Оббозӣ карда метавонед?

Оббозӣ карда метавонед?

  • Post category:Ҷамъият

Бо фарорасии тобистон аксарият назди дарёву обанбор ва ҳавзҳои шиноварӣ худро аз гармии тоқатфарсо наҷот медиҳанд. Лекин на ҳама қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя мекунанд.

Интихоби ҷой барои оббозӣ

– дар ҷойҳои иҷозашуда оббозӣ кунед;
– қаъри обро бисанҷед, ки чизҳои тезу хатарнок ва партов надошта бошад;
– чуқурии ҷойи оббозиро муайян кунед;
– ҷойи ҳамвори оббозиро интихоб намоед;
– ҳарорати обро муайян созед. Дар оби хеле сард оббозӣ тавсия дода намешавад.

Чӣ гуна метавон шахсро аз ғарқшавӣ наҷот дод?

Аксари одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.
– дар хотир дошта бошед, ки нафаскаширо на дертар аз 6 дақиқа пас аз қатъи он баргардонидан имкон дорад;
– сари шахсро ба паҳлӯ баргардонида даҳонро аз хоку рег ва лойқа тоза кунед, обро аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда берун оваред;
– ба шахсе, ки ғарқ мешавад, имкон надиҳед, ки шуморо ба оғӯш гирад, назорат кунед, ки сари ӯ рӯи об бошад;
– кӯшиш кунед, ки шахсро аз чуқурӣ берун оваред. Ин корро муддати 10 дақиқа аз замони ғарқшавӣ давом додан лозим аст.

Тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ

– аз соҳил дур шино накунед;
– дар ҳолати худро хуб ҳис накардан ба об надароед;
– агар ба маҷрои тез афтед, муқобили он шино накарда, бо истифода аз он ба соҳил наздик шавед;
– аз аломатҳои гузошта берун шино накунед;
– зимни кашиши рагҳо тарзи шиноро тағйир дода, ба соҳил бароед;
– ба киштиҳову қаиқҳо наздик шино накунед. Чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
– дар ҳоли мастӣ оббозӣ кардан қатъиян манъ аст;
– дар хотир дошта бошед, ки бо сабаби тағйири босуръати ҳарорат, даромадан ва паридан ба об дар ҳолати ҳаяҷоновар ба кашидашавии рагҳо, аз ҷумла асаб ва дил сабаб шуда метавонад;
– танҳо баъди 1,5-2 соати хӯрок хӯрдан, метавон оббозӣ кард;
– дар ҷойи бароятон ношиносу номаълум оббозӣ накунед;
– ҳангоми оббозӣ кӯдаконро беназорат нагузоред;
– аз пулчаҳо, истгоҳ ва қаиқҳо худро ба об напартоед.
– набояд бо бистарҳои дамдодашуда, камераҳои мошинҳо, бозичаҳои резинии дамкардашуда оббозӣ кард. Онҳо метавонанд дар об даранд ва инсон ногаҳон зери об монад;
– набояд касеро ба об тела дод, бахусус агар вай аслан бехабар бошад;
– дар об ҳангоми оббозӣ набояд саргарми ҳар гуна бозиҳо шуд. Агар шумо босуръат ба шарикатон наздик мешавед ва ӯро аз пояш мекашед, дар ин ҳолат шарики шумо метавонад ба қаъри об фурӯ равад ва нафасгир шавад;
– набояд ҳар гуна садоҳои изтиробангез баровард.