Писар фермер, модар – маслиҳатчӣ

Писар фермер, модар – маслиҳатчӣ

  • Post category:Иқтисод

Корҳои деҳқонӣ дар киштзорҳои хоҷагии фермерии «Мир болғали»-и тобеи Саройи муқобили мошину тракторҳои «Ғалаба» – и ноҳияи Нарпай дар авҷ мебошад. Ба хоҷагӣ Камолиддин Эргашев роҳбарӣ мекунад.
Соли гузашта деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар гектар майдон 45 сентнерӣ пахта ва аз ҳар гектар ғаллазор 70 сентнерӣ ғалла гирифтанд. Ба коргарон саривақтӣ ҳаққи кор супурда мешавад.
Модари К. Эргашев – Лола Эргашева 40 сол ин ҷониб деҳқонӣ мекунад. Ӯ дар ҳама кор маслиҳатчии писар мебошад. Соли ҷорӣ аз кирмакпарварӣ ҳам даромади хуб ба даст овард.

Т.НОРҚУЛОВ.