Фаъолияти як қатор объектҳо боздошта шуд

Фаъолияти як қатор объектҳо боздошта шуд

  • Post category:Ҷамъият

Мувофиқи ахбори Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ аз 10-уми июли соли 2020 то санаи 1-уми августи соли ҷорӣ дар сартосари мамлакат фаъолияти объектҳои зерин муваққатан боздошта шуд:

  1. Паркҳо ва аттраксионҳои боғҳои истироҳатӣ.
  2. Бозорҳои ашё ва дӯконҳои калоне, ки бо савдои ашё машғуланд.
  3. Толорҳои варзишӣ, клубҳои фитнесӣ, тамрингоҳҳо ва бассейнҳо.
  4. Ташкилотҳои таълими томактабӣ, курсҳои хонишӣ ва ҳар гуна маҳфилҳо новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва мулкдорӣ.
  5. Объектҳои хӯрокхӯрии умумӣ (ресторан, кафе, ошхона, чойхона), ғайр аз хизмати интиқоли хӯрокворӣ.
  6. Фароғатгоҳҳо, пансионатҳо, истироҳатгоҳҳои бачагон, меҳмонхонаҳои оилавӣ, пляж ва дигар масканҳои фароғатӣ.