Таълими тадбиркорӣ ба таври масофавӣ ташкил шуд

Таълими тадбиркорӣ ба таври масофавӣ ташкил шуд

  • Post category:Иқтисод

Дар се соли охир дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бобати амиқсозии ислоҳоти иқтисодӣ, дар минтақаҳо беҳсозии муҳити тадбиркорӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб кардани доираи васеи аҳолӣ ва дар ин самт соҳиби дониши зарурии иқтисодию молиявӣ ва таҷриба будани тадбиркорон сиёсати устувори давлатӣ пеш бурда мешавад.
Хусусан, дар шаҳру ноҳияҳо барои аҳолӣ ва вакилони субъектҳои тадбиркорӣ гузаронидани курсҳои 22-соатаи «Асосҳои фаъолияти тадбиркорӣ», курсҳои масофавии «Асосҳои саводнокии молиявӣ» идома меёбад. То ҳол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии хонишии асосҳои фаъолияти тадбиркории назди палатаи савдою саноати Ӯзбекистон ва 13 филиали минтақавии он 132 – то курсҳои бепули хонишӣ ташкил карда шуд.
Дар машғулотҳо иштироки 6740 нафар субъектҳои тадбиркорӣ ва аҳолӣ таъмин гардид. Ба беш аз 6200 нафар шунавандагон сертификат супурда шуд. Инчунин, барои аҳолии 118 маҳалла дар мавзӯи «Ҳафт қадам барои оғози тиҷорат» семинарҳо ташкил гардид ва ба 10,6 ҳазор нафар аҳолӣ оиди тадбиркорӣ фаҳмишҳои ибтидоӣ дода шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои чораву тадбирҳои пешгирии сирояти инфексияи коронавирус дар сохтори палата фармоиш қабул гардида, машғулотҳо аз рӯйи омӯзонидани асрори тадбиркорӣ ба режими масофавӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми ба роҳ мондани хониши масофавии аҳолӣ ва тадбиркорон аз шабакаҳои businessinfo – палата, alternatus.uz – и марказ ва портали курсҳои хонишии онлайни director.uz васеъ истифода бурда шуд. Масалан, курси «Афзудани саводхонии субъектҳои тиҷоратии хурд ва тадбиркории хусусӣ» – и портали director.uz аз оқилона идораи пулро меомӯзонад.
Масъалаи дуюм – ин дар поёни курс додани сертификатҳо ба тариқи онлайн мебошад. Дар ин, асоси портали director.uz дар матнҳои маводи хонишии 11 дарс (мисли видео, тестҳо, масъалаҳо, вебинарҳо) иборат аст. Ҳамаи инҳо ба забони содда оварда шудааст. Шунаванда матни дарсро мешунавад, видео-­дарсро мебинад, тест месупорад, баъди ҳамин, ба дарси оянда мегузарад. Машғулоти амалӣ ва вебинарҳо аз рӯйи ҷадвал бурда мешавад. Ба шунавандагон баъди ба поён расидани курс сертификати махсус медиҳанд.
Бо шаҳрвандоне, ки ба палата муроҷиат менамоянд, аз нав алоқа ба роҳ монда шуда, ба ходимони марказ аз рӯйи истифодаи ройгони манбаъҳо тавсияҳо медиҳанд. Дар семинарҳо ба шунавандагон истифодабарии ҳуҷҷатҳои қонунӣ фаҳмонида мешавад.

Нодирҷон БОБОКАЛОНОВ,
роҳбари филиали самарқандии Маркази хонишии асосҳои фаъолияти тадбиркории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон
.