Агентии мубориза бар зидди коррупсия ташкил гардид

Агентии мубориза бар зидди коррупсия ташкил гардид

  • Post category:Сиёсат

Бо назардошти вазифаҳои дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» муайяншуда, инчунин, бо мақсади пешгирии коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҷамъият ва давлат, афзунсозии самарабахшии сиёсати давлатӣ доир ба мубориза бар муқобили ин иллати иҷтимоӣ Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани сохтори мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» имзо гардид.
Мувофиқи фармон Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Агентӣ мақомоти давлатии дорои ваколати махсус аст, ки бобати ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кор мебарад.
Агентӣ ба Президент итоат намуда, дар назди палатаҳои Олий Маҷлис ҳисобдор аст.
Дар асоси фармон вазифаҳои асосии Агентӣ ва самтҳои фаъолияти он муқаррар карда шуд. Аз ҷумла, Агентӣ вазъи коррупсияро дар мамлакат ба таври сохторӣ таҳлил мекунад.
Агентӣ дар навбати аввал натиҷаҳои тафтишоти ҷиноятҳоро оид ба фасодкорӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ ва обрӯи байналхалқии Ӯзбекистон зарар мерасонанд, таҳлили маҷмӯӣ мекунад.
Дар давоми даҳ рӯз аз назар гузаронидани огоҳӣ, тақдимнома ва муроҷиати Агентӣ ва дар бораи натиҷаҳо ахбори хаттӣ пешниҳод намудан ҳатмист.
Дар асоси Фармон бо кормандон таъмин кардани Агентӣ дар асоси озмун, мутобиқи стандартҳои байналхалқӣ, аз рӯйи тартиби муқаррарнамудаи Агентии мубориза бар зидди коррупсия амалӣ мегардад.
Дар солҳои 2020-2021 дар тамоми мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ сохтори назорати дохилӣ бар зидди коррупсия («комплаенс-­назорат») зина ба зина ҷорӣ карда мешавад.
Доир ба баҳодиҳӣ ва мониторинги фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идора аз рӯйи мубориза бар зидди коррупсия, инчунин, самарабахшии барномаҳои давлатӣ ва дигар барномаҳо дар ин соҳа фаъолияти платформаи электронии «E-Anticor.uz» ба роҳ монда мешавад.
Таъминоти махсуси барномаи мобилӣ ки Агентиро дар бораи ҳолатҳои коррупсия хабардор мекунад, омода карда мешавад.
Шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва шӯроҳои минтақавии он ташкил карда мешаванд.
Инчунин, ба Агентии мубориза бар зидди коррупсия ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

талаб кардан, гирифтан ва омӯхтани маълумотҳое, ки бо сарфи маблағҳои буҷет, реализатсияи активҳои давлатӣ, харидҳои давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ вобастаанд;

баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯйи масъалаҳои коррупсия, инчунин, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи онҳо ва андешидани чораҳо доир ба ҳифзи манфиатҳои қонунии он;

ташкили тафтишоти маъмурӣ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба коррупсия;

ҳангоми дар қарорҳои ҳокимияти иҷро ва мақомоти идораи хоҷагӣ, инчунин шахсони мансабдори онҳо аниқ гардидани нишонаҳои коррупсия пешниҳод намудани тақдимномаҳо аз рӯйи баррасии маҷбурӣ дар бораи боздоштани иҷро ва ё бекор кардани онҳо.