Беш  аз 700 ронанда қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карданд

Беш аз 700 ронанда қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карданд

  • Post category:Ҷамъият

Хизмати кормандони шӯъбаҳои ҳаракати бехавфии роҳҳо оиди ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт ниҳоят калон аст. Ба туфайли меҳнати онҳо дар роҳҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба тартиб медарояд. Дар давраи пандемияи коронавирус кори нозирон дучанд гардид. Онҳо сарбаландона вазифаи худро иҷро мекунанд. Мухбири ҷамоатии рӯзнома Толиб Юнусзода бо роҳбари шӯъбаи ҳаракати бехатарии роҳи ноҳияи Самарқанд, майор Алишер Нормаматов оиди фаъолияти шӯъба сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаш мекунем.
– Бигӯед, ки аз ҷониби шӯъба чӣ хел корҳо амалӣ мегардад?
– Имрӯзҳо дар даври карантин мо низ оромӣ надорем. Нимаи моҳи март дар мамлакатамон аз сабаби сарзании бемории коронавирус карантин эълон гардид. Нозирони шӯъба якҷоя бо кормандони назорати эпидемиологӣ ва андоз фаъолият пеш мебаранд.
Дар муддати 6 моҳи соли равон аз тарафи кормандони мо қоидавайронкунии 731 нафар ронанда қайд гирифта шуда, нисбати онҳо ҷарима ситонида шуд. 17 нафар ронанда сархуш ба сари фармони мошин нишаста буданд. 52 нафар шаҳрванд ғайриқонунӣ бо одамкашонӣ машғул шудаанд. Ҳолатҳои ба аломатҳои роҳ итоат накардани 114 нафар шаҳрванд, амал накардани 17 нафар шаҳрванд ба қоидаҳои чароғаки раҳнамо, аз ҷониби 90 нафар бидуни гувоҳнома идора кардани нақлиёт, дар 261 нафар набастани бандак (ремент) инчунин, сиёҳ кардани оинаи автомобилҳо, аз назорати техникӣ саривақт нагузаронидани автомобилҳо аниқ гардид.
– Дар нимсолаи аввал чандто садамаи нақлиётӣ рӯй дод?
– Дар муддати шаш моҳи гузашта дар ноҳияи Самарқанд 31 то ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух дод. Дар 6 ҳолат аз ҷониби бачаҳои ноболиғ садама содир гашт. Дар садамаҳо як нафар ноболиғ вафот карда, 5 нафар захмӣ шуданд. Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 19-уми майи соли 2018 ва қарори ҳокими вилояти Самарқанд аз 23-юми августи соли 2018 таҳти рақами 377 ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа «Рӯзи ҳаракати бехавфӣ» эълон карда шудааст. То ин вақт мо ба он амал мекунем. Бо корхонаҳои нақлиётии мусофиркашон 25 маротиба, бо автохоҷагиҳо 23 маротиба, бо корхона ва ташкилотҳо 64 маротиба, бо ҷамоаи мактаб ва боғчаҳо зиёда аз 100 маротиба вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо гузаронидем. Дар ноҳияамон 275 км роҳи автомобилгард мавҷуд аст. Дар даромади роҳи автомобилгарди ноҳияи Самарқанд истгоҳи «Самарқанд – кимёгарлар қӯрғони», дар истгоҳи «Танковая», дар роҳи «Самарқанд-­Қаршӣ» чароғакҳо гузошта, баннер овехта шуд. Дар гузаргоҳи пиёдагардҳо аломатҳои махсуси роҳгузарӣ, нақшҳои роҳгузарӣ (зебраҳо) кашида шуд. Дар кӯчаҳои халқавии автомобилгардӣ, назди тарабхонаҳои «Шодимурод», «Боғишамол гарден», «Аҳмадҷонбобо», «Ал-қаср», «Версал», «Аъзамбобо», «Рафиқбобо», «Тӯхтабобо», «Ҳамдамбобо» ва роҳҳои «Алмато-­Тошканд-­Термиз», «Самарқанд-­Бухоро», «Самарқанд-­Ғузор» ҳам чароғакҳои равшанкунанда, радарҳо, плакатҳо гузошта шуданд.
Зиёда аз 15420 нафар ронандаҳое, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кардаанд, ба рӯихат гирифта, ҷарима ситонданд. Дар муддати шаш моҳи соли 2020 аз қоидашиканҳо ба миқдори 1179230540 сӯм ҷарима рӯёнида шуд.
Аз рӯи моддаи 131-и кодекси маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба 62 нафар баённомаи маъмурӣ тартиб доданд. 41 нафар ронанда аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардид. Баённомаҳо ба суди ноҳия фиристонида шуданд.
– Ҳоло дар ноҳия мавсими ғалладаравӣ идома дорад…
– Бо саршавии мавсиуми ғалладаравӣ бо ронандаҳои мошинҳои боркаш, операторҳои комбайнҳои ғалладарав, тракторчиҳо, ки ба ғаллакашонӣ вобаста шудаанд, сӯҳбат кардем. То ки дар мавсим ягон ҳодисаи нақлиётӣ рух надиҳад.