Истифодаи ниқоби тиббиро кай ёд мегирем?

Истифодаи ниқоби тиббиро кай ёд мегирем?

  • Post category:Саломатӣ

Дар шумораи 37-и рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо сарлавҳаи «Тавсияҳо оид ба истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ» мақола рӯйи чопро дид, ки дар он доир ба қоидаҳои истифодаи ниқобҳои тиббӣ маълумот дода шудааст. Инчунин, дар телевизион низ наворҳо дар бораи истифодаи ниқобҳо мунтазам пахш мегарданд. Бо вуҷуди ин, мо гувоҳи истифодаи нодурусти ниқобҳо мешавем.
Чанд рӯз пеш ба даромадгоҳи бозори машҳури шаҳри Самарқанд – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сиёб деҳқон бозори» наздик шуда, аз хоначаи махсуси дизенфексионӣ гузашта ҳайрон шудам. Тааҷҷубам аз он буд, як ҳафта пеш вақти ба бозор даромадан як нафар ходими хилъатпӯш бо ҳарорат санҷ табамро санҷида, баъд барои даромадан иҷозат дода буд. Дар назди вай боз як нафар рост меистод. Акнун, ҳарорати одамонро насанҷида, медароварданд. Баъзе одамони аз бозор баромадаистода на аз ҷойи баромад, балки аз ҷойи даромадгоҳ бемалол мебаромаданд. Шояд он ходими ҳароратсанҷ бо зарурат каноре рафта бошад. Агар чунин аст, каси дигар мебоист вазифаи вайро иҷро кунад. Камтар аз як соат маҳсулоти даркориро харид карда, берун баромадам. Вақте ба даромадгоҳи бозор назар кардам, касе ҳарорати одамонро намесанҷид. Дар бозор аксари фурӯшандаю харидорон ба қоидаҳои нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоби тиббӣ риоя намекунанд. Баъзе фурӯшандаҳо бе ниқоб кор мекунанд, ё ба ном мебанданд (даҳону биниро маҳкам накардаанд).
Баъзе одамони беэътибор ниқоби тиббии истифодашударо ба роҳрав, даруни ҷӯйҳо мепартоянд, ки амали ношоиста ба ҳисоб меравад.
Ҳоло шаҳри Самарқанд минтақаи «зард» маҳсуб меёбад. Хавфи такрори пайдошавии касалӣ мавҷуд. Сокинони шаҳр ва меҳмонон набояд дар масъалаи бастани ниқобҳо беэътибор бошанд. Муддати кӯтоҳ насанҷидани ҳарорати харидорон ва ба бозор роҳ додани онҳо ба паҳншавии касалӣ оварда мерасонад. Агар ягон одами бемор ба бозор даромада монад чӣ мешавад? Аниқ, ки бемориро ба даҳҳо нафар мегузаронад. Онҳо дар навбати худ касалиро ба дигарон паҳн мекунанд. Бозорҳо ҷойи серодамтарини шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад. Дар кам аз мамолики дунё чун Ӯзбекистон ба масъ­алаи аз ҷониби давлат даво кардани беморӣ эътибори ҷудогона медиҳанд. Ба ин корҳои пешгирии вирус аз буҷаи давлат миллиардҳо сӯм сарф мегардад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат, мо, шаҳрвандон ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ, аз ҷумла истифодаи ниқоби тиббӣ риоя карданамон шарт ва зарур аст. Биёед, баҳудаву беҳуда ба ҳар куҷо наравем. Вақти бозор ё ин ки мағоза рафтан, ҳатман ба қоидаҳои муайяншудаи даври карантин риоя кунем. Баъзе одамон як ниқобро 5-6 рӯз истифода мебаранд, ки ин нодуруст аст. Бино ба фикри мутахассисони тиб ниқоби оддиро аз як рӯз зиёд бастан мумкин нест. Ҳоло аз мо баҳри пешгирии касалӣ чизи зиёдеро талаб намекунанд.
Якум, вақти аз хона бастани ниқоб, дуюм зуд-­зуд бо собун ва ё дигар воситаҳои антисептикӣ шустани дастҳо, сеюм ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ба зудӣ дар қабули шифокор шудан ва чорум дар ҷойҳои ҷамоатӣ нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ мебошаду халос.
Ҳоло тамоми инсоният баҳри наҷот ёфтан аз бемории коронавирус кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Набояд фаромӯш кунем, ки роҳи асосии несту нобуд сохтани вирус, ин пеш аз ҳама риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирии паҳншавии вирус ба ҳисоб меравад.

Ҷамшеди АСРОР.