Маҳсулоти «Булунғур-­Сандвик»  дар растаҳои бозори дунё

Маҳсулоти «Булунғур-­Сандвик» дар растаҳои бозори дунё

  • Post category:Иқтисод

Аз тарафи кишоварзони ноҳияи Булунғур маҳсулоти кишоварзии беш аз 1 миллион долларина экспорт карда мешавад. Дар мамлакатамон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти босифати деҳқонӣ кластерҳои меваю сабзавот ташкил мегарданд. Дар натиҷа, ҳосилнокӣ ва даромад меафзояд. Беш аз 80 навъи маҳсулоти кишварамон ба 66 мамлакати дунё экспорт мегардад.
Барномаи ислоҳнамоии корхонаҳои хоҷагии қишлоқ дар вилояти Самарқанд ҳам зина ба зина татбиқ мегардад. Имрӯзҳо дар вилоят дар самти пахта, ғалла, меваю сабзавот зиёда аз 40 кластерҳои хоҷагии қиш­лоқ фаъолият доранд, ки маҳсулот экспорт мекунанд. Аз ҷумла, ҶММ «Булунғур-­Сандвик» яке аз корхонаҳои калон мебошад, ки соли гузаш­та дар ин корхона ба миқдори 5 миллиону 955 ҳазор доллар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва хӯрокворӣ ба мамлакатҳои Россия ва ИМА экспорт карда шуд.
Дар мамлакатамон бо мақсади бартарафсозии зарари пандемияи коронавирус, баланд бардоштани салоҳияти экспорт соли ҷорӣ экспорти маҳсулоти беш аз 8 миллион долларина ба нақша гирифта шудааст. То ҳол ба миқдори 1 миллиону 579 ҳазор доллар карам, пиёз, исмалоқ, шибит ба мамлакатҳои Америка ва Аврупо экспорт гардид.
Айни замон аз ҷониби корхона дар ноҳияи Булунғур дар 341 гектар замин, дар ноҳияҳои Тайлоқ, Ургут ва Ҷомбой дар 1100 гектар маҳсулоти экспортбоби кишоварзӣ расонда мешавад.

Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилоят.