Умре дар рӯзнома

Умре дар рӯзнома

  • Post category:Фарҳанг

Ҳамкасби мо Тоғаймурод Шомуродов имсол 16-уми октябр ба синни мубораки 75 қадам мегузорад. Ӯ фарзанди деҳаи Ҷағалбойлии ноҳияи Пастдарғам аст. Фаъолияти рӯзноманигории худро аз газетаи «Пастдарғом ҳақиқати» сар кардааст. Баъди он 52 сол боз кори журналистии худро дар рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» идома медиҳад. Барои фаъолияти пурсамар соли 2014 бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардид.
Баробари кори пурмасъулияти рӯзноманигорӣ ба тарҷима ва навиштани ҳикояҳои ҳаҷвӣ машғул мегардад.
Тоғаймурод Шомуродов муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳои ҳаҷвии «Жоннинг ҳузури» («Ҳузури ҷон»), «Хотинидан қӯрқмайдиган одам» («Одаме, ки аз занаш наметарсад») ва аз силсилаи ҳамзамонон «Эл-­юрт ташвишида кечаётган умр» («Умре, ки дар ташвиши халқу кишвар мегузарад») мебошад.
Мо Тоғаймурод Шомуродовро ба муносибати 75-солагиаш табрику шодбош гуфта, ба вай комёбиҳои эҷодӣ мехоҳем ва ду ҳаҷвияи ӯро пешкаши хонандагон мегардонем.
Дар варзишгоҳ
Варзишгоҳи футбол мисли орухонае, ки чӯб халонда бошанд, ғалоғула дошт. Мухлисон додзанон соҳибони майдонро ба голзанӣ даъват мекарданд.
– Зан!
– Зан-­е, хунпар!
– Ба пеш парто, баччағар!
Ҳамин вақт ҷамоаи бозингарони рақиб шамол барин бошиддат ба майдони ҷаримавӣ даромада, яке аз соҳибони майдонро пешпо дода, афтонданд.
– Ура, пеналтӣ!
Вале ҳакам гӯё ҳеҷ воқеае рӯй надода бошад, ба дарвозабон тӯбро ба бозӣ дароварданро ишора кард.
– Аблаҳ, пеналти надод-­а, фурӯшанда! – яке аз ишқбозони футбол порчаи кандашудаи бетонии зери пояшро гирифта, ба сӯйи ҳакам ғурронд.
– Ана ба ту!
Мухлиси дигари дар паҳлӯяш нишаста, ин не, вай не, кашидаву кушода, ба гӯшу чаккаи ӯ як шаппотӣ зада фиристод.
– Э каллаварам, ҳамин сангро ҳам ба нишон расонида натавонистӣ-­ку!
Курсӣ
Турғун Тӯраевич баъди юбилейи ҳаштодсолагии худ ниҳоят ба рондани гашти пирӣ аҳд кард.
– Албатта, партофта рафтани курсии шаст сол нишастаам ниҳоят мушкил, – гуфт ӯ бо овози ларзон. – Лекин ин ҳаёт аст, барои ҷавонони ба ҷойи ман чашм дӯхтанишаста ҷойро холӣ карда додан лозим…
– Шумо барои мо ҳамеша дар паҳлӯямон, – ба ваҷд омада гуфт шогирдаш Ӯсарбой. – Мо доимо ба маслиҳатҳои шумо мӯҳтоҷем. Аъзоёни кафедраамон шуморо фаромӯш намекунанд. Мо бо роҳбарон гапзанон карда, барои хотира тӯҳфа кардани ҳамон курсии қадрдонатонро лозим донистем. Онро ба пешгаҳи хонаатон гузошта шинед ва моро ба ёд оварда истед.
Маросим ба охир расид. Ҳангоми гусел дар иҳотаи шогирдон Турғунбой Тӯраевич берун баромада, дар назди бино дар бормонаки болои кузови таксӣ курсии қадрдони боркардашударо дид. Акнун ба нарафтани ӯ дигар илоҷе намонда буд.

Аз забони ӯзбекӣ тарҷимаи
Бахтиёри ҶУМЪА.