Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз…

Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз…

  • Post category:Маориф

Оилаи Эгамбердиевҳоро, ки дар маҳаллаи Кафтархонаи шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунанд, нафақат дар шаҳрамон, балки дар тамоми мамлакат нағз мешиносанд. Чунки дар ин оила асосан муаллимон ва педагогҳои моҳир, олимон ва дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ умр ба сар мебаранд. Яке аз онҳо, омӯзгори собиқадор, педагоги ботаҷриба, Аълочии таълими халқ Нӯъмон Эгамбердиев мебошад, ки ӯ имрӯзҳо дар остонаи қадамгузорӣ ба синни мубораки 70 қарор дорад..
Нӯъмон Эгамбердиев 13-уми июли соли 1950 дар оилаи муаллимон Раҳмон Эгамбердиев ва Меҳрӣ Мингбоева таваллуд шуд. Падари вай дар давоми 67 сол дар мактабҳои таълими умумӣ, техникум, институт ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчун муаллими забоншинос ба хонандагон ва толибони илм дарс додааст. Модараш Меҳрӣ Мингбоева дар мактабҳои миёнаи шаҳр ва ноҳияи Самарқанд аз фанни математика дарс додааст.
Нӯъмон Эгамбердиев соли 1957 нахуст дар мактаби миёнаи рақами 32-и ноҳияи Самарқанд, аз соли 1962 дар мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Самарқанд таҳсил гирифтааст. Ў дар мактаб аз фанни физика ва химия иқтидори худро нишон медиҳад ва якчанд маротиба дар озмуну намоишҳои байнимактабии шаҳр ва вилоят ғолиб шудааст.
Вай баъди хатми мактаби миёна ба факултети физика-­математикаи Донишкадаи педагогии Самарқанд ба номи Сад­риддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1972 бо дипломи сурх хатм кард. Роҳбарияти донишкада истеъдод ва қобилияти вайро ба ҳисоб гирифта, ӯро ба кор таклиф карданд. Н. Эгамбердиев дар ин даргоҳ қариб 5 сол фаъолият намуда, баъд кори педагогиро дар мактабҳои миёнаи шаҳр ва ноҳияи Самарқанд давом дод.
Ў солҳои 1973-1974 хизмати ҳарбиро дар шаҳри Калининград ҳамчун зобит адо кардааст.
Фаъолияти педагогиро дар мактаби таҳсилкардаи худ давом дода, баъд ҳамчун мудири шӯъбаи методии шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд бисёр сол кор бурд. Дар ин муддат таҳти роҳбарии вай бисёр шогирду муаллим ва педагогҳои бомаҳорат тарбия ёфтанд. Дар ин вақтҳо мактаббачагони ноҳияи Сиёб аз фанни физика ва математика дар байни мактабҳои ҷумҳурӣ ҷойи муносибро ишғол мекарданд ва аксарияти онҳо ба донишгоҳҳои олӣ дохил мешуданд.
Ғайр аз ин, ӯ дар мактабҳои рақами 47, 3, 65-и ноҳияи Самарқанд аз фанҳои физика, математика, меҳнат ва ғайра дарс дода, бисёр шогирдони боиқтидорро тарбия кард ва ба роҳи зиндагӣ раҳнамун сохт. Имрӯз аксари шогирдҳо дар вилоятҳои Ўзбекистон ва қисман Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Онҳо то ҳол бо муаллими худ дар сӯҳбат шуда, баъзан маслиҳатҳо мепурсанд.
Нӯъмон Эгамбердиевро нафақат муаллим ва педагог, балки чун устои гилкор, дуредгар, пайвандгар, электирик, маляр низ хуб мешиносанд ва аксар ҷавонҳо, ҳамсояҳо, хешу табор аз устод асрори ин ҳунарҳоро омӯхтаанд.
– Агарчӣ муаллимӣ касби бошараф буд, маоши он камӣ мекард, – мегӯяд Нӯъмон Эгамбердиев. – Аз ин рӯ, бисёр муаллимҳои боистеъдод ва иқтидорнок аз мактаб рафта, касби дигарро интихоб карданд, Ман ҳам аввал мактабро тарк кардани шудам, лекин ғурури педагогии падару модарам ба ин роҳ надод. Чанд касби дигаро аз худ карда, баробари муаллим будан, бо ин касбҳо аробаи рӯзғорро кашидам.
Нӯъмон Эгамбердиев бо ҳамсар ва ҳамкурси худ, педагоги хизматнишондодаи шаҳри Самарқанд Мунаввара Мухторова 4 писар ва 1 духтарро тарбия карда, бобои дуогӯи 14 нафар набераҳоянд. Ҳоло фарзандҳояшон Бахтиёр Эгамбердиев подполковники хизмати корҳои сарҳади Хизмати бехатарии давлатӣ, Дониёр Эгамбердиев подполковники Гвардияи миллӣ мебошанд. Дигар фарзандон бошад касбу кори аҷдодиро давом медиҳанд.
Имрӯз аз номи фарзандон, шогирдон хешу табор, ҳамсоя, ҳамсинф, ҳамкурс, ҳамкасабаҳо, муаллим ва устод Нӯъмон Эгамбердиевро бо муносабати 70-солагии рӯзи таваллудашон табрик намуда, умри дароз, сиҳат саломатӣ, бахту саодат, тинҷию хотирҷамъӣ ва дидани камолоти фарзандҳою набераҳоро орзумандем.
Хоҳам ин шаб аз само ҳарфу ҳиҷо пайдо кунам,
Вожаҳоро чида-чида дар дили худ ҷо кунам.
Мисраҳои нодире даëбаму иншо кунам,
Як ташаккурнома бар устоди худ эҳдо кунам.

Раҳим ҚАЮМОВ,
мудири музей-­лабораторияи илмию амалии ДДС.