣ, Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳокимияти вилоятҳои Намангон, Бухоро ва Тошканд ташкил карда мешавад.
Муроҷиатҳо дар бораи халалдор шудани ҳуқуқ ва озодиҳо, ҳамчунин манфиатҳои қонуни шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қонун ҳимоя карда мешаванд, дар натиҷаи амалҳои (қарорҳо)-и ғайриқонунӣ ё худ беамалии мақомоти давлатӣ ё мансабдорон аз тарафи Шӯрои санҷиши шикоят баррасӣ мегардад.
Тартиби мазкур ҳуқуқи муроҷиати ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро бинобар чунин парвандаҳо бевосита ба мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ бекор намекунад.
Бо қарор вазифаҳои асосии Шӯрои санҷиши шикоят муайян карда шуд.
Қабул кардани чораҳо оид ба ҳаллу фасли талошҳое, ки дар байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ ба миён меоянд, аз тариқи баррасии тосудӣ ва қабул намудани хулосаҳо яке аз вазифаҳои Шӯрои санҷиши шикоят мебошад.  Ҳайати Шӯрои санҷиши шикоят бо қарори роҳбари мақомоти дахлдори давлатӣ барои 2,5 сол тасдиқ карда мешавад.
Ҳайати Шӯрои санҷиши шикоят метавонад аз 7-11 нафар аъзо иборат бошад.
Шӯрои санҷиши шикоят бинобар масъалаи баррасишаванда хулоса мебарорад, ки ҷиҳати тавсиявӣ дорад.
Хулосае, ки аз ҷониби Шӯрои санҷиши шикоят бароварда шудааст, дар зарфи се рӯз ба роҳбари мақомоти давлатӣ барои муҳокима, ба ҷонибҳои манфиатдори дигар барои маълумот фиристода мешавад.
Роҳбари мақомоти давлатӣ ё худ ҷонишини ӯ, ки хулосаи Шӯрои санҷиши шикоятро қабул кардааст, метавонад онро дар шакли асосноки хаттӣ ба қайд гирад ё худ боз гардонад.
Дар ин маврид роҳбари мақомоти давлатӣ ё худ ҷонишини ӯ бояд дар муддати се рӯз дар шакли хаттӣ ё худ электронӣ Шӯрои санҷиши шикоят ва ҷонибҳоро дар бораи қабул шудани қарор огоҳ кунад.
Дар асоси қарор низом дар бораи Шӯрои санҷиши шикоят бинобар танзими тосудии талошҳои байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ тасдиқ гардид.
Таҳти тасарруфи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Маркази такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон Маркази медиатсияи Тошканд ташкил карда мешавад.
Аз 1-уми июли соли 2020, ҳамчун таҷриба, дар бинои марказҳои хизматҳои давлатии шаҳри Тошканд барои аз хидмати медиатор истифода бурдани шаҳрвандон хонаи алоҳида ҷудо карда мешавад.
Дар асоси натиҷаҳои мусбати таҷриба дар муҳлати то 1-уми апрели соли 2021 таҷрибаи мазкур дар биноҳои тамоми марказҳои хизматҳои давлатӣ татбиқ мегардад.