Нияти нек – ними давлат

Нияти нек – ними давлат

  • Post category:Иқтисод

Деҳқонони ноҳияи Каттақӯрғон тирамоҳи соли гузашта бо нияти нек барои ҳосили соли 2020 дар 8926 гектар замин тухмии навъҳои серҳосили ғалларо кориданд. Бо ёрии ускунаҳои замонавии тухмипош ба ҳар як гектар ба ҷойи 250-270 килои пешина 150-170 кило тухмӣ кориданд. Ба ҳар як гектар ғаллазор 300 кило фосфор, 100 кило нурии минералии калий озуқа доданд.
Ғаллаккорон ба туфайли саривақтӣ ва босифат гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ беш аз 28214 тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд. Нақшаро дар 12 рӯзи корӣ иҷро карданд. Дар таърихи ноҳия аз рӯзи аввали ғалладаравӣ натиҷаи рекордӣ, яъне даравидани 3818 тонна ғалладона қайд гардид.
Ғаллакорони саройҳои муқобили мошину тракторҳои «Ю. Охунбобоев», «Гранттранс», «Р. Исломова», «Ж. Ҳайитов», «М. Султонов» дар ноҳия аз аввалинҳо шуда нақшаи ғалласупориро сарбаландона иҷро намуданд. Хоҷагиҳои фермерии пешқадами ин саройҳо ба нуқтаи ғаллақабулкунии ноҳия аз ҳар гектар 70-75 сентнерӣ ғалла супорида, барои бунёди хирман ҳиссаи муносиб ҳамроҳ карданд.

Ҷ.ПУРАСРОР.