Аз зиддияти бародарон то ташкили ширкатҳои «Adidas» ва «Puma»

Аз зиддияти бародарон то ташкили ширкатҳои «Adidas» ва «Puma»

  • Post category:Варзиш

Ширкатҳои «Adidas» ва «Puma» ба гурӯҳи (бренди) даҳгонаи қиматтарини олами варзиш дохил мешаванд. Асосгузорони онҳо бошанд, дар гӯшаҳои мухталиф, дур аз ҳамдигар хобидаанд.
Воқеаи мазкур сад сол пеш шуда гузаш­тааст. Адолф Дасслер дар анборе, ки ба наздики барои ҷомашӯӣ сохта буданд, дар бораи онро чӣ гуна ба устохонаи кӯҳнадӯзӣ табдил додан фикр мекард. Оилааш таклифи ӯро қабул кард, аммо мақсадашро нафаҳмид. Барои хӯрдан чизе нест, хизмати ҷомашӯӣ ба касе даркор нест. Падараш Кристоф ва бародари калонияш Рудолф ҳар ду ходими фабрикаи истеҳсоли пойафзол буданд. Дар шаҳри кӯчаки Баварияи Херсогенаурахе ба 3500 нафар инсон 112 кӯҳнадӯз рост меомад. Лек Адолф яке аз онҳо шудан намехост. Вай ба кафшу шиппакҳои намадӣ мароқ надошт, балки дар фикри пойафзоле буд, ки дар ҳар навъи варзиш, барои натиҷаи хубро ба даст овардан хизмат кунад. Адолф дар заминҳои гирду атроф «партовҳои» ҳарбиёнро (шина, тоскулоҳ, парашют) кофта, онҳоро бо материалҳо месанҷид, дандонаҳоро дар оҳангархонаи дӯсташ месохт ва намунаҳояшонро ба ширкатҳои варзишӣ равона мекард… Вай устои моҳир буд, лекин аз ӯҳдаи ҳамаи ин корҳо баромада наметавонист ва дар ҳамин ҳолат бародараш Рудолф ба кӯмаки вай шитофт.
Онҳо соли 1924 фирмаи «Фабрикаи истеҳсоли пойафзоли бародарон Дасслер» – ро кушода, корҳоро байни ҳамдигар тақсим карданд. Ади – истеҳсол, Руди – фурӯшанда. Ҳар кадоме моҳирона корҳояшонро анҷом медоданд.
Майдони корхонаро калон ва шумораи коргаронро (то 25 нафар) зиёд намуда, бародарон баъди ду соли кор дар як рӯз сад ҷуфт пойафзол истеҳсол менамуданд, онҳо бори аввал бутси ва крассовкаҳои дандонадор барои атлетикаи сабук истеҳсол намуданд.
Баъди ду сол Лина Радке – варзишгари даванда дар олимпиадае, ки дар шаҳри Амстердам баргузор гардид, ғолиб омад. Дар пойҳои ин варзишгар крассовкаҳои ширкати Дасслер буд. Бародарон бо сармурабии атлетикҳои сабуки дастаи мунтахаби Олмон Йозефом Вайтсер ошно гардиданд ва ӯ ба онҳо маслиҳат медод ва гоҳо пойафзолҳояшонро реклама мекард.
Дасслерон оилаи сарватмандтарини Хертсогенаурах гардиданд. Аз фабрика начандон дур як хонаи калон сохтанд. Ади ҳамроҳи занаш Кати дар ошёнаи якум, Руд бо занаш Фридл дар ошёнаи дувум, волидайнашон бошад дар ошёнаи сеюм зиндагӣ мекарданд.
Хоҳари Фридл ба ёд оварда мегӯяд: «Ба зудӣ дар оила нофаҳмиҳо сар шуд. Занҳо бо ҳам ҷанг мекарданд, бародарон бошанд, ҳар кадоме тарафи зани худро мегирифтанд». Бар замми ин, байни бародарон низ дар кор муноқиша сар шуд. Калонӣ хурдиро ба эътибори зиёдати додан ба модели красовкаҳо таъна занад, хурдӣ калониро «ба ту шумора муҳим аст, на сифат» гуфта айбдор мекард. Лекин ҳангоми бозиҳои Олимпӣ дар соли 1936 муноқишаҳои оилавӣ як сӯ гузошта шуданд. Ба Берлин варзишгарони машҳур меомаданд. Дар дохили онҳо тездавтарин одами сайёра спринтери амрикоӣ Ҷесси Оуэнс низ буд. Боз як дари имконият ба онҳо боз шуд, зеро бо сабаби ин аз пойафзолҳои Дасслер тамоми дунё метавонист воқиф шавад. Ади дар ҷомадонаш беҳтарин модели крассовкаашро ҷойгир карду ба пойтахт, назди Оуэнс омад. Дар ин хусус мудири қисми бойгонии «Adidas» Карл-­Хайнтс Ланг чунин мегӯяд: «Онҳо дарҳол ба ҳам дӯст шуданд. Оуэнс крассовкаҳои фабрикаи «Дасслер» – ро пӯшида ғолиб баромад. Агарчанде вай побараҳна ҳам медавид, шояд ғолиб мебаромад.»

Атлети сиёҳпӯст бо крассовкаҳои Дасслерҳо соҳиби чор медали тилло шуд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Карл-­Хайнтс Ланг чунин мегӯяд: «Агарчанде синну соли бародарон аз чил боло буд, лекин ҳардуро ба ҷанг даъват намуданд. Лек Адолфро баъди як сол аз ҷанг озод намуданд, зеро хизматҳои вай барои фаб­рика заруртар буд».
Бародари хурдӣ дар Хертсогенаурах, бародари калонӣ дар фронт. Дар мактубҳое, ки онҳо барои ҳамдигар менавиштанд, суханҳои хуб набуд. Аз ҳамдигар шубҳа ва ҳамдигарро айбдор мекарданд. Рудолф бовар дошт, ки бародараш аз вазъият истифода бурда, фабрикаро комилан аз они худ мекунад. Адолф гумон дошт, ки Рудолф нияти бастани корхонаи истеҳсоли пойафзол, нақлиёт ва онҳоро ба корхонаҳои истеҳсоли яроқу аслиҳа табдил доданро дорад».
Хоҳарарӯси Рудолф, Бетти дар бораи яке аз сабабҳои асосии муноқишаи оилавӣ чунин менависад.
Дар паноҳгоҳе, ки оилаи Рудолф пинҳон шуда буд, Адолф бо оилааш омад. Ӯ такрор ба такрор: «Ин хукҳо баргашта омаданд» – мегуфт. Адолф фикр мекунад, ки ӯ оилаи онҳоро дар назар дорад. Рудолф ҷанговаронро дар назар дошта буд. Аммо Адолф ба худ гумон бурда, бо ҳамин муносибати бародарон вайрон мегардад.
Моҳи майи соли 1945 танкҳои амрикоӣ ба шаҳри Хертсогенаурах даромаданд. Ҷанг тамом шуд, лек ҷанги бародарон анҷом намеёфт. Рудолф аз ҷанг баргашт (ӯро ба лагери боз­доштшудагон фиристоданд), Адолфро бошад ба маҳкамаи суди кашиданд. Чӣ тавр, ки муаллифи китоби «Sneaker Wars» Барбара Смит қайд мекунад, ҳар кадоме аз бародарон барои худро ҳимоя намудан айбҳои ҳамдигарро мекофтанд. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки аз муайян намудани кадоме аз бародарон миллатгарову кадоме тарафдори пешравии истеҳсоли пойафзоли варзишист, муфаттишон низ безор шуданд. Барои амрикоиҳо бисёртар чӣ гуна ба вуҷуд омадани фабрикаи истеҳсоли пойафзол муҳим буд. Онҳо нақша кашиданд, ки дар шаҳри Хертсогенаурах истеҳсоли пойафзолро барои бозиҳои баскетбол ва бейсбол ба роҳ монанд. Парвандаи ҷиноятӣ баста ва роҳи бародарон ба як умр аз ҳам ҷудо шуд. Дар асл масофаи байни корхонаҳои бародари хурдӣ («Adidas» – тарзи кӯтоҳшудаи Ади Дасслер) ва бародари калон (аввал RuDa – тарзи кӯтоҳшудаи Руди Дасслер, лек баъдан номашро ба номи зеботари «Puma» иваз карданд) панҷсад метр буд.
Коргарон ва таҷҳизотро байни худ тақсим карданд. Ба коргарон пешниҳод карданд, ки ба тарафи дилхоҳашон – рост ё чап раванд. Аксари коргарон, ки пойафзолдӯз буданд, ҷониби Адолфро гирифтанд, савдогарон ба тарафи Рудолф гузаштанд.
Чӣ хеле, ки таърихнигор Манфред Велкер таъкид мекунад: «Ин муноқишаи оилавӣ қариб ба зиндагии тамоми мардуми шаҳр таъсир расонид, зеро тарафдорони «Adidas» ба он нонвой­хонаҳо, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, пивофуришиҳое, ки рақобатгаронашон равуо доштанд, ҳеҷ гоҳ намерафтанд.
Бародарон ҳанӯз аз ҳамдигар шубҳа мекарданд (акнун аллакай дар ҷосусӣ) ва чун даврони кӯдакияшон бо ҳам сабқат доштанд (фақат дар бозорҳои молҳои варзиш).
Дар ин баҳсҳо нахустин ғалабаро ширкати «Adidas» ба даст овард, зеро бо бутсиҳои он футболбозони олмонӣ нахустин маротиба дар таърихи футболи кишвар дар чемпионати Ҷоми ҷаҳон соли 1954 чемпион ҷаҳон гашта, медали тиллоро ба даст оварданд. Албатта, ин ба Рудолф алам мекард. Охир сармураббии дастаи мунтахаб барои дархост аввал назди вай омада буд. «Сармурабӣ мехост, ки ширкати «Puma» барои ҳамкорӣ маблағ диҳад, аммо Рудолф ба ин розӣ нашуд.» – Дар бораи имзо нагаштани шартнома раиси бойгонии ширкат Хелмут Фишер чунин хабар дода буд.
Бародарон ба ҳамдигар сухан намегуфтанд. Тобистони соли 1974 дар шуши Рудолф бемории рак пайдо шуд. Пеш аз марг вай бо Адолф муносибатро беҳтар намуданро хост. Руҳонии маҳаллӣ миёнарав шуд. Ӯ ба ёд оварда мегӯяд: «Ман аз назди як бародар ба назди дигараш барои муҳокима мерафтам». Лек Адолф ҳеҷ ба аёдати Рудолф наомад. Ҳатто ба қабристон ҳам нарафт. Баъди чор сол, яъне соли 1978 Рудолф низ вафот кард. Барои дар бозори Амрико пешсаф шудани «Nike»–ро дидан умраш каме нарасид.
Аз байн сӣ сол гузашт, акнун ширкатҳои «Adidas» ва «Puma», ки аллакай дигар ба оилаи Дасллерҳо таъаллуқ надоранд, чун нишонаи дӯстӣ байни ҳам бозиҳои рафиқона мегузаронанд. Ҳокими шаҳри Хертсогенаурах барои дар ҳолати ногувор намондан ба варзишгоҳ бо ду крассовкаҳои гуногун (дар як пояш крассовкаи «Adidas», дар дигараш «Puma» меояд).

Тарҷимаи Озод ҲОДИЗОДА.