Адиби хушсалиқа ва журналисти бебок

Адиби хушсалиқа ва журналисти бебок

  • Post category:Фарҳанг

Ё худ танҳо муаммову дарди халқро менавишт

Хоки Самарқанди латиф, аз он ҷумла хоки деҳаи хушобу ҳавои Боғимайдони он зодгоҳи як зумра шоиру нависандагони хушзавқ ва олимони маъруф мебошад. Биноан, мардуми ин мавзеъ бо номи адибони номдори худ аз қабили Абдусалом Деҳотӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Болта Ортиқзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Тошқул Азимзода ва дигарон барҳақ ифтихор дорад. Яке аз ҳамин гуна фарзандони шарифи ин маҳал адиби хушсалиқа ва журналисти бебок Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода буд.
Фарзанди фарзонаи Самарқанд Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода соли 1937 дар оилаи Ҳамид амак, ки инсони соҳибзавқ ва сӯҳбаторо буд, ба дунё омадааст. Дар мактаби деҳа таълим гирифта, ҳангоми мактабхонӣ ба навиштани хабару мақолаҳо ҳаваси зиёд зоҳир менамояд. Ба қавли собиқадорони матбуот, он солҳо навиштаҳои ин мактаббачаи хурдҷуссаи лоғарандом, ки бо номи «мухбирча» шинохта шуда буд, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал» тез-­тез рӯи чопро медиданд. Гарчанд дар мактаб ба забони тоҷикӣ таҳсил намояд ҳам, пайваста забонҳои русиву ӯзбекиро меомӯхт. Ҷавони илмдӯст баъди хатми мактаби зодгоҳ бо медали тилло бидуни имтиҳонсупорӣ донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд гардид. Солҳои донишҷӯӣ дар матбуоти ҷумҳурияти вилоятӣ хабару мақола, очерку репортаж, мусоҳибаву фелетонҳо навишта, ба назари аҳли қалам меафтад.
Дар аввали солҳои 60-уми асри гузашта дар нашрияҳои «В помощь работникам местной печати», «Маҳаллий матбуот ходимларига ёрдам», «Рабоче-­крестянский корреспондент» дар бораи фидоиёни матбуот, мухбирони коргару деҳқон, маҳорати очеркнависони ӯзбек ба забонҳои русиву ӯзбекӣ як силсила мақолаҳои ӯ ба таъб расиданд, ки аз гуногунжанрии фаъолияти журналис­тиаш гувоҳӣ медиҳанд.
Баъди хатми донишгоҳ бо дипломи имтиёзнок дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба кор шурӯъ менамояд. Он солҳо навиштаҳои пурмӯҳтавояш ӯро ҳамчун журналисти соҳибистеъдод ва пурдон муаррифӣ карданд. Ба сифати мухбири махсуси рӯзнома дар гӯшаву канорҳои Ӯзбекистон дар сафари эҷодӣ шуда, очерку репортажҳои шавқовар менависад. Чун журналисти хушбаён аз дилу дидаи мухлисони рӯзнома ҷой мегирад.
Ҷавони илмдӯст Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода бо таклифи устодонаш дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсилро идома медиҳад, ҳамзамон пайваста бо редаксияҳо ҳамкорӣ менамояд. Баъди ҳимояи рисола соҳиби дараҷаи илмии номзади фанҳои фалсафа гардида, бештар чун фидоии илму маърифат ба назари мардум меафтад. Мақолаву репортажҳояш чун «Дар диёри Деваштич», «Бозёфтҳои нав дар диёри Деваштич» (30 октябри соли 1966), «Ҳоҷӣ там-­там» ва дигарҳо ӯро чун донандаи ҳассоси таъриху санъат муаррифӣ менамуданд.
Мақолаҳои солҳои 1960-1965 дар соҳаи адабиётшиносӣ навиштаи ӯ «Чеҳраи эҷодии олим» («Портрет ученого»), «Дар ҳузури адабиётшиносони Самарқанд» («У литературоведов Самарканда»), «Нашри қиссаҳои Абӯалӣ Ибни Сино» («Издание повестей Абу Али Ибн Сины»), «Ояндаи саҳнаи тоҷик» ва дигарҳо, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи «Вопросы литературы», «Тоҷикистон», маҷмӯаҳои илмии олимон нашр шудаанд, аз диди баланди мунаққидӣ ва заковати журналистии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи, дар мақолаҳои «Шоири оташинсухан», «Обид Исматӣ- шоирӣ инқилобӣ» саҳми шоир ва журналист Обид Исматӣ дар пешрафти адабиёту фарҳанги тоҷик мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд. Муаллиф дар асоси маводи Бойгонии марказии давлати Тоҷикистон ва гуфтаҳои пайвандони ин фидоии адабиёту санъат роҳи зиндагии ӯро бори аввал равшан намуда, бо ҷасорат ин тавр мегӯяд: «Мутаассифона то ҳол эҷодиёти Обид Исматӣ омӯхта нашудааст. Ба ғайр аз як мақолаи мо дар бораи ӯ чизи дигар чоп накардаанд. Ба фикри мо, омӯхтани эҷодиёти шоири ватанпарвар Обид Исматӣ… аҳамияти калон дорад. Ин аз он сабаб ҳам яке аз вазифаҳои муҳими адабиётшиносии тоҷик мебошад, ки дар «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» ва дигар китобҳо дар бораи Обид Исматӣ маълумоте нест».
Ҳамин тавр, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ҳамчун журналисти соҳибқалам дониши серпаҳлӯ дошт. Ӯ аз таърих, санъат, адабиёт ба хубӣ огоҳ буд. Биноан, вақте дар бораи шоиру нависандагон менавишт ба сифати олими адабиётшинос, агар дар бораи аҳли санъат мулоҳиза меронд, чун санъатшинос ва вақте дар бораи ёдгориҳои таърихӣ меандешид, чун бостоншинос фикри тоза мегуфт, андешаҳои пурқиматро ба миён мегузошт.

Ин услуби нигориш ба ӯ имкон медоданд, ки навиштаҳояш ҳаётиву самимӣ бошанд, шавқу завқи хонандагонро бедор кунанд. Рӯзноманигорон А. Мухторов, Х. Қӯлдошев ба беҳуда мақолаи худ, ки ба услуби эҷодии ӯ бахшида шудааст, «Соҳиби қалами Фучикона» («Ҳақиқати Ӯзбекистон», 28-уми июли соли 1987) ном наниҳода буданд.
Барои тақвияти сухан ба мақолаи «Устод ва маслиҳатгари мо»-и ӯ муроҷиат менамоем, ки ба зиндагиномаи шоири соҳибистеъдод ва фозил Муҳаммадҷон Васфӣ бахшида шудааст. Ин мақола дар «Ҷашннома»-и рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ки ба муносибати 50-солагии он ба табъ расидааст, интишор ёфтааст. Муаллиф суханро аз зиёрати ин шоири зуллисонайн ва рӯзноманигори донишманд, ки солҳо дар идораи ин рӯзнома фидокорона меҳнат кардаасту ба ӯ ҳаққи устодӣ дошт, оғоз намуда, хонандаро даставвал бо ғояи мақола, тарзи зист, манзилу макони шоир дар мавзеи Эскиҷӯваи Тошканд ошно менамояд: «Баҳорон буд. Насими форам мевазиду сабзаҳои тару тоза ба чашм таскин мебахшиданд. Кӯчаю хиёбонҳо, растаю майдонҳо зебу зинат ёфтаанд. Имрӯз ид: якуми Май! Ёру дӯстонро дар ин рӯзи саид ва айёми фархунда табрику таҳният гуфтан анъана аст. Ман ҳам бо ҳамин ният роҳи шаҳри кӯҳнаро пеш гирифтам…». Ин ҷумлаҳои нахус­тин хонандаро писанд меояд ва чун асари бадеӣ ба худ ҷалб менамояд. Зеро назари борикбини муаллиф ба тасвири манзилу макон ҳам бефарқ нест:
«Деворҳои ҳавлӣ пастакак. Аз дарвоза надаромада, саҳни ҳавлиро аз кӯча ҳам тамошо кардан мумкин. Рӯи ҳавлӣ хурд: ваҷаб карда бароед ҳам мешавад. Як дарахтчаю як бех гули сурхи садбарг ба вай хол шуда афтодааст. Гули сурх шукуфон асту бо тароваташ касро мафтун мекунад. Ду хонаю як ошхонача дошт ҳавлӣ».
Ҳамин тавр, хонандаи закӣ пай мебарад, ки муаллифи мақола диди баланди нигорандагӣ дорад, ба ҷузъиёти тасвираш бефарқ нест. Назари борикбини ӯ дар чеҳранигорӣ ҳам лоиқи ибрат аст: « – Ибӣ-­ибӣ, мулло Ҳоҷи-­қурбон-­ку, – гуфтанд ва дарҳол таклиф карданд: – Бед, биёед, марҳамат.
Дар рӯ ба рӯям марди миёнақади камгӯшти кушодачеҳра меистод. Абрӯвони фарох. Мӯйҳо сиёҳ. Лабҳои борику чашмони шарарафшон. Ҳаракатҳо сабуку бардам. Либос оддӣ – шиму куртаи чити сафед. Дар сар тоқии чустӣ».
Минбаъд хонанда ба туфайли забони равону ширадори муаллиф бо ҳаёти гузаштаи қаҳрамони мақола, ҷидду ҷаҳди ибратпазири ӯ дар соҳаи маорифу матбуот, хислатҳои хубаш аз қабили хайрпешагиву олиҳимматӣ огоҳ мегардад. Мефаҳмад, ки ӯ гарчанд дипломе дар бораи маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, вале адабиёт, таърих, забон ва сиёсатро пухта медонис­тааст. Бо шоирони шӯҳратманди ӯзбек Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Сабир Абдулло, Назармат ва дигарҳо дӯсту ошно будааст. Хонанда дар ин ҷараён аз андешаҳои муаллифи мақола оиди адабиёт, хоса шеъру шоирӣ ҳам воқиф мегардад, ки арзишманданд. Чунончи: «Шеъру шоирӣ озодӣ металабад. Шоирро озодии рӯҳ лозим аст. Вай ба бори ташвишҳою асаббозӣ тоб намеоварад. Вале Васфӣ, гарчанде чанд соли аввал шароити мусоиди зиндагӣ надоштанд, иҷоранишин буданд ва соҳибхона дар ҳар як асно бо баҳонае асабро вайрон, дилро танг мекард… табъи равони шоириашонро гум накарданд, бадеҳатан шеърҳои латифе мегуфтанд».
Муаллифи мақола зимни ин гуна андешаҳо афкори адабиётшиносии худро ба хубӣ намоиш дода, даъвои дурусте мекунад, ки низ пурқимат аст: «Мӯҳтарам Иосиф Брагинский дар яке аз мақолаҳояш менависад, ки анъанаҳои эҷод кардани асарҳо ба ду забон дар давраи охир барҳам хӯрдааст. Эҷодиёти Муҳаммадҷон Васфӣ ва зуллисонайнҳо Набихон Чустӣ, Мардонқул Муҳаммадқулов, Солеҳ Исмоилзода ва ғайра ба ин ақида равшанӣ медароварад. Танҳо лозим аст, ки адабиётшиносон асарҳои дар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо паҳну парешони Васфиро ҷамъ оваранду дар шакли китоб чоп кунанд ва ба онҳо баҳои зарурӣ диҳанд. Зеро Васфӣ дар таърихи адабиёту матбуоти имрӯзаи тоҷику ӯзбек ҷойи муносиби худро дорад».
Журналисти соҳибқалам Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода бо дархости падару модар ба Самарқанд баргашта, дар идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») фаъолият мебарад. Ба забони ӯзбекӣ дар мавзӯъҳои мухталиф даҳҳо мақолаву очеркҳои хотирмон менависад. Чунончи, дар мақолаи обзории «Сухан боз дар бораи ҳикоя» («Яна ҳикоя ҳақида сӯз», 1969 йил 4 июль)-и ӯ даҳҳо ҳикояҳои қаламкашони ҷавони ӯзбек мавриди баррасӣ қарор гирифта, нуқсу қубҳи навиштаҳояшон дилсӯзона нишон дода мешавад.
Муҳимаш боз он аст, ки дар бораи маҳорати ҳикоянавис ва махсусияти ин жанри хурди эпикӣ фикрҳои ҷолиби диққат ҳам баён шудаанд. Дар мақолаи «Дар сӯҳбати Мирзоҳо» («Мирзолар суҳбатида») бошад, аз хусуси саҳми ду адиби шаҳири тоҷику озар Мирзо Турсунзода ва Мирзо Иброҳимов дар инкишофи адабиёт сухан мераваду дӯстиву бародарӣ ва шаҳди сӯҳбатҳои файзборашон дар оғӯши Самарқанди ҷаннатосо шоирона ба қалам гирифта шудааст.
Минбаъд Ходими хизматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон, журналисти пурдону пуркор Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Институти хоҷагии қишлоқ муддате аз фанни фалсафа дарс медиҳад. Ӯро дере нагузашта, дар кумитаи ҳизбии вилоят ба сифати мушовири корҳои матбуот ба кор мегиранд. Акнун ӯ ҳамчун ҷонсӯзи таърих ва урфу одатҳои мардумӣ бештар фаъолияти лоиқи таҳсин бурда, ҳамчун инсони ростқавлу росткор, хайрхоҳу некандеш шинохта мешавад. Солҳо ба қабулхонаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», ки дар Хона-­музейи устод Айнӣ воқеъ буд, сарварӣ менамояд. Он солҳо аъзоёни қабулхона адибон Б. Ортиқзода, М. Муҳаммадқулов, С. Кенҷа, А. Ғанизода, А. Қосимов (Пирӯзӣ), устодон М. Фаттоев, Р. Маъруфӣ, журналистони собиқадор Н. Остонақулов, Ҷ. Абдуллоев, Қ. Ғиёсов ва дигарон ба мо донишҷӯёни навқалам дар бораи чи тавр навиштани хабар, лавҳа, очерк маслиҳатҳо медоданд, чакидаҳояшонро муҳокима менамуданд, бароямон бо нависандагону олимон ва аҳли санъат вохӯриҳо ташкил менамуданд. Баробари ин, ба кори редаксия дар бобати тайёркунии материалҳо ёрӣ мерасонданд.
Ин солҳо фаъолияти мухбирони ҷавони коргару деҳқон, навқаламон дар маркази диққати Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода буд. Ба туфайли ӯ мо чанд нафар ҳамкурсон Отамурод Қӯлдошев, Майсара Ҳабибҷонова ва дӯстони эҷодкорамон П. Тӯрақулов, М. Орифӣ, И. Эгамбердиев, А. Бӯтаев, М. Насриддинов ва дигарон дар Университети халқии мухбирони коргару деҳқон, ки машғулиятҳояш бегоҳирӯз дар бинои асосии Донишкадаи савдои Самарқанд мегузашт, таълим гирифтем. Аз маърӯзаҳои пурмӯҳтавои ӯ – журналисти соҳибқалам ва инструктори кумитаи ҳизбии вилоят дар бораи жанрҳои журналистика баҳраманд гардидем.
Аммо марги гулчин ин ҷонсӯзи матбуоту маърифатро 8-уми майи соли 1974 дар садамаи автомобилӣ дар роҳи Каттақӯрғони вилоят дар авҷи камолоташ ба доми худ кашид. Ин яке аз рӯзҳои мудҳиши таърихи Самарқанди он солҳо буд.
Мо донишҷӯёни курси дуюми факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики донишгоҳро декани факулта, олими маъруф ва журналисти закитабъ, муҳаррири собиқи рӯзномаи вилоятии «Ленин йӯли» Нуриддин Шукуров ҳамроҳи дигар толибилмон ба ҷаноза сафарбар карданд. Дар шоҳкӯчаи Аэропорт ҳаракати нақлиёт боздошта шуда, дар назди бинои Донишкадаи археология, ки дар шафати шоҳроҳ воқеъ буд, мардуми зиёде ҷамъ омаданд. Ба қавле, ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Аҳли идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои эҷодӣ, корхонаҳо, донишҷӯёну мактаббачагон гурӯҳ-­гурӯҳ бо гулчанбарҳо вориди бинои донишкада шуда, бо ҷасади марҳум, ки дар даромадгоҳ гузошта шуда буд, бо сӯзу гудоз хайру хуш менамуданд. Ҳа, он рӯз барои Самарқанд ва мардуми он рӯзи сахти ҷудоӣ буд. Халқ тобути ӯро эҳтиёткорона бо навбат ба китф гирифта, ҷониби қабристони Шоҳизинда гирякунон мебурд…
Ҳамин тавр, то дами марг Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ба сифати фидоии матбуот, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар тарбияи ҷавонони эҷодкор дилсӯзона саҳм мегирифт.
Бо саъю кӯшиши ӯ дар шӯъбаи нависандагон асарҳои адибони тоҷикзабон мунтазам муҳокима мегардид. Бо ташаббуси ӯ бори аввал дар ҷумҳурият бо иштироки адибони маъруф Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон семинари серӯзаи навқаламони тоҷикзабон гузаронида шуд, ки барои навқаламон басо муфид буд.
Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода соҳибқалами соҳибдиле буд. Сухани волоро қадр мекард. Назди сухан ва хонанда масъулиятро эҳсос менамуд. Аз ин рӯ, ба навиштани асарҳои бадеӣ ниҳоят серталаб буд, кӯшиш мекард, ки ҳикояҳояш ҳаётиву пурмазмун бошанд. Биноан, ҳикояву ҳаҷвияҳояш камшумор бошанд ҳам, пухтаю арзишманд, ки то ҳол дар китобҳои «Хотираи қалб» ва «Гулдаста» (Тошканд, нашриёти «Ёш гвардия») дастраси хонанда шудаанд.
Дар бораи фаъолияти журналистӣ ва одамияти Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дӯстону ҳамкорон ва шогирдону мухлисонаш аз қабили Хуршед Самеъбоев, Аҳмадҷон Мухторов, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Маъруф Отахонзода, Зоҳир Ҳасанзода, Беҳрӯз Маъруфӣ ва дигарон мақолаҳои хотирмон навиштаанд. Аммо хуб мешуд, ки гулчини мақолаҳои пурмӯҳтавои ин журналисти заковатманд дар шакли як китоби алоҳида табъу нашр гарданд. Зеро мавзӯъҳои навиштаҳояш имрӯз ҳам қимат доранд, кӯҳна нашудаанд.
…Кайҳо боз ният доштам дар бораи ҳамдеҳаи худ, журналисти ростқавлу ростгуфтор Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода мақолае нависам. Ҳанӯз солҳое, ки дар Тошканд дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» фаъолият доштам (1977-1980), бо ҳамин мақсад аз котиби масъули рӯзнома Раҳматҷон Норов (ба қавли ҳамкорон, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода он касро лутфомез «дирижёри саҳафоти рӯзнома» мехонд) илтимос карда, акси ретушёфтаю дар рӯзнома эълоншудаи ӯро гирифта будам. Беҳуда нагуфтаанд: ҳар кор вақту соат дорад. Дар он сурат, ки ҳоло ба ихтиёри рӯзномахонон ҳавола менамоям, сурату сирати дилкаш, чеҳраи хирадмандона, нигоҳи уқобмонанд, рӯҳи эҷодкори ин фидоии матбуот, журналисти ҷасур, ки дар кӯчаҳои зодгоҳам Боғимайдон, дар анҷуманҳои илмию адабӣ борҳо дидааму аз файзи сӯҳбатҳояш баҳраманд гардидаам, ҳамин тавр хотирмон ифода ёфтааст.

Абдусалом САМАДОВ,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.