Сессияи навбатӣ ба таври «дигар» гузашт

Сессияи навбатӣ ба таври «дигар» гузашт

  • Post category:Ҷамъият

Дирӯз сессияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум баргузор гардид.
Нахуст корҳое, ки бо мақсади таъмини барқарории буҷет ва ташаккулу зиёд кардани манбаъҳои иловагии даромад дар даври пандемия амалӣ мегарданд, баррасӣ карда шуд.
Дар ин бора сарвари Сарсадорати молияи вилоят Ботир Мирзоев ҳисобот дод.
Зикр гашт, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят барои 5 моҳи аввали соли 2020 ба 90,3 фоиз иҷро гардида, 1 триллиону 288,8 миллиард сўмина хароҷот амалӣ гардид.
Дар ин муддат барои тадбирҳои иҷтимоӣ-­фарҳангӣ 915,7 миллиард сўм маблағгузорӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи таълими халқӣ 117,8 миллиард сўм, дар соҳаи таълими томактабӣ 64,4 миллиард сўм, дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ 536 миллиард сўм маблағ сарф карданд.
Барои беҳсозии шароити рӯзгори оилаҳои ба ёрии иҷтимоӣ ниёзманд, аз ҷумла, барои нафақаи кӯдакони то синни дусола 89,8 миллиард сӯм, барои нафақаи бачагони то синни 14-сола 50,3 миллиард сӯм ва барои ёрии моддӣ 17,7 миллиард сӯм маблағгузорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар сессияи навбатӣ масъалаҳо ба таври «дигар» баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, депутат Бахтиёр Хӯҷаёров ба сарвари сарсадорати молия савол дод, ки чаро то ҳол корҳои ободонии Хиёбони университет ба анҷом нарасидааст.
Дар бораи корҳое, ки роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷет, истифодаи имтиёзҳои андоз ба субъектҳои тадбиркорӣ дар даври пандемия ва дастгирии тадбиркорӣ амалӣ мегарданд сарвари Садорати давлатии андози вилоят маълумот дод.
Азбаски маълумотҳои нотиқ дар бораи бевосита аз тарафи андозчиён афзунсозии даромадҳои буҷет муфассал набуд, депутатҳо қарор карданд, ки ҳисоботи идораҳои андоз доир ба анҷоми нимсолаи аввал аз нав баррасӣ карда шавад.
Сипас, ахбори сарвари Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят Музаффар Ҳошимов дар бораи корҳое, ки соли 2020 дар вилоят барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини иҷрои Барномаи шуғл амалӣ карда мешаванд, шунида шуд.
Зикр гаршт, ки дар вилоят 3,9 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз онҳо 2,1 миллион нафар аҳолӣ захираҳои меҳнатӣ ва 1,6 миллион нафар аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол мебошанд. Пеш аз пандемия 1 миллиону 438.7 ҳазор нафар аҳолии вилоят, аз онҳо 497,6 ҳазор нафар ба таври расмӣ ва 941,1 ҳазор нафар ба таври ғайрирасмӣ бо кор таъмин буданд.
Дар рафти ҳисобот корҳое, ки бобати барқарорсозии ҷойҳои кории дар даври пандемия азбайнрафта, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ иҷро мегарданд, таъкид карда шуд.
Дар рафти баррасии ин масъала кам будани маълумоти аниқ дар бораи майли илмӣ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнат, ҷойҳои корие, ки аз тарафи садорат дар сектори хусусӣ ташкил карда мешаванд, танқид карда шуд.
Дар кори сессия таклифи гузаронидани тантанаҳои 600-солагии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки вориси ҳуқуқии мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек ба шумор меравад, аз тарафи ҳокимияти вилоят ва ҷамоатчигии илмӣ ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод гардид.
Намояндагон ахбороти ретори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродовро шунида, ҳайати кумитаи ташкилиро доир ба ташкил ва гузаронидани ҷашни донишгоҳ тасдиқ карданд.
Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ анҷумани байналхалқии илмӣ-­амалӣ дар мавзӯи «Мавқеи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар ташаккул ва тараққиёти илму фан, сохтори таълими олии Ӯзбекистон» гузаронида мешавад.
Дар кори сессия боз як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, қарори ҳокими вилоят дар бораи дохир кардани тағйирот ба дастгоҳи идораи ҳокимияти Самарқанд тасдиқ карда шуд. Номзадҳо ба узвияти Парламенти ҷавонон, ки дар назди Сенати Олий Маҷлис ташкил мегардад, интихоб гардиданд. Ташкили минтақаҳои хурди саноатӣ дар ноҳияи Пайариқ ва шаҳри Каттақӯрғон, инчунин, масъалаҳо дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи масъалаҳои тартиби рӯз қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Депутатҳо ба созиш омаданд, ки дар сессияи навбатӣ масъалаи «Иҷрои барномаи чорабиниҳои мақсаднок аз рӯйи омӯхтан ва ҳал кардани муаммоҳои зану духтарон, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо»муҳокима мекунанд. Барои омӯхтан ва баррасӣ намудани ин масъала таҳти роҳбарии С. Рафиқов гурӯҳи корӣ тасдиқ гардид.