Матбуот – қисми ҷудонопазири ҷамъият

Матбуот – қисми ҷудонопазири ҷамъият

  • Post category:Ҷамъият

Дар Хонаи маданияти «Нурафшон»-и шаҳраки Кимиёгарони шаҳри Самарқанд ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар он ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ходимони соҳаро бо ид табрик кард.
– Даври бошиддат ва тараққиёти босуръати замон тақозо мекунад, ки ба ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ чун қисми ҷудонопазири ҳаётамон нигоҳ кунем, – гуфт ҳокими вилоят. – Чунки ҳамаи соҳаҳои расонаҳои ахбор, рӯзнома, телевидения ва радио, нашрҳои интернетӣ ва блогерҳо дар шароити пандемия низ дар саривақтӣ паҳн кардани навигариҳо фаъолона иштирок мекунанд. Сазовори эътибор аст, ки онҳо аз баҳри ҳаловати худ гузашта, фаъолият пеш мебаранд.
Дар тадбир ба як гурӯҳ кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят ва Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон супурда шуд. Инчунин, ба ғолибони озмуни «Журналистони фаъолтарини сол» мукофот супурданд.
Баромади санъаткорон дар анҷоми тадбир кайфияти идонаро дучанд кард.