Қадамҳои аввалини ман дар матбуот

Қадамҳои аввалини ман дар матбуот

  • Post category:Ҷамъият

Дар курси саввуми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мегирифтам. Ҳангоми таҳсил баробари рӯзномаву маҷаллаҳои дигар, шумораҳои «Овози Самарқанд»-ро низ мехондам. Рӯзе дар яке аз шумораҳои рӯзнома чашмам ба эълоне афтод: ««Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома шунавандагони навбатиро даъват мекунанд». Бо як гурӯҳ ҳамсабақон моҳи ноябри соли 2018 бо мақсади омӯхтани соҳаи журналистика ба таҳририят ташриф овардем. Моро ҷамоаи таҳририят бо мамнуният пешвоз гирифт.
Аз ҳамон рӯз ман аъзои «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» гаштам. Бо нозукиҳои касби журналис­тиву машаққати соҳаи матбуот зина ба зина хабардор гардидам. Дар ҳамон лаҳзаҳо фаҳмидам, ки журналистика касби душвор ва дар навбати худ шарафнок будааст. Ҳамин тавр мо дар давоми шаш моҳ аз устодони бомаҳорат сабақ гирифтем.
Баробари ин намунаҳои навиштаҳои – шунавандагони мактаб дар шумораҳои рӯзномаи «Овози Самарқанд» чоп шуданд.
Албатта барои дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шудани маводҳоямон хизмату ҷонсӯзиҳои устодонамон калон аст. Ниҳоят пас аз сабақомӯзии шашмоҳа бо сертификати махсуси «Овози Самарқанд» сарафроз гаштем.
Ҳамин тавр, дар дилам нисбати соҳаи журналистика шавқ афзун гардида, боз сӯи ин маскани илму маърифат шитофтам. Ният дорам, ки дар оянда, чун устодонам соҳибқалам гардам ва дар ин соҳаи шарафнок барои Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон ва рушди журналистика ҳиссаи худро гузорам.

Фируза АСЛИДДИНОВА, шогирди “Мактаби маҳорати журналистони ҷавон”.