Эҷодкори беқарору навовар

Эҷодкори беқарору навовар

  • Post category:Фарҳанг

Рӯзномаи вилоятии «Самаркандский вестник» бо баъзе сабабҳо бесарвар монд. «Калон»-ҳо байни худ машварат ороста, ба хулосае омаданд, ки вазифаи муҳаррири масъул муваққатан ба зиммаи хабарнигори оддӣ Анастасия Павленко гузошта шавад. Ҳатто аз ӯ хоҳиш намуданд, ки вай ҳамагӣ як-­ду моҳ то пайдо шудани муҳаррири муносиб кор мекунаду бас. Аз байн қариб панҷ сол сипарӣ гардид…
Кас ҳангоми варақ задани бастаи ин рӯзнома ва шинос шудан бо мазмуну мундариҷаи он ба хулосае меояд, ки аз ходими оддӣ то муҳаррири рӯзнома кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як мавод содда, фаҳмо ва ҷолиби диққат бошад. Мавзӯъ ранг ба рангу муаллифон соҳиби касби гуногун. Танқиди бебоконаву нишонрас. Ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муҳаррир устоди касбу кори худ, соҳибтаҷрибаи пурмаҳорат аст. Шояд аз ҳамин сабаб ҳолдонҳо Анастасия Владимировнаро «муҳаррири худодод» мегӯянд.
Воқеан, модари ӯ Элмира Усейнова дар собиқ рӯзномаи «Ленинский путь» (ҳоло «Самаркандский вестник») мусаҳҳеҳ буд ва гоҳ-­гоҳ духтарашро ҳамроҳ мегирифт. Ҳамкорон ба вай мегуфтанд, ки Настя чанги идораи рӯзномаро мехӯрад ва мумкин дар оянда журналист шавад.
Шояд ба гапи онҳо фариштаи роҳ «омин» гуфта будааст, ки бо гузашти айём Настя на танҳо хабарнигори варзида, балки эҷодкори навовар гардид. Аммо то ба қуллаи мурод расидан роҳи душвору нотакрори журналистиро тай кард.


Аҳли оила бо тақозои тақдир ба ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё кӯч баст. Элмира Усейнова дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба кор даромад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, он айём аҳли оилаи онҳо душвории иқтисодӣ дошт. Элмираопа ғайр аз касби мусаҳҳеҳӣ фаррошии идораи рӯзномаро ба зимма гирифт. Настя дар идора қабл аз рӯзномаро ба даст гирифтан бо чӯбу латтаи фаршшӯяк шинос шуд. Барои духтарчаи 12-сола бардоштани сатили об душвор буд, бинобар ин, модари дилсӯз зуд ба кӯмак омада, дастёри беминнати худро ситоишкунон дуо мекард, ки калони ҳамин хел идораи газетабарорӣ шавад.
Настя аз орзуҳои ширини модари муқаддас илҳом гирифта, ба рӯзномаҳо хату хабарҳо менавишт. Муҳаббат ба адабиёт ва матбуот ӯро ба Донишгоҳи давлатии Қаршӣ овард. Аллакай дар солҳои донишҷӯйӣ чӣ будани лавҳа, гузориш, мусоҳиба, очерк, фелетон ва дигар жанрҳои журналистиро медонист.
Баъди хатми мактаби олӣ ба Самарқанд омаду дар ҳафтаномаи «Леди», ки муаллифи доимии он буд, ба кор даромад. Дар ин ҷо аз устодони меҳрубон Светлана Леонидовна Мешеренова, Мария Артёмовна Газарова бисёр чизҳоро омӯхт. Аммо мураб­бии беминнату беғарази ӯ китобу маҷаллаҳо буданд. Баробари асарҳои Антон Чехов, Михаил Булгаков, Фёдор Достоевский, Константин Паустовский барин адибонро мутолиа кардан, аз эҷодиёти паёмнигорони байналхалқӣ Борис Аганов, Николай Грибачёв, Валентин Катаев, Юрий Летунов, Георгий Радов, Татяна Тэсс, Мариэтта Шагинян, Мэлор Стуруа, Николай Хохлов, Отахон Латифӣ ва дигарон низ аз наздик шинос гардид.


Фарорасии иди касбии ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ имконияти хушбахтона дод, ки ба утоқи кории ӯ ташриф фармуда, доир ба матбуот сӯҳбат намоям. Воқеан, дар хонаи ӯ диққати касро китобҳои ҷевон ва тубакҳои гулҳои гуногун ба худ мекашанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Настя зебопарасту китобдӯст аст.
– Журналист бояд бисёр мутолиа намояд, – ҳангоми сӯҳбат иброз дошт ӯ, – навиштанро дӯст доштан ҳам барои сайқали истеъдод хизмат мекунад. Коғазро пайваста сиёҳ кардан касро ба мақсад мерасонад. Агар нависанда хоҳад, ки забони асараш ширадору нотакрор бошад, пас бояд бештар калима ва ибораҳоро донад. Ман дар тааҷҷубам, ки баъзе навқаламон бо як-­ду хабар аз сархушӣ ва шӯҳрати ботинӣ дар осмони ҳафтум парвоз мекунанд. Охир бо як барги сабз баҳор нахоҳад шуд.
– Настя, ба фикри шумо журналист кист ва журналистика чист?
– Ба ин пурсиши шумо то ман соҳибқаламҳои номдор ҷавоб додаанд. Аммо камина журналисти муосирро шахси адолатпеша, холис ва ҳақиқатнигор медонам. Раисҷумҳури кишвар дар ҳар як баромади худ таъкид менамоянд, ки пайёмнигор сухани худ, қалами худ ва пайроҳаи худро дошта бошад. Гарчанд дар матбуот беш аз бист сол боз фаъолият мебарам, аммо ҳамон бастаҳои рӯзномаро варақ зада, бо иншои собиқ кормандони рӯзнома бо диққат шинос мешавам. Ирина Кириева, Эра Сенаторова, Галина Троиская, Наталя Шокирова услуби хосса доштаанд, ки омӯхтани онҳо муфид аст.
Пӯшида нест, ки блогерҳо мисли замбуруғҳои баъди борони баҳор бис­ёр шудаанд. Мақсади онҳо бо ҳар хел роҳ диққати мардумро ба худ кашидан аст. Вақтҳои охир онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз пашша фил созанд. Ин рақобати ҳалол нест – шӯҳратгадоӣ аст. Вай бояд доғи рӯзро бебокона дар чорчӯбаи қонун танқид намояд. Журналистика мисли ҳаёт гуногунпаҳлӯ ва рангоранг буда, дар кори эҷодӣ тақлидкорӣ нашояд.
– Ҳар як эҷодкор мавзӯи дӯстдошта дорад…
– Як замон дар ман ҳаваси археолог шудан пайдо гардида буд. Барои ба ин соҳа наздик шудан бисёр адабиётҳоро варақ задам. Ҳозир ҳам ба ин мавзӯъ шавқам баланд аст. Доир ба ёдгориҳои меъмории Самарқанд ва Қаршӣ чанд мақола дорам. Аммо вақтҳои охир муштариён ва корафтодагон бо масъалаҳои мухталиф ба идораи мо муроҷиат мекунанд. Ана баъд маҷбур ҳастам, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят азми сафар намуда, мақолаҳои таҳлилӣ – мулоҳизавӣ нависам. Албатта, танқид ба ҳама ҳам маъқул нест. Лекин барои ман дарду доғи мардумро ҳал кардан ҳам қарзу ҳам фарз.
– Аз сафари шумо ба Душанбешаҳр ва мамлакати офтоббаро – Япония хабар дорам…
– Барои хабарнигор саёҳат ва таҷрибаомӯзӣ ниҳоят зарур мебошад. Соли гузашта як гурӯҳ журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф фармуданд, ки дар байни онҳо камина ҳам буд. Бо хабарнигорони тоҷик Мирасрори Фарғонӣ, Алишер Примқулов, Сафо Сафаров риштаи дӯстӣ баста, ҳоло тавассути «фейсбук» мукотибаи доимӣ дорем. Охир «ақлҳоро ақлҳо қувват диҳад» мегӯянд-­ку.
Дар Япония бо корҳои нақлиётсозӣ аз наздик шинос шудам. Чанд гузоришам дар матбуот интишор ёфт.
– Ғайр аз «варақро сиёҳ» кардан боз чиҳоро дӯст медоред?
– Наҳорӣ ва хӯроки шоми банда бо китобу рӯзномаҳоро варақ задан оғоз меёбад. Табиат ва алалхусус гулпарварӣ ҷону дилам мебошад. Саёҳат ба кӯҳсор, лаби дарё ва зиёрати ёдгориҳои меъморӣ ҳаловат мебахшад.
– Нақшаҳои ояндаи шумо?
– Барои муҳаррир худи далели вуҷуд доштани хонанда, қатъӣ назар аз кӣ ва чикора буданаш, нуқтаи аз ҳама муҳим аст. Пас роҳбари рӯзнома дар рафти кори эҷодӣ бисёртар ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ташвиши мардум, ба ҳаёт ҷорӣ намудани навиди судбахш эътибор доданаш лозим.
Ҳоло ман аз имконият истифода бурда, додару хоҳарони ҳамқаламро бо иди касбиашон табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА.