Кодекси об таҳия мегардад

Кодекси об таҳия мегардад

  • Post category:Сиёсат

Бо мақсади таъмини доимии аҳолӣ ва тамоми шохаҳои иқтисодиёт бо об, беҳсозии ҳолати мелиоративии замини обёришаванда, татбиқи васеи тамоилҳо ва механизмҳои бозор, инчунин, технологияҳои рақамӣ дар хоҷагии об, таъмини фаъолияти эътимодбахши объектҳои хоҷагии об ва афзунсозии самарабахшии истифодаи замин ва захираҳои оби Ҷумҳурӣ дар солҳои 2020-2030 Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10-уми июли соли ҷорӣ “Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон барои солҳои 2020-2030” имзо гардид.
Дар асоси фармон Консепсияи рушди хоҷагии оби Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 тасдиқ карда шуд.
Таъмини бехатарӣ ва фаъолияти эътимодбахши обанборҳо, анборҳои сел-об ва дигар объектҳои хоҷагии об чун яке аз самтҳои устувори Консепсия муқаррар карда шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои дар фармон пешгузошташуда дар сохтори хоҷагии об садорати маъсул таъсис меёбад.
Инчунин, доир ба татбиқи вазифаҳои консепсия дар солҳои 2020-2022 “Харитаи роҳ” тасдиқ гардид.
Бо мақсади амалӣ намудани механизмҳои самарабахши идоракунии захираҳои об, истифодаи босамари об ва доир ба истеъмоли об Кодекси об таҳия карда мешавад.
Мувофиқи фармон, то соли 2030 ноил гардидан ба чунин нишондодҳо дар назар аст:
баланд бардоштани коиффитсиенти кори фоиданоки сохтори обёрӣ аз 0,63 то 0,73;
аз 560 ҳазор гектар то 190 ҳазор гектар кам кардани майдони замини обёришавандае, ки сатҳи таъминоти обии онҳо паст аст;
ба 226 ҳазор гектар кам кардани майдонҳои замини обёришавандаи шӯрзаминҳо;
25 фоиз кам кардани масрафи солонаи қувваи барқи стансияҳои насоси сохтори Вазорати хоҷагии об;
татбиқи технологияҳои рақамӣ барои баҳисобгирии об ва насб кардани дастгоҳҳои баҳисобгирии об ва назоратии “Smart Water” (“Оби ҳушманд”) дар ҳама объектҳои сохтори ирригатсионӣ;
автоматикунонии равандҳои идоракунии об дар 100-то иншооти бузурги хоҷагии об;
масоҳати умумии заминеро, ки барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо технологияи каммасраф таъмин гардидааст, то 2 миллион гектар, аз ҷумла технологияи обёрии чакрагӣ то 600 ҳазор гектар зиёд карда мешавад;
дар соҳаи хоҷагии об дар асоси тамоилҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ 50-то лоиҳа татбиқ мегардад.