Дастгирии туризм – самти стратегии рушди кишвар

Дастгирии туризм – самти стратегии рушди кишвар

  • Post category:Иқтисод

Мувофиқи Фармони Президент аз 2-юми декабри соли 2016 «Дар бораи чораҳои таъмини рушди суръатноки соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» сайёҳӣ яке аз самтҳои устувор ва стратегии тараққиёти иқтисодӣ дар мамлакат муайян гардид.
Тартиби то як моҳ бе виза дар ҷумҳуриамон шудан ба шаҳрвандони як қатор мамлакатҳо ҷорӣ гардид, қоидаҳои визадиҳӣ то андозае содда гашт.
Чораҳое, ки андешида шуданд, ба таваҷҷӯҳи калони хориҷиён ба мамлакати офтобии мо, ки аз гӯшаҳои ҷолиб ва дидании олам аст, боис гардид. Агар тӯли соли 2017 ҳамагӣ 2 миллиону 700 ҳазор нафар сайёҳон аз Ӯзбекистон дидан карда бошанд, дар ҷамъбасти соли 2019 миқдори онҳо то 6,7 миллион нафар афзуд. Бештар аз 10 нашрияи бонуфузи хориҷӣ, ки масъалаҳои марбут ба сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, Ӯзбекистонро ба сифати «Мас­кани бонуфузи аз ҳама ҷозибанок» эътироф намуданд.
Ногуворие, ки пандемияи коронавирус дар саросари олам тавлид сохт ва он дар қатори бисёр соҳаҳо ба сайёҳӣ чӣ тавр таъсири манфӣ расонд, ба ҳамаамон маълум. Мувофиқи тахминҳое, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ арза медорад, бинобар ихтисор ёфтани штатҳои кории соҳа 74 миллион нафар то охири соли равон тарки вазифа хоҳанд кард, соҳаи сайёҳӣ тақрибан 800 миллиард доллар зарар хоҳад дид.
Балои коронавирус дар кишвари мо низ ҳис гашт, бо мақсади таъмини солимӣ аз 16-уми марти соли равон сайёҳии дохилию хориҷӣ дар мамлакатамон муваққатан қатъ гардид. Зиёда аз 1,5 ҳазор туроператорҳо ва тақрибан 1,2 ҳазор меҳмонхонаҳои хурду калон дар дохили диёр фаъолияти худро боздош­танд.
Вале ин маънои онро надошт, ки сайёҳӣ ва онҳое, ки ба соҳа сарукор доранд, аз эътибори давлат дур монда бошанд. Чораҳои таъхирнопазире, ки бо мақсади нармсозии таъсири оқибатҳои пандемия андешида шуданд, ба дастгирии иқтисодии соҳаи сайёҳӣ низ нигаронида шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои давлатие, ки бо имзои Президент эътибор пайдо карданд, алоқамандони соҳа дар пардохт ва ҳисобу китоби молиявӣ аз имтиёзоте, ки давлат барояшон тӯли моҳҳои апрел-декабри соли равон муайян намуд, истифода бурда метавонанд (қарздорӣ то 1-уми апрели соли 2020 ба ин татбиқ намешавад). Дар баробари мулкдорони соҳаи сайёҳӣ хидматчиёни фароғатгоҳ ва зиёратгоҳҳо, ҳунармандон, ки аз сайёҳӣ даромад меёбанд, кормандони соҳаи нақлиёт ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ки ба сайёҳон хидмат менамоянд, ҷамъ 250 ҳазор нафар аҳолӣ, ба дастгирии давлатӣ фаро гирифта шуданд.
Чанде пеш таҳти роҳбарии Президент ҷамъомади видеоселекторӣ доир гашт ва реҷаҳо оиди барқарорсозӣ ва рушди сайёҳии дохилӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гашт барои кор карда баровардани сохтори амнияти сайёҳонро кафолатдиҳанда омӯхтани таҷрибаи кишварҳои рушдёфтаи хориҷ аз аҳамият холӣ нест.
Вақти он фаро расида, ки дар байни ҳудудҳои «сабз» сайёҳии дохилӣ барқарор ва барои ин амнияти санитарӣ, эпидемиологии сайёҳон таъмин, гӯшаҳои таърихӣ, мас­канҳои табобатию шифоӣ, қадамҷову фароғатгоҳҳо ба қабули сайёҳону саёҳатгарон ҳарҷиҳата омода бошанд, гуфт роҳбари давлат.
Пандемия ҳанӯз давом дорад, рух надодани сирояти коронавирусро касе кафолат дода наметавонад. Талаботи карантин дар нуқтаҳои сайёҳӣ қатъиян риоя карда мешаванд.
Маълум, ки баробари Самарқанду Бухоро, Қӯқанду Хева, Тирмизу Шаҳрисабз барин шаҳрҳои қадимиамон, ки бо ёдгориҳои таърихии худ осорхонаи зинда таҳи осмон кушоданд, баробари оромгоҳ ва қадамҷойҳои бузургмардони олами ирфон ва дини мубини мо, ки эътибори зиёратгарони дохилию хориҷиро ба худ мекашанд, кӯл, чашма ва кӯҳсори хушманзари диёри мо низ сайёҳони дуру наздикро ба худ ҷалб менамоянд. Хусусан, қадами хориҷиён аз кӯҳпояҳои воқеъ дар вилоятҳои Навоӣ, Намангон, Фарғона ва Тошканд солҳои дароз аст, канда намешавад. Хориҷиён нафақат дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ, балки дар хонаҳои шахсӣ, чорбоғҳои барҳаво, ки ба иҷора дода мешаванд, муваққатан зиндагӣ мекунанд. Кӯҳис­тониёни мо бо хориҷиён чӣ тавр муносибат ва муомила карданро хуб омӯхтаанд. Ҳаракат мекунанд баробари офаридани шароити маишӣ барояшон таомҳои миллӣ пазанд, урфу одат, таомулҳои ибратбахши бобоиро ба меҳмонон намоиш диҳанд. Баъди ба кишвари худ баргаштан низ гурӯҳи ҷудогонаи сайёҳон бо кӯҳистониёни меҳмондӯсти мо муносибатро давом медиҳанд. Бад-ин маънӣ, сайёҳӣ нафақат ба соҳибкорони маҳаллӣ, ки хориҷиёнро қабул мекунанд, манбаи даромад, балки барои мустаҳкамшавии риштаи муносибат байни мамлакатҳо чун восита хидмат менамоянд. Бо зиёд шуда истодани миқдори субъектҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳои оилавӣ иқтисодиёти мамлакати мо рӯ ба ривоҷ мениҳад.
Ба наздикӣ гурӯҳи корӣ иборат аз масъулони идораи ҳудудии Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ ва вакилони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳолати 16 сиҳатгоҳ, 12 фароғатгоҳ, 22 объекти сайёҳӣ воқеъ дар вилояти Намангонро санҷид. Аксарияти нуқтаҳое, ки зикр ёфтанд, ба мавсиме, ки дар пеш истодааст, ҳарҷониба омода буданашонро исбот намуданд. Дар рафти омӯзиш таъкид гардид, ки баробари саранҷому сариштагӣ, яъне ба талаб ҷавобдиҳии ҳолати санитарию гигиении объектҳо хушзабонӣ, маданияти муомилаи ба намангониён хос низ дар ҷалби саёҳону зиёратгарон ба гӯшаҳои ҷолиби вилоят омили муҳимест.

М.ШОДИЕВ.