Хизмат ба Ватан шарафи бузург аст

Хизмат ба Ватан шарафи бузург аст

  • Post category:Ҷамъият

Дар гарнизони ҳарбии марказии Самарқанд маросими тантанавии қасам­ёди даъватшудагони хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар тадбир қӯмондони қисми ҳарбии марказӣ, полковник А. Саидов аскаронро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик гуфта, табрикномаи Вазири мудофиаро хонда дод.
– Имрӯз бароям яке аз рӯзҳои фаромӯшнопазир аст, – гуфт аскари оддӣ аз вилояти Намангон Шаҳзод Орифҷонов. – Ҳоло яке аз орзуҳои деринаам ҷомаи амал пӯшид, барои дифои Ватан қасамёд кардам. Дар оянда баҳри тинҷиву осудагии кишвари азизамон аз таҳти дил ва бо виҷдони пок хизмат мекунам. Зеро, хизмат ба Ватан шараф аст.
Маросими қасамёдкунӣ мувофиқи талабот ва риояи қоидаҳои карантинӣ баргузор гардид.
Ба сарбозон «Тузукоти Темур», «Таърихи Ӯзбекистон» барин китобҳои аз ҷониби Президент фиристодашуда тӯҳфа карда шуд.

Бахтиёр МУСТАНОВ.