Дар корҳои барӯйхатгирии аҳолӣ киҳо ҷалб карда мешаванд?

Дар корҳои барӯйхатгирии аҳолӣ киҳо ҷалб карда мешаванд?

  • Post category:Ҷамъият

Мувофиқи фармони Президенти мамлакат аз 5-уми феврали соли 2019 «Дар бораи тасдиқи консепсияи барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли 2022» бори авввал дар солҳои истиқлолият аҳолӣ ба рӯйхат гирифта мешавад.
– Барои корҳои барӯйхатгирии аҳолӣ киҳо ҷалб карда мешаванд?
– Дар миқёси ҷумҳурият, дар корҳои ташкили барӯйхатгирии аҳолӣ ходимони аппарати марказии кумитаи давлатии статистика иштирок мекунанд. Дар ташкили корҳои ҳудудӣ ва мувофиқгардонӣ, баррасии мавод, сарҳисоби хотимаи онҳо ва эълони он ходимони шӯъбаҳои ҳудудии Кумитаи давлатии статистика, Садорати статистикаи шаҳри Тошканд ва Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ҷалб карда мешавад. Ғайр аз ин, муддати муайян барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву нормативӣ дастхат ва маълумотнома, таъмини моддиву техникӣ ва молиявии барӯйхатгирии аҳолӣ ва тайёр кардани ҳисобу китоби он дар асоси шартнома мутахассисони бомаҳорат ба кор ҷалб карда мешаванд.
– Ҳангоми барӯйхатгирӣ бо кадом ташкилотҳои байналхалқӣ бояд ҳамкорӣ карда шавад? Ин ҷараён то кай давом мекунад?
Дар он бевосита хона ба хона гашта, аҳолиро ба рӯйхат мегиранд ва дар бораи аҳолӣ маълумот ҷамъ мекунанд.
Муддати барӯйхатгирӣ бошад, аз 10 то 60 рӯз давом мекунад. Барӯйхатгирии аҳолӣ чанд рӯз давом кунад ҳам, маълумотҳо дар вақти аниқ, дар рӯзи аввали барӯйхатгирӣ саривақтӣ ба қайд гирифта мешавад. Инро вақти нозуки барӯйхатгирии аҳолӣ низ мегӯянд.
Маълумотҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ба даст меоянд, барои таҳлили ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аниқ кардани сиёсати соҳаи шуғли аҳолӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва саломатии аҳолӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои муҳими ҳокимияти давлат ва таъмини ҷамъият фан бо ахбори зарурӣ муҳим аст.

Ҷ.УЛАШЕВ,
сардори шӯъбаи статистикаи шаҳри Самарқанд.