Минбаъд беморони коронавирус дар хона табобат мегиранд

Минбаъд беморони коронавирус дар хона табобат мегиранд

  • Post category:Ҷамъият

Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ роҷеъ ба таҳияи барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекис­тон, аз 5-уми июли соли ҷорӣ тартиби нави табобати беморони сирояти коронавирус ҷорӣ мегардад:
Ба бемороне, ки бемориашон сабук ва бидуни аломатҳо аст, бо тавсияи шифокорон дар асоси риоя ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ барои табобат дар хона иҷозат дода мешавад;
Ба нафароне, ки дар шифохона ва хона табобат мегиранд, бо назардошти дар давоми 10 рӯз бемориашон бидуни аломатҳо сабук мегузарад, амалиёти бекор кардани назорат ҷорӣ мегардад;
Шахсоне, ки бо беморони сирояти коронавирус дар мулоқот буданд, мувофиқи рӯйхати тасдиқшуда дар хона ё меҳмонхонаҳо ба муддати 14 рӯз бо риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ ба карантин гирифта мешаванд;
Дар асоси супоришҳои Сармутахассиси санитарӣ салоҳияти гузаронидани санҷишҳо барои тасдиқи намунаҳо бо натиҷаи мусбати таҳлили санҷишҳои ибтидоӣ ба марказҳои осоиштагии санитарӣ – эпидемиологии ҳудудӣ дода мешавад;
Бо мақсади офаридани базаи маълумотҳои аҳолӣ, ба санҷишҳои ИФА оид ба антитаначаҳои коронавирус баробари муассисаҳои тиббии давлатӣ муассисаҳои тиббии хусусии тандурустӣ низ ҷалб карда мешаванд.
Дар асоси гуфтаҳои боло, тартиби табобат ва нигоҳубини беморони гирифтори намуди сабуки ин беморӣ дар хона бидуни нишона таҳия ва қабул карда мешавад.
Инчунин, аз ҷониби органҳои корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила манзили истиқоматии нафароне, ки бемориашон сабук мегузараду дар хона бидуни аломатҳои беморӣ табобат мегиранд, зери назорати қатъӣ гирифта мешавад.
Нисбати шаҳрвандоне, ки тартиби қоидаҳои табобат ва нигоҳубини ин бемориро вайрон мекунанд, аз рӯи қонун барои вайрон кардани талаботи мубориза бар зидди пандемия ҷавобгарии маъмурӣ дида мешавад.
Аз 1-уми июл қоидаҳои карантин пурзӯр мегардад
Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ 1-уми июли соли ҷорӣ: бозорҳои либосвориву ашё ва маҷмӯъҳои калони савдои ҳудудҳои Ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои корҳои дизинфексионӣ баста мешаванд;
дар минтақаҳои «сурх» ва «зард» аз соати 07:00-и пагоҳӣ то соати 23:00-и шаб барои ҳаракати нақлиётҳо иҷозат дода шуда, дар ҷойҳои ҷамоатӣ аз 3 нафар зиёд ҷамъ шудан, дар гирду атрофи ҳавлӣ ва хонаҳои бисёрошёна бемақсад ҳаракат кардан манъ мегардад.
Танҳо дар ҳолати вазниншавии вазъи саломатии шаҳрвандон, занҳои ҳомилае, ки дар назорати шифокорон ҳастанд ва барои хариди доруву дармон ва маҳсулоти хӯрокворӣ барои ба кӯча баромадан рухсат дода мешавад.
Дар минтақаҳои «сурх» ва «зард» ҳаракати нақлиёти ҷамоатӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе маҳдуд карда мешавад.
Дар ҳудудҳои «сурх» ва «зард» ба тӯйгузаронӣ рухсат дода шуд
Аз 30-юми майи соли ҷорӣ сар карда дар минтақаи «сабз» ба гузаронидани тӯй, маърака ва маросимҳо бо иштироки 30 нафар рухсат дода шуда буд.
Акнун ин хел имконият ба ҳудудҳои «сурх» ва «зард» ҳам дода шуд. Тӯю маърака ва маросимҳоро бо иштироки 30 нафар дар хонаву ҷойи худ бо риоя ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузарондан мумкин. Нисбати шахсоне, ки ба қоидаҳо риоя намекунанд, дидани чораҳои маъмурӣ дар назар аст.