Олиме, ки имрӯз  ду идро пешвоз мегирад

Олиме, ки имрӯз ду идро пешвоз мегирад

  • Post category:Фарҳанг

Санъат Абдуллоевич Муҳаммадиев яке аз шахсони дар Ӯзбекистону Тоҷикистон маъруф аст. Сабаби ин, аввало дар дилбастагии вай ба илм ва заҳмату тадқиқотҳои бисёрсолааш дар ин самт бошад, дигаре меҳри беандоза ба эҷод ва воситаҳои ахбори оммавӣ мебошад.
Ба доктори фанҳои биология, профессор С. Муҳаммадиев соли 1991 унвони «Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурияти Тоҷикистон»-ро доданд ва ин бесабаб набуд.
Фаъолияти меҳнатии хатмкунандаи Донишкадаи кишоварзии Самарқанд С. Муҳаммадиев бо роҳхати мактаби олӣ дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон чун лаборанти калон оғоз гардид. Сипас вай ҳамчун тадқиқотчӣ-­таҷрибаомӯз фаъолият пеш бурд, дар аспирантура ва докторантураи Лабораторияи гелминтологии Академияи улуми собиқ Иттифоқи Шӯравӣ таҳсил гирифт. Солҳои 1969-1986 рисолаҳои номзадӣ ва докториро дар мавзӯи «Гелминтҳои чорвои калон, таркиби намудҳо, таҳлили географӣ, экологӣ ва эпихоотологияи гелминтозҳои асосӣ» бо муваффақият ҳимоя кард.
Аз соли 1968 Санъат Абдуллоевич чун ходими хурди илмӣ, солҳои 1970-1986 ходими калони илмӣ, солҳои 1986-1988 дар вазифаи ходими пешбарӣ илмӣ кор кард.
Аз соли 1988 то соли 1993 мудири кафедраи «Паразитология ва зоогигиена»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Вале дере нагузашта, дар ҳаёти ӯ солҳои ноором оғоз ёфтанд. Аз Самарқанд хабар омад, ки модар онҳоро хеле пазмон шудаасту дар дами пирӣ наздашон бошанд ва барои ин ба зодгоҳ баргарданд. Ҳамин тавр, С. Муҳаммадиев аз оғози соли 1993 дар лабораторияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд чун ходими калони илмӣ фаъолият сар кард.
Солҳои 1995-2000 дар шӯъбаи самарқандии Академияи илмҳои Ӯзбекистон аввал ба сифати ходими калони илмӣ, сипас, мудири шӯъбаи «Фанҳои биологӣ ва тиббиёт» кор кард. Вай аз солҳои 1997 профессор, 2000 мудири кафедраи «Таълими фанҳои табиӣ»-и Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят ва аз соли 2003 то соли 2012 профессори кафедраи «Экология ва тиббиёт»-и Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд буд.
Фаъолияти асосии илмии С. Муҳаммадиев ба омӯхтани инкишофи гелминтҳо, экология ва зоогеографияи онҳо, инчунин, пешгирии гелминтозҳо бахшида шудааст.
Солҳои охир С. Муҳаммадиев «Дастури таълимӣ аз фанни экология барои мактабҳои миёна ва миёнаи махсус» (1995), барои донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд бори аввал «Табиат вуҷуди мост»-ро ба чоп тайёр кард. «Амонқӯтон – хазинаи табиат» соли 1997 аз чоп баромад.
Соли 1997 Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи паразитологияи тиббии ба номи Л. Исоев, шӯъбаи самарқандии Академияи улуми ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро дар ҳамкорӣ бахшида ба пешгирии эхинококкоз тавсияи услубиеро нашр карданд, ки С. Муҳаммадиев яке аз муаллифони он аст.
С. Муҳаммадиев ду китоби дарсӣ барои хонандагони мактабҳои таълими умумии ҷумҳурӣ «Зоология» барои синфи 7 ва «Биология, ситология ва асосҳои генетика» барои синфи 9-умро аз забони давлатӣ ба забони тоҷикӣ тарҷима кард.
Дастури таълимии С. Муҳаммадиев «Экология ва муҳофизати табиат»-ро нашриёти ДДС соли 2001 ба забони тоҷикӣ ва соли 2002 ба забони давлатӣ чоп кард. Аз китоби «Паразитологияи умумӣ»-и вай донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон асосҳои ин соҳаи фанро меомӯзанд.
Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон китоби дарсии С. Муҳаммадиев, М. Сахимов, Ш. Розиқов, Ш. Мирзоаҳмадов, И. Шодмонов, «Паразитология ва касалиҳои инвазионии ҳайвонот»-ро барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз рӯйи ихтисоси «Ветеринария» таълим мегиранд, бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр кард.
Рисолаи «Экологияи Самарқанд»-и С. Муҳаммадиев соли 2015 дар нашриёти «Наврӯз»-и Тошканд рӯйи чопро дид.
Санъат Абдуллоевич барои тарғиботи фан, ҳифзи муҳити атроф ва баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ саъю кӯшиши назаррас кардааст ва дар ин роҳ монда нашуда заҳмат мекашад.
Вай узви Ҷамъияти гелминтологҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ (аз соли 1965) ва Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Донишгоҳи кишоварзии Самарқанд (2006) аст.
Асарҳои С. Муҳаммадиев «Хумори модар», «Экологияи Самарқанд» ва «Ҳаққи нону намак»-ро ки пасу пеш чоп шудаанд, хонандагон хуш пазируфтанд.
Имрӯз 27-уми июн, устод баробари иди касбии кормандони ВАО, ки ҳамеша ба он содиқ буда, бо ҳамсарашон Мусаллам Муҳаммадиева, ки ҳамаи ин солҳо шириниву талхии рӯзгорро ҳамроҳ чашидаанд, дар ҳалқаи фарзанду набераву абераҳо хушбахтона 80-умин баҳори умри худро пешвоз мегирад.
Мо Санъат Абдуллоевичро аз самими қалб муборакбод мегӯем. Ҳамеша солиму дилҷавон бошед, устоди азиз!

Б.РАҲМОНОВ,
М.КАМОЛӢ.