Таъсиси медали «Соғлом турмуш» варзишгаронро хурсанд кард

Таъсиси медали «Соғлом турмуш» варзишгаронро хурсанд кард

  • Post category:Ҷамъият

Дар натиҷаи саъю ҳаракати зиёд Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ байни мамлакатҳои тараққикарда аз ҷиҳати варзиш ҷойи ба худ муносибро ишғол кард. Сабабҳои асосии ривоҷёбӣ дар чист? Албатта, омилҳои асосии он дар тайёр намудани варзишгарони боиқтидор, фаъолияти мураббиёни ботаҷриба, шароити хуби варзишӣ ва рағбатнок сохтани онҳо мебошад. Бо мақсади ривоҷи ин соҳа дар мамлакат қарор ва фармонҳо қабул гардидаанд.
Санаи 26-уми майи соли 2020 аз ҷониби Президенти кишвар Қонун «Дар бораи таъсиси медали «Соғлом турмуш» имзо гардид. Қонуни имзошудаи Президент дар вилояти Самарқанд низ дақиқ омӯхта мешавад. Бояд гуфт, ки бо медали «Соғлом турмуш» ходимони муассисаҳои тиббӣ, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, блогерҳо, шаҳрвандон, оилаҳои намунавӣ, варзишгарон ва дигарон мукофотонида мешавад. Инчунин, ба соҳибони медал ба миқдори 10 баробари миқдори камтарини музди меҳнат мукофотпулии якмаротибаина дода мешавад ва дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз имтиёзҳо истифода мебаранд.
– Фикр мекунам, ки қарори қабулшуда дар ҷумҳурӣ ба ривоҷи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ хизмати арзанда мекунад, – мегӯяд мудири кафедраи методикаи тарбияи ҷисмонӣ, профессор Ҷӯрақул Эшназаров. – Ин албатта, аз он далолат медиҳад, ки ба ходимони соҳа эътибори калон дода мешавад.
– Дар қарор, барои ташкили тадбирҳои фаъоли ҷисмонии оммавӣ ва барои ба ҳаракати умумимиллӣ табдил додани он тамоми роҳбарони ташкилот ва идораҳо масъул гардиданд, ки ин ба воситаи варзиш ба ҷавонон ирода, матонат, мустаҳкамии хислатҳои боварӣ ба имконияти қувваи худро меомӯзад. Дар онҳо ҳисси ватандӯстӣ, садоқатро пурзур мекунад, рағбатноксозӣ аз тарафи вакилони соҳа, натиҷаҳои назарраси варзишгарон, мураббиёну ҳакамҳо, вакилони ташкилоти варзишӣ ба ривоҷи соҳа таъсири калон мерасонад, – мегӯяд мураббии кафедраи «Методикаи тарбияи ҷисмонӣ»-и филиали самарқандии Маркази такмили ихтисос ва бозомӯз, мутахассиси илмӣ-­методикӣ оиди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ Ҷаҳон Аҳмедов. – Боварӣ дорам, ки ҳиссаи муносиби устодон ва мураббиён дар ривоҷи соҳа, рағбатноку оммавӣ гаштани соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ таъсири босамари худро мерасонад.
– Дар ривоҷи варзиши оммавӣ байни насли наврас, ба камол расондани онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ пурзӯр, тайёр намудан ба ҳаёти нав мактабҳои умумӣ, роҳбарони соҳаи таълими томактабӣ, мураббиҳои варзишӣ ва дигар мутахассисони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ин медал айни муддао гашт, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи директори шӯъбаи вилоятии Федератсияи тенниси Ӯзбекистон Акмал Ҳакимов.
– Дар 23-то хонаи бисёрошёнаи маҳаллаамон 4350 нафар шаҳрванд истиқомат мекунанд, ки зиёда аз 850 нафари онҳо ҷавононанд, – гуфт раиси маҳаллаи «Хӯҷасоат»-и мавзеи Сартеппа Мӯҳсин Ҷумъаев. -Қисми зиёди онҳо дар бинои коллеҷи сайёҳии Сартеппа, Маркази солимгардонии бачагонаи рақами 2 ва мактаби рақами 55-и маҳаллаамон мунтазам ба варзиш машғуланд. Дар давраи пандемия низ ба қоидаҳои карантин риоя карда, бо варзиш шуғл меварзанд. Онҳо зери назорати мураббиён бо намудҳои варзиш банд ҳастанд. Қарори нави Президентамон дар бораи таъсиси медали «Соғлом турмуш» ба тарзи доимӣ бо варзиш шуғл варзидан ва ба шуғли ҳаррӯза табдил додани он лоиқи таҳсин аст. Боварӣ дорам, ки аз маҳаллаи мо низ соҳибони медали «Соғлом турмуш» пайдо мешавад.

Салом ҲАКИМОВ.