Кори депутат танҳо даст боло карда тасдиқ кардан не!

Кори депутат танҳо даст боло карда тасдиқ кардан не!

  • Post category:Ҷамъият
ё ки кай намояндагони халқ мустақил кор мебаранд?

Имрӯзҳо аз сабаби навгонӣ ва ислоҳоте, ки дар роҳи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мутобиқи принсип ва тамоилҳои демократӣ амалӣ мегардад, Парламент ва Шӯроҳои маҳаллӣ дар шароит ва услуби нав фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, дар мисоли фаъолияти Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд ин равандро бараъло мушоҳида намудан мумкин аст. Яъне аксар депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ моҳияти ислоҳотеро, ки имрӯз амалӣ мешаванд, дархосту талабҳои Президенти мамлакатро комилан идрок намуда, дар ҳар як сессия бо саволҳо, таклифҳо ва афкори танқидӣ фаъол иштирок мекунанд.

Бояд эътироф кард, ки ин ошкорогӯӣ, шаффофият, озодии баён ва принсипҳои демократӣ бо иродаи сиёсии Президентамон вобаста аст. Мутаассифона, то ҳол баробари депутатҳое, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ, масъулият ва маҷбурияти худро комилан дарк накарда, танҳо ба ном даст мебардоранд, баъзе роҳбарони ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ низ ҳастанд, ки фаъол будани Шӯроҳои маҳаллиро, аз ваколат ва имкониятҳои васеи худ истифода намудани онҳоро намеписанданд.

Мақоми депутатҳо тағйир меёбад. Аммо…

Сарвари давлат соли ҷорӣ дар Муроҷиатнома ба Парламент таъкид карданд, ки «Мақсади асосии фаъолияти Парламенти нав ва ҳукумат дар 5 соли оянда – беҳсозии сатҳи рӯзгори халқи бисёрмиллате мебошад, ки дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд». Хӯш, ҳама депутат, сенаторҳо оё масъулияти худро бобати таъмини фаровонии рӯзгори мардум, ояндаи дурахшон, ҳаёти хушбахтонаи халқ медонанд? Аз ваколат ва ҳуқуқҳои худ пурра истифода мебаранд?
Гап дар он аст, ки ҷавоби саволҳои болоӣ бо мақоми депутатҳо муайян карда мешавад. Чӣ будани мақоми депутатӣ ва вазифаҳои асосии онҳо, ҳуқуқ ва маҷбуриятҳои намояндагон дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ ба таври амиқ нишон дода шуда бошад ҳам, аксарият одамон дар сар фикри ғалати «депутатҳо ғайр аз тасдиқ кардан, даст бардоштан, шунидани ҳисоботҳои дурудароз дигар коре надоранд»-ро ҷой кардаанд. Ҳатто ба ман ҳам «шумо депутат шуда, чӣ корро обод кардед» гуфта савол медиҳанд. Аз оҳанги савол пай бурдан душвор нест, ки мардум ба депутатҳо бовар намекунанд.
Дуруст, ки вақтҳои охир ин нуқтаи назар ранги дигар мегирад. Аҳолӣ бо муаммо ва пешниҳодҳои худ ба депутатҳо муроҷиат мекунанд, талабҳои худро мегӯянд. Ҷиҳати муҳими масъала дар ҳалли мусбии ҳамон муроҷиат, талаб ва таклиф мебошад. Нишондоди боварӣ ба депутатҳо дар асоси ҳамин аниқ карда мешавад.

Чаро боварӣ ба депутатҳо кам мегардад?

Ҷавоби савол оддӣ – депутат натиҷаеро, ки халқ интизор аст, дар амал иҷро карда наметавонад. Яъне муроҷиат, талаб ва таклифҳои мардум, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоии интихобкунандагон ба миён омадааст, ҳалли худро наёбад, натиҷа надиҳад, ба муаммоҳо саривақт чораҷӯӣ нашавад, боварӣ ба намояндаи халқ кам мегардад.
Дуруст, дар чунин маврид танҳо депутатро айбдор кардан нашояд. Чунки барои ҳалли мусбии масъалае, ки интихобкунандагон пеш мегузоранд, ҳокимияти иҷро на ҳамеша қодир аст. Масалан, мо чун вакили халқ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр бо аҳолӣ вохӯрӣ гузарондем. Онҳо як масъаларо пеш гузошта, «агар ҳамин муамморо ҳал кунед, аз Шумо миннатдор мешавем ва минбаъд ба шумо бовар карда, дастгирӣ мекунем…», гуфтанд. Афсӯс, ки муаммои пешгузоштаи онҳоро мо пурсиши депутатӣ фиристонда ҳам ҳал карда натавонистем. Ин ғайриимкон буд. Натиҷа чӣ хел? Ба сифр баробар мешавад. Хӯш, чӣ бояд кард?
Якум, ваколати депутатро ба мардум бештар бояд фаҳмонем. Дуввум, кадом масъала дар чӣ гуна сатҳ ҳал карда мешавад, омӯзонем. Яъне, баробари фаъолии сиёсии халқ, ҷаҳонбинии сиёсии онҳоро низ беҳтар созем.
Бо як сухан, дар байни халқ ва намояндагон қонунияти дурусти талаб ва таклиф бояд амал кунад.

Дар мақомоти ҳокимияти иҷро депутатҳое низ ҳастанд, ки бо кайфияти маддоҳӣ танҳо барои тасдиқ даст боло мекунанд, ба муҳокима ҳамроҳ нашуда, «сухани шумо дуруст» мегӯянд, ки ин ҳақиқати талхро инкор карда наметавонем. Маҳз бо «шарофати» чунин намояндагон боварӣ ба депутатҳо кам мегардад.

Фикр мекунам, дар рафти ислоҳоти иҷтимоӣ-­сиёсии имрӯза чунин шахсоне, ки танҳо «даст боло месозанд» ҷойи худро ба намояндагони ватанпарвар, ташаббускор, соҳибхирад, ки бо дарди халқ зиндагӣ мекунанд, холӣ менамоянд.

Барои боварӣ… аз мурувват дида, муҳаббат муҳим аст!

Дар шахсе, ки муҳаббат ҳаст, мурувват ҳам мешавад. Аммо вақтҳои охир бештар бо мурувват намоиш додани муҳаббат ва садоқат ба назар мерасад. Баъзе депутатҳо барои сафед кардани боварӣ ва ба эътибори мардум афтодан мурувват карданро, саховатпешагиро ихтиёр менамоянд. Ба ин ягон эътирозе надорем. Агар ин ҳолат холисона, яъне беғараз бошад. На барои боло бардоштани рейтинг, чашм-­чашм кардани фаъолияти худ ва барои ба баъзеҳо маъқул шудан амалӣ гардад.
Сарлавҳаҳои зерин, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ба чашм мерасанд, исботи ин фикр шуда метавонанд: «Депутат 70 оиларо бо таҷҳизоти рӯзгор таъмин кард», «Депутат қарздории 110 хонаводаро ба ӯҳда гирифт», «Шаҳрванди бехона бо кӯмаки депутат соҳиби хонаву ҷой гардид», «Депутат ба шифокорон кӯмак мекунад», «Депутат ба 230 оилаи ниёзманд дасти мадад дароз кард», «Депутат қариб ба ҳазор оила бепул орд тақсим кард», «Депутат ба оилаи мӯҳтоҷ хона сохта медиҳад» ва ғайра.
Афсӯс, дар мисоли депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ мақолаҳоро бо сарлавҳаи «Депутатҳо ҳисоботро қабул накарданд», «Бо ташаббуси депутатҳо ба қарор тағйирот дароварда шуд», «Депутатҳо боиси пойдоршавии адолат гардиданд» қариб намебинем. Барои чӣ? Чунки дар сохтори парламенти Ӯзбекистони нав, умуман дар тамоми соҳаҳо барои ошкорогӣ ва шаффофият шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам бошад ҳам, аксарият депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ маҳдудуиятҳои озодиро эҳсос мекунанд. Боз ҳамон савол: барои чӣ?

Шӯроҳои маҳаллӣ аз хоб бедору ҳушёр мекунанд…

Ваколатҳои депутатҳоро бобати назорати ҳокимияти иҷро дар доираи ваколатҳои Шӯрои намояндагони халқ, ки дар моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат» нишон дода шудааст, як-­як таҳлил кунем, шоҳиди он мегардем, ки дар ин самт баъзе масъалаҳо норавшан боқӣ монда, баъзе ваколатҳо аз рӯйи маҷбурият оварда шудаанд.
Масалан: ваколатҳои асосии Шӯрои намояндагони халқи вилоят, ноҳия, шаҳр: норма дар бораи «…дар асоси тақдими ҳоким, тасдиқ кардани барномаҳое, ки ба рушди ояндаи ҳудуд нигаронида шудаанд, сарнақшаи ноҳия ва шаҳр ва қоидаҳои бунёди он» мавҷуд аст. Агар ҳолати тағйир додан ё инкор кардан (нисбат ба тақдими ҳоким) ба миён ояд, чӣ мешавад? Дар бандҳои минбаъдаи ин қонун: қоидаи «ба вазифа тасдиқ кардани ҳоким ва ҷонишинҳои ҳоким, аз вазифа озод кардани ҳоким ва ҷонишинҳои ҳоким, шунидани ҳисоботи онҳо дар доираи фаъолият, инчунин, гӯш кардани сарҳисоби ҳокимҳо аз рӯйи масъалаҳои аз ҳама муҳим ва пурдолузарби ривоҷёбии иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят, ноҳия ва шаҳр» муқаррар карда шудааст.
Дар ҳақиқат, дар назди Шӯрои маҳаллӣ ҳисобот додани мақомоти иҷро, амали тамоили ҳақиқии демократиро ифода мекунад. Аммо дақиқии ҳисобот, сатҳи боваринокӣ, масъалаҳои қабул кардан ё инкор намудани он дар назар беэътибор мондааст.
Дубора такрор мекунам, ки шӯроҳои маҳаллӣ фаъол мешаванд, аксариятро «бедор» карда, ҳуш­ёртар месозанд. Ба қарибӣ дар сессияи Шӯрои шаҳр доир ба як қатор масъалаҳо ҳисоботҳо шунида шуд, қарорҳо барои муҳокима пешакӣ тақдим гардид. Баъзе депутатҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд, аммо на вазъият ва натиҷа тағйир ёфт – ҳисобот ҳам дода шуд, қарор ҳам қабул гардид.
Ба фикрам, Президентамон дар ин самт дар Самарқанд ташкил кардани мактаби ба худ хосро, Шӯрои намунавӣ шудани онро, беҳуда пеш нагузоштанд.
Агар хоҳем, ки дар ҷамъомад ва сессияҳои Шӯрои маҳаллӣ ошкорогӣ, шаффофият ва фаъолии сиёсӣ пурзӯр гардад, мебояд ин ҷараёнҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим (онлайн) пахш гардад. Бо ҳамин баҳона, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дониши сиёсии баъзе роҳбарон ва ноибони халқ намоён мешавад. Дар ин самт Сенати Олий Маҷлис намунаи ибрат шуда тавонист. Имрӯзҳо доираи ваколатҳои парламент васеъ гардида, дар чӣ сатҳ иҷро шудани вазифаҳои дар ӯҳдаи он гузошташуда, ба зинаи нав баромадани сифати фаъолияти Сенати Олий Маҷлисро ҳама мушоҳида карда, баҳои худро медиҳад.

…Танҳо ҳоким масъул нест

Яке аз асосҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ иродаи халқ бошад, барои вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ-­рӯҳии минтақаҳо танҳо ҳоким ҷавобгар ё ки масъул нест. Аз моҳияти Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат» бармеояд, ки дар ҳалли муаммо ва масъалаҳои вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо дар баробари роҳбарияти ҳокимияти маҳаллӣ, ноибони халқ, яъне депутатҳое, ки бо хоҳишу иродаи аҳолии ҳудуд интихоб гардидаанд, масъул мебошанд. Бинобар ин, дар ин бобат мувозинат аҳамияти муҳим дорад. На танҳо бобати масъалаҳое, ки ҳоким қарор кардааст, супориш додааст, ба нақша гирифтааст, қарор қабул кард, балки ба масъалаҳое, ки депутатҳо пеш мегузоранд, эътироз баён мекунанд, таклиф менамоянд, бояд дар амал эътибор дода шавад.
Дуруст, дар ин самт як қатор тағйиротҳои чашм­рас ҳастанд, аммо муаммоҳо низ хеле зиёданд. Масалан, чанде пеш ба муроҷиати як депутат ба ҷонишини ҳокими шаҳр доир ба масъалаҳои сохтмону саноат гувоҳ шудам: «Илтимос, таъмири роҳҳои минтақаеро, ки ман интихоб гардидаам, ба нақша дароред, таъмир карда диҳед. Дар пеши мардум камтар бошад рӯйсурх мегардидем.»

Ана, муаммо дар куҷо! Гап дар сари он аст, ки мехоҳем ё не, депутатҳо дар аксари масъалаҳо то ҳол «ба даҳони» ҳокимияти иҷро менигаранд. Барои бартараф кардани ин ҳолат мебояд зина ба зина ислоҳоти заруриро тат­биқ намуд. Яъне, то замоне, ки ҳоким ба сифати раиси Шӯро фаъолият мебарад, депутатҳо озоду мустақил шуданашон мушкил.

Барои бекор кардани мақоми ҳоким чун раиси Шӯро чораҳо андешида мешавад. Албатта, дар ин сохтор зина ба зина ҳаракат карда, ташаккул додани таҷриба ва маҳорат, омӯхтани шароитҳо мувофиқи мақсад мебошад. Яъне, чораҳое, ки андешида мешаванд, қарорҳое, ки қабул мегарданд ва қонунҳои таҳияшуда, иҷрои худро комилан намоён карда, дар шуури аҳолӣ мафҳуми «ҳоким» ва «депутут»-ро бояд тағйир ёбад, мазмуни нав бигирад. Танҳо дар чунин маврид ба натиҷаҳои амалӣ ноил мегардем. Сохтор бояд чунин ташаккул ёбад, ки идора комилан ба ӯҳдаи ҳоким вогузор гардида, назорат аз тарафи Шӯрои маҳаллӣ татбиқ шавад. Агар ваколати ҳокимро бобати сарварӣ ба депутатҳо бекор кунем, раиси Шӯро интихоб гардад, дар чунин маврид ба зинаи нави рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мегузарем. Ғайр аз ин, бо тағйир ёфтани роҳбарони ҳудудӣ вазифаҳои стратегӣ, мақсадҳо тағйир намеёбад.
Ӯзбекистон ҷониби фатҳи марраҳои нав ба пеш меравад. Дар зарварақҳои таърих ин солҳо ба сифати даври тамаддуни нав дар Ӯзбекистон навишта хоҳад шуд. Барои ин ҳамаи мо дар позитсияи шаҳрвандии худ устувор истода, бо дониш, меҳнат, ҷасорат ва садоқати хеш, чун шахси Ватандӯст ва халқпарвар бо дарди халқ ва ташвиши равнақи кишвар бояд зиндагӣ кунем.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фан доир ба фанҳои фалсафа, депутати
Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд.