Ниҳолакҳои пахта мешукуфанд

Ниҳолакҳои пахта мешукуфанд

  • Post category:Иқтисод

Пахтакорони нарпаӣ дар соли ҷорӣ аз 10,6 гектар майдон гирифтани 31,8 ҳазор тонна пахта ва аз 5,6 ҳазор гектар майдон бардоштани 43,7 ҳазор тонна ғалларо ният кардаанд. Мо ба қарибӣ дар саҳроҳои саройи муқобили мошину тракторҳои «Ӯзбекис­тон», ки роҳбараш Нуриддин Мамадиёров аст, шуда¸сабзишу нашъунамои ниҳолакҳои пахтаро аз назар гузарондем. Нашъунамои ниҳолакҳои навъҳои «Султон», «Бухоро‑2»-и пахта хуб аст. Дар ҳар як ниҳолаки пахта як-­дутоӣ гул, 4-5 бехӣ шонаро дидем. Корҳои агротехникии дар 17 хоҷагии фермерии пахтарасонӣ, ғаллапарварӣ чорводорӣ, моҳипарварӣ бурдаистода ба таъриф кардан меарзад. Деҳқонони хоҷагии фермерии «Саратон» (раисаш Зафар Бердиев) аз 41,6 гектар пахтазор рӯёндани 45-сентнерӣ (аз ҳар гектар) пахтаи навъи «Султон»- ро мақсад кардаанд. Ҳамсари раис, олим-­агроном А. Ҳайдарова, додаронаш, механизатор Шербӯта ва обчӣ Музаффар имрӯзҳо дар 1 гектар ҳавзи сунъӣ кофта, дар он навъҳои «Амури сафед», «Пешонавасеъ», «Зағора» – и моҳиро парвариш мекунанд. Дар 30 хол гармхонаашон растаниҳои ситрусӣ-­лиму ва апелсин ба ҳосил даромадааст. Дар оғилхона бошад, гӯсфандҳои ҳисорӣ ва гӯсолаҳои навъҳои голландӣ (барои гӯштрасонӣ) мепоянд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.