Ривоҷи туризм дар давраи пандемия

Ривоҷи туризм дар давраи пандемия

  • Post category:Ҷамъият

Сессияи 65-уми Комиссияи минтақавии Сарассамблеяи Аврупоии ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) СММ дар Самарқанд ба таври онлайн баргузор гардид.
Тадбирро, ки Ӯзбекистон мизбонӣ мекунад, ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, раиси Кумитаи давлатии ривоҷи сайёҳӣ Азиз Абдуҳакимов ифтитоҳ бахшид.
Дар анҷуман вакилони идора ва вазоратҳои сайёҳии 40 мамлакати дунё иштирок намуданд. Мавзӯи асосии тадбир ба масъалаҳои барқарорнамоии таъсири пандемияи коронавирус ба соҳаи сайёҳӣ ва оқибатҳои он нигаронида шуд.
Дар рафти тадбир А. Абдуҳакимов ва раиси комиссияи минтақавӣ Гарри Теохарис мақсади чорабиниро шинос намуданд. А. Абдуҳакимов иштирокдоронро бо корҳое, ки бобати ривоҷи туризм дар даври пандемия дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад шинос кард.
Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳа пайваста бо ширкатҳои сайёҳӣ кор бурда истодааст. Чунин тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ идома доранд.
Иштирокдорон дар масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои барқарорсозии соҳа баъди коронавируси нав, таҳлили ҳолат дар кишварҳои ҳамҷавор, ҳамкории байни сохтори марбутаи давлатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Дар тадбир Саркотиби UNWTO Зураб Пололикашвили ва директори Департаменти Аврупо Алиссандра Прианте дар суханронии худ оиди корҳои дар соҳаи сайёҳӣ дар даври пандемия бурдашуда ва ташаббускориҳои оянда ҳарф заданд.

Ҷамшеди АСРОР.