Азми заргари ҷавон гӯшвораву зеби гардон ҳусни замонавиро гирифтанд

Азми заргари ҷавон гӯшвораву зеби гардон ҳусни замонавиро гирифтанд

  • Post category:Маориф

Имрӯзҳо дар байни насли наврас, ки 64 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил мекунанд, ҷавонони соҳибистеъдоду боиқтидор зиёданд, ки бо донишу ташаббускории худ намунаи ҳамсолон гаштаанд.
Ойбек Тиллоев аз зумраи он ҷавононе мебошад, ки аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода бурда, имрӯз дар роҳи таъмини ояндаи дурахшони хешу Ватан пайваста меҳнат мекунад.
– Дар синфи 4-ум мехондам. Бобоям оҳангарӣ мекарданд. Ҳангоме ки дар саҳни ҳавлӣ бозӣ мекардем, аз, хонаи кории бобоям ҳар гуна садоҳо меомаду моро сӯяш мекашид, – давраҳои кӯдакияшро ёд овар шуда мегӯяд Ойбек Тиллоев. – Гарчанд бобоям ба мо – наберагон рухсат надиҳанд, ки мо илоҷе карда, аз паҳлӯяш ҷой мегириф­тем. Бо асбобҳои гуногуни оҳангарӣ кор кардани бобоям бароямон хеле шавқовару аҷиб буд. Шояд аз ҳамон лаҳзаҳо дар дилам нисбати ҳунари бобоям меҳр пайдо шуда бошад…
Бо гузашти солҳо бародарам Отабек Тиллоев ба ҳунари заргарӣ меҳр баста, аз пайи омӯзиши нозукиҳои он гашт. Вақте ки дар синфи шашум мехондам, аз паҳлӯи бародарам ҷой гирифта, сари ӯро бо ҳар гуна саволҳо гиҷ мекардам. Бародарам бо ҳавсала ба ҳар як саволам ҷавоб дода, асрори касб омӯзонид.
Ойбек Тиллоев пас аз хатми мактаби миёна солҳои 2007-2010 таҳсилро дар факултети заргарии коллеҷи ҳунармандии миллии Самарқанд давом дод. Баробари таҳсил бо кори заргарӣ шуғл варзида, бо пешниҳоду дастгирии устодонаш маҷмӯи корҳои заргарии худро офарид. Ӯ борҳо дар озмун-­азназаргузарониҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. Аз ҷумла, вай иштироккунандаи доимии озмун-­азназаргузаронии «Ташаббус» мебошад. Инчунин, ғолибу лауриати озмунҳои «Келажак овози» аст.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2014 ин ду бародари соҳибҳунар дар намоишгоҳи «Дар зери осмони абрешим» ва чунин намоишгоҳи давлати Хитой низ бо корҳои худ иштирок намуда, бо сертификатҳо сарфароз гардидаанд.
Ойбек Тиллоев то соли 2015 бо роҳнамоии бародараш Отабек фаъолият бурда, аз соли 2016 мустақилона кор мекунад. Чашмикордониву меҳнати пурсамараи ӯст, ки имрӯзҳо қариб 20 нафар шогирдонаш дар гӯшаву канори вилояту ҷумҳурият мустақилона кор мебаранд. Яке аз корҳои ба назар намоёни ӯ бо усули замонавӣ сохтани қоши тиллоии қадимӣ мебошад, ки ҳоло намунаи он дар шӯъбаи самарқандии Музейи давлатии маданият ва санъати Ӯзбекистон маҳфуз аст.
Ҷавони ташаббускору навҷӯ Отабек Тиллоев, бо мақсади дохил кардани навоварӣ ба ҳунари заргарӣ худро дар ҳар самти ҳунари заргарӣ санҷидааст. Ӯ бо кори дастӣ дар рӯйи миси алюмин тасвирҳои гуногун меофарад. Инчунин, сураҳои Қуръонро менависад, ки онҳо ба ҳавасу ихлоси баланди на танҳо мардуми мо, балки ба меҳмонони хориҷӣ низ сазовор гаштааст. Имрӯз нақшҳои офаридаи ӯ ба назари сайёҳони хориҷӣ афтода, харидоргир аст.
– Ниятам ҳаст, ки тайёр намудани тасбеҳро ба роҳ монам ва дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд дорам. Зеро то имрӯз мо тасбеҳро аз Туркия ва давлатҳои дигари мусулмонӣ дастрас мекунем. Агар ин ниятам амалӣ гардад, хеле хуб мешуд. Ҳоло бо усули замонавӣ сохтани зеби гардону гӯшвораҳои қадимаро низ ба роҳ мондаам, ки имрӯз ба онҳо талаб хеле зиёд аст.
Дар ҳақиқат, дар дунё ҳатто як нафар зан бошад ҳам ба кори заргарон талабу эҳтиёҷ мешавад. Зеро зару зевар зеби бонувон аст.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.