Аҳмадҷон Солеев: «Факултетҳои нав ташкил гардида, квотаи қабул афзуд»

Аҳмадҷон Солеев: «Факултетҳои нав ташкил гардида, квотаи қабул афзуд»

  • Post category:Маориф

Бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим байни муассисаҳои таълими олӣ, ба дараҷаи зарурӣ ташкил кардани қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон ва гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дар шароити карантин, инчунин, мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 муайян шудаанд, қарори Президенти мамлакат «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оид ба қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли 2020-2021» имзо гардид. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими олии кишвар бо мақсади таъмини иҷрои қарор қабули ҳуҷҷати довталабон давом дорад. Аз ҷумла, дар яке аз боргоҳҳои бонуфузи таълимии кишвар – Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ин самт корҳои зиёд иҷро мешаванд.
Сӯҳбати мо бо проректори донишгоҳ доир ба корҳои таълимӣ, доктори фанҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон Солеев дар атрофи ҳамин масъала ҷараён гирифт.
– Шояд муштариёни рӯзнома огоҳ ҳастанд, ки мактаби олии мо аз солҳои 1420 асри XV сарчашма мегирад, – гуфт Аҳмадҷон Солеев. – Ҳамон сол дар мадрасаи Регистон алломаи Шарқ Мирзо Улуғбек ба ҷавонони илмдӯст аз фанҳои дақиқ сабақ медод. Хушбахтона ин иқдоми нек то имрӯз идома меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки донишгоҳи мо вориси муносиби дорулфунуни Мирзо Улуғбек мебошад ва хуб мешуд, имсол 600-солагии он ҷашн гирифта шавад.
– Мӯҳтарам Аҳмадҷон Солеевич, ҳоло дар донишгоҳ чанд нафар толибилмон таҳсил мегиранд ва тарзи дониш­омӯзӣ чӣ хел аст?
– Беш аз 18 ҳазор нафар писаракону духтаракон аз тамоми қаламрави Ӯзбекистон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо қариб ҳазор нафар устодон дар утоқҳои васеъ, равшан ва замонавию таҷҳизонида дарс мегузаранд, нисфи, Беш аз онҳо дараҷаи илмӣ доранд.
– Инак, барои довталабон марҳалаи пурмасъулу ҳаяҷонбахш – қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардид…
– Дар асоси қарори Президентамон доир ба қабул ба мактабҳои олӣ чораҳои судманд андешида шуд. Акнун хатмкунандагони мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва литсейҳо академикӣ ҳуҷҷати худро ба тариқи онлайн месупоранд. Муҳимаш, аз роҳи дур омада, навбатпоӣ ва дигар муаммоҳо нест. Рӯзи санҷиш, яъне имтиҳон ва тарзи он ба шароит нигоҳ карда муайян хоҳад шуд.
– Имсол ба донишгоҳ қабули чанд нафар номи донишҷӯй пешбинӣ шудааст?
– Ба рӯйхат гирифтани довталабон аз 20-уми июн оғоз гардид ва то 20-уми июли соли равон идома меёбад. Санҷиши тест аз рӯйи ду фан гузаронида мешавад. Навид он аст, ки як довталаб ба панҷ самти таълими бакалаврӣ ҳуҷҷат супурда метавонад. Хурсандиовар аст, ки саволҳои сабук аз 6 то 9 адад зиёд мешавад.
– Оё факултаҳои нав низ ҳастанд?
– Албатта. Чанд сол қабл аз ин факултаи ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дошт ва муддате қабул ба ин факултет боздошта шуд. Имсол ин факултет дар асоси фармони Президенти мамлакат аз нав кушода шуд. Инчунин факултаи «Агробиотехнология ва бехатарии маводи озуқа» ташкил хоҳад шуд, ки дар оянда барои соҳаи аграрӣ мутахассисони ботаҷриба тайёр мекунад.
Боз як навигарӣ он аст, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ноҳияи Тайлоқ омӯзишгоҳи агротехнология ва дар ноҳияи Ҷомбой омӯзишгоҳи педагогӣ ташкил гардид. Хатмкунандагони он аз курси дуюм, бидуни имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳи мо таҳсилро идома медиҳанд.
– Ба идораи рӯзномаи мо мардум занг зада савол медиҳанд, ки қабул ба гурӯҳҳои тоҷикӣ чӣ тавр аст?
– Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон мебошад, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол шиори «Бародарию-­баробарӣ» дар амал аст. Имсол гурӯҳҳои тоҷикӣ ба нӯҳ адад расид. Онҳое, ки мактабҳои тоҷикиро хатм намуданд, бахти худро барои дохилшавӣ ба факултаҳои физика, математика, биология, таълими ибтидоӣ ва ғайра санҷида метавонанд. Квотаи қабул нисбат ба соли гузашта қариб ду маротиба афзуд. Танҳо дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик 50 нафар қабул мешаванд.
– Доир ба тарзи имтиҳонсупорӣ маълумот медодед?
– Ҳоло аз вазорати таълими олӣ ва маркази тест ҳеҷ гуна дастур нагирифтем. Агар ягон хел навигарӣ шавад, албатта тавассути рӯзномаи шумо маълум мекунем.
– Ҳоло муносибат бо кишварҳои ҳамсоя хеле хуб аст. Оё аз ин кишварҳо ҳам довталабон ҳуҷҷат месупоранд?
– Дар ин самт ягон муаммо вуҷуд надорад. Қабули хориҷиён тавассути сӯҳбат амалӣ мегардад. Ҳатто хобгоҳ ва шароитҳои дигари мусоид фароҳам оварда шудааст.
– Акнун доир ба ҳамкорӣ бо мактабҳои олии хориҷа низ ҳарф мезадед?
– Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо 50 мактаби олии ҷаҳон риштаҳои ҳамкорӣ баста, таҷрибаомӯзӣ ва ивази толибилмон ба роҳ монда шудааст. Чанде пеш ҳангоми сафар ба Хитой бо донишгоҳи Сиам шартномаи ҳамкорӣ имзо кардем. Бояд таъкид намуд, ки ин донишгоҳ 80 ҳазор нафар талаба дорад. Донишҷӯён аксарияти вақти худро дар китобхона, майдони варзиш гузаронида ҳушу ёди онҳо хондан аст. Рости гап ба онҳо ҳавасам омад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, ҳушу ёди талабаҳои мо телефону компутербозӣ мебошад. Ана баъд имтиҳону санҷишро супурда натавониста, барои баҳогирӣ бисёр азият мекашанд.
Воқеан, ман барои худситоӣ не, ба маълумоти шумо мерасонам, ки вақт ёфта китоб мехонам, асарҳои илмӣ менависам. То имрӯз 4 адад китоби дарсӣ ва ду монография навиштам, ки аз рӯи он дар мактабҳои олии Ӯзбекистон математикҳо илм меомӯзанд.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо маҳз ба фанни «ҳазмаш» душвор – математика таваҷҷӯҳ пайдо кардед?
– Математика – шоҳи фанҳост. Фақат каме шавқу ҳавас лозим, ки кас сиру асрори онро омӯзад. Чанде пеш бо ташаб­буси сарвари давлат дар Тошканд Донишкадаи риёзӣ ташкил шуд. Дар тамоми вилояту шаҳрҳо мактабҳои махсуси математика фаъолият мебаранд, ки ташаббускори ин кори хайр президентамон мебошанд. Охир математика дар ҳама соҳа лозим. Ана шумо шатранҷ мебозед ва шояд донед, ки ҳатто чанд нафар чемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот аз рӯи ихтисос математик ҳастанд. Эмануэл Ласкер, Хосе Раул Капабланка, Михаил Ботвинник, Анатолий Карпов ва дигарон далели фикр аст.
Бузургони Шарқ – Ибни Сино, Берунӣ, Ал Хоразмӣ, Мирзо Улуғбек доир ба риёзӣ асарҳои безавол эҷод карданд. Дар замони гузашта ҳисоб кардани ашё дар оғози ташаккули маданияти бостонӣ боиси пайдо шудани мафҳумҳои арифметикӣ гардид. Ва дар асоси системаи ҳисоби даҳонӣ, системаҳои ҳисоби хаттӣ ба вуҷуд омад. Олимони машҳур Пифагор, Архимед, Эратосфен ва дар Шарқ ҳамдиёрони мо Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Умари Хайём, Қозизодаи Румӣ, Алоуддини Қушчӣ ва дигарон дар ин соҳа саҳми арзанда гузоштаанд.
Ана барои чӣ сарвари давлати мо ба математика таваҷҷӯҳи хосса доданд. Охир математика дар ҳар як қадам зарур аст.
– Мӯҳтарам Аҳмадҷон Солеевич, таманнои шумо ба ҷавонон?
– Ҳеҷ зеваре чун дониш нест. Ва илм дар хурдӣ – нақш бар санг! Воқеан, мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. Аз бузургон пурсидаанд, ки умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? – Ба таҳсили улум! Зеро давлатро сарф кунӣ, кам мешавад. Бинобар ҳамин, насли наврас рӯ ба илму дониш оварданашон зарур.
Ман аз имконият истифода бурда ба довталабон комёбиҳо таманно дорам. Зеро дар ёд дорем, ки:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Сӯҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.