Оё пандемия санҷиши сабр, меҳру оқибати мост? ё худ пандемия ба мо «панднома» шуд

Оё пандемия санҷиши сабр, меҳру оқибати мост? ё худ пандемия ба мо «панднома» шуд

  • Post category:Ҷамъият

Ҳоло дар тамоми дунё муаммои асосӣ – бартараф кардани вазъияти пандемия ва оқибатҳои он мебошад. Ҳар яки мо дарк мекунем, ки хавфу зарари пандемия тамоми дунёро ба ларза меорад. Суоле ба миён меояд. Оё ҷиҳатҳои «фоидаовар»-и он низ мавҷуданд?
Табиат зебову нотакрор аст. Бӯи хуши майсаву гулу гиёҳҳо ба машом ва садои форами паррандагон ба гӯш чӣ хуш мерасад. Аз истироҳати табиат кас, болидахотир гардида, дил намехоҳад тарки он кунад. Аммо дигар илоҷе надорем, роҳ кӯтоҳ, вориди хона шудан лозим аст. Охир, карантин. Ба атроф зеҳн мемонам. Кош, боз як фурсат истироҳат мекардам, дар оғӯши табиати зебо ҳамроҳи оилаам, наздикону ёру дӯстон истироҳат карданҳо низ ғанимату як тӯҳфаи Парвардигор будааст, ки инро мо дер фаҳмидем…
Дар роҳ бо ҳамсояи назикамон рӯ ба рӯ шудам. Аз якдигар ҳолу аҳвол пурсидем. Ҳар ду мехоҳем, каме сӯҳбат намоему ғубори дил барорем, аммо медонем, ки ин мумкин нест. Карантин. Ҳар ду бо интизорӣ дили хоҳаму нохоҳам сӯйи хона мешитобем…
Ду моҳ ба таври онлайн кор кардем. Аз ростӣ корхонаву ҳамкасбонамонро хеле пазмон шудам. Рӯзе телефон садо доду гуфтанд, ки аз фардо фаъолиятамонро чун пешина дар корхона давом медиҳем. Аз хурсандӣ гӯё ба куртаам намеғунҷидам. Худро яке аз хушбахттарин одамони дунё ҳис намудам. Ҳамин лаҳза фаҳмидам, ки кор кардану дар байни ҷамоат гаштан низ бахт будааст…
Рӯзи аввали кор, пас аз карантини думоҳа. Ҳама хурсанд. Дар чеҳраҳо табассуми шукронагӣ ҳувайдост. Ҳамдигарро табрик мегӯем. Аз навгонӣ, ҳолу аҳволи якдигар пурсон мешавем. Дар як ҷамоа кор кардану бо ҳамдигар ҳамфикру ҳаммаслак шудан низ неъмати бузург будааст…
Имрӯзҳо дар кишварамон бо назардошти сабук кардани бори гарони мардум ва пешгирии сирояту паҳншавии пандемия дар тӯю маъракаҳо иштироки аз 30 нафар зиёд манъ карда шудааст. Ин албатта, танҳо ба манфиати халқ аст. Агар тартибу қоидаи мазкур ба 10 сол идома ёбад, ба фикрам дар мамлакатамон оилаи камбизоат, ҷавонписару ҷавондухтарони якка намемонанд. Зеро, ба мардуми мо одат шудааст, ки солҳои дароз бо чӣ машаққату арақи ҷабин кор карда, маблағи ҷамъкардаи худро дар як рӯз сарф кунанд. Ҳатто нафароне ҳастанд, ки аз ризқи фарзандон сарфа намуда ба нияти тӯй маблағ ҷамъ мекунанд, ба ҷое, ки ҷигарбандонашонро хуб тарбия намоянд, ба парастории каси дигар гузошта, худ ба мамлакатҳои хориҷа мераванд. Барои муҳайё кардани шароитҳои мусоиди оилавӣ маблағ надоранду илоҷе карда, барои 400-500 нафар тӯй медиҳанд. Албатта, ҳамаи ин моро сӯйи камбағалӣ мебарад. Солҳои охир тӯю маъракагузаронии мо ба пойгаҳи «ман аз ту зӯр» табдил ёфта буд.
Ҳоло худи мардум розианд, ки бо 30 нафар тӯй гузаронанд. Тӯйҳо ихчаму камхарҷ шуда истодааст. Ҳатто баъзеҳо кӯшиш доранд, ки саривақтӣ тӯйро камхарҷ карда гузаронанд. Инро албатта, ба «фоидаи» халқамон гуфтан мумкин аст.
Хуллас, имрӯзҳо дар ҳаёти рӯзмарраамон ба ин гуна дигаргуниҳо бисёр вомехӯрем. Баъзан мушоҳидаҳоямон суолеро пеш меорад, ки оё пандемия барои одамизод, ки аз фаровонӣ худро гум карда буд як навъ «панднома»-нест, ки аз тарафи Худо фиристода шудааст?
Шумо ба ин чӣ мегӯед. Фикру дархостҳоятонро интизор мешавем.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.