Covid‑19: ваксина кай истеҳсол мешавад

Covid‑19: ваксина кай истеҳсол мешавад

  • Post category:Ҷамъият
ё худ хулосаҳои ғайричашмдошти олимон

Аз пайдоиши COVID‑19 беш аз шаш моҳ гузашт. Дар ин давра, олимон то ҳол дар дарёфти роҳҳои пешгирӣ ё бартарафсозии пандемия ягон натиҷа ба даст наовардаанд, аммо тадқиқот як лаҳза ҳам қатъ наёфтааст. Ҳол он ки шаш моҳи охир барои таҳлили фарзияҳои гуногун дар бораи пайдоиши беморӣ вақти кофӣ буд. Олимони тамоми ҷаҳон оид ба ин масъала андешаҳои мухталиф пешниҳод менамоянд.
Вируси хуфта
Масалан, ходими калони илмии Маркази тибби эътимодбахши Оксфорд (Centre for Evidence-­based Medicine, CEBM) Том Ҷефферсон ба хулосаи ғайричашмдошт омад. Ба гуфтаи вай, қабл аз омадани зимистони гузашта дар Ухан коронавируси SARS-CoV‑2 дар ҳолати хоб буд ва дар натиҷаи омезиши омилҳои табиӣ бедор шуд.
Дар асоси маълумоти дар саросари ҷаҳон ҷамъоваришуда, олим бо боварӣ таъкид менамояд, ки вирус дар давлатҳои гуногун дар тӯли як муддат дар ҳолати хоб қарор дошт. Масалан, 9 моҳ пеш аз дар шаҳри Ухани Чин пайдо шудани COVID‑19 дар партови обҳои Барселона зоҳир шуда буд. Моҳи декабри соли гузашта намунаҳои аз Турин ва Милан ба даст овардашуда чунин натиҷаҳоро доданд.
Дар рӯзномаи The Daily Telegraph изҳороти зерини олим оварда мешавад: «Ба фикрам, вирус аз аввал дар ин ҷо буд ва таҳти «дар ин ҷо» ман «дар ҳама ҷо»-ро дар назар дорам. Бо эҳтимол гуфтан мумкин аст, ки мо бо вируси хуфта рӯ ба рӯ шудаем. Он бо шароити муҳити зист фаъол шудааст».
Вай ба тариқи мисол ҳолати сирояти коронавирусро дар киштии сайёҳатӣ, ки аз Ҷорҷияи Ҷанубӣ ба Буэнос-­Айрес шино мекард, овард.
Олим мепурсад: «Дар рӯзи ҳаштум, вақте ки мусофирон аз баҳри Уэдделл мегузаштанд, ҳолати аввалин ба қайд гирифта шуд. Оё вирус дар ғизои пухта буд ва ҳангоми обшавии он фаъол шудааст?»
Ҷефферсон ба сифати воқеаи ба ин монанд пандемияи «испанка»-ро, ки дар аввали асри гузашта паҳн шудааст, меорад. Аз соли 1918 то 1920 аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба ин намуди грипп мубтало шуд. Тақрибан 100 миллион нафар вафот карданд. Ин рӯйдодро таҳлил намуда, олим диққатро ба он ҷалб менамояд, ки қариб 30 фоизи аҳолии Самоаи Ғарбӣ аз « испанка» фавтидааст. Ҳамзамон, он замон аҳолии ҷазира бо ҷаҳони беруна робитае надошт.
Ба гуфтаи коршинос, ҳамаи инҳоро танҳо бо он далел метавон тавзеҳ дод, ки ангезандаҳои вирус аз ҳеҷ куҷо намеоянд ва ба ҳеҷ ҷо намераванд.
«Онҳо ҳамеша дар ин ҷо ҳастанд ва баъзан чизе онҳоро фаъол мекунад – шояд зичии аҳолии ҷаҳон ё шароити муҳити зист. Ва ин ҳамон чизест, ки мо бояд омӯзем», – мегӯяд Ҷефферсон.
Назар ба гуфтаи олим, вирус на танҳо тавассути зарраҳои ҳаво аз одам ба одам, балки ба воситаи партов низ мегузарад.
Боз як омили дигар
Чанде пеш 240 нафар олим аз 32 кишвар ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) нома фиристода, дар он дархостро дар бораи эътироф кардани имконпазирии паҳн шудани коронавирус тавассути зарраҳои хурдтарин дар ҳаво навиштанд, менависад The New York Times.
То имрӯз СУТ таъкид менамояд, ки дар аксари ҳолатҳо вирус аз шахси бемор тавассути қатраҳои зиёди роҳи нафас ҳангоми сулфа, атса ё сухан гуфтан мегузарад.
Ба гуфти олимон, далелҳо исбот мекунанд, ки вирус метавонад тавассути ҳаво дар бинои пӯшида гузарад.
Номаи олимон ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ояндаи наздик дар маҷаллаҳои илмӣ нашр хоҳад шуд, гуфта мешавад дар хабар.
Ҳамзамон, коршиносони СУТ далелҳои сирояти коронавирусро тавассути ҳаво беэътимод мешуморанд.
– Дар тӯли ду моҳ мо чандин бор собит намудем, ки сирояти ҳавоиву қатрагиро имконпазир мешуморем, аммо бо далелҳои эътимоднок ё ҳатто равшан исбот нашудааст. Дар ин масъала баҳсҳои зиёд идома доранд, – гуфт роҳбари техникӣ оид ба назорати сироятии СУТ Бенедетта Аллегранси.
Муаллифони мақола чунин меҳисобанд, ки агар сирояти ҳавоиву қатрагӣ дар ҳақиқат як омили муҳим дар паҳншавии коронавирус бошад, пас барои он як қатор чорабиниҳои нави зиддивирусӣ бояд андешида шаванд. Масалан, эҳтимол, ниқобҳои махсус лозиманд, ки метавонанд зарраҳои хурдтаринро набуд кунанд ва барои нест кардани зарраҳои вирусии ҳавои биноҳои пӯшида низоми тозакунии ҳаво ва шуоъдиҳии ултрабунафша заруранд.
Сохти генетикии организм бисёр чизҳоро ҳал мекунад
Бинобар маълумоти профессори Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород, мудири лабораторияи генетикаи молекулавии инсон Михаил Чурносов ба ТАСС, хатари сироят ёфтани коронавирус ва бад шудани ҳолат аз сабаби касалиҳо аз сохти генетикии ҳар як шахс вобаста аст.
Тибқи гуфтаҳои профессор, қариб 90 фоизи бемориҳои инсон ба ин ё он дараҷа ба табиати генетикии ӯ алоқаманданд. Коронавирус ба организми инсон дохил шуда, албатта ин бемориро ба вуҷуд меорад, аммо баъзеҳо ба он бештар ҳассосанд, дигарон камтар ва ҷараёни беморӣ низ бо омилҳои генетикӣ муайян карда мешавад.
Профессор илова мекунад, ки дар ин бобат кори ферментҳо, масалан, ферментҳои ангиотензин-­табдилдиҳанда нақши муҳим доранд. Бо шарофати ӯ дар организм меъёри об ва намаки хун нигоҳ дошта мешавад. Ферментатсия дар ҳама бофтаҳои бадани инсон, аз ҷумла дар хун рух медиҳад. Ин дар шакли сабук ё вазнин гузаштани ҷараёни бемориҳои гуногуни бемор – фарбеҳӣ, диабети қанд ва дигар бемориҳои доимиро муайян мекунад.
Оё мушкилот танҳо дар шуш аст?
Ба наздикӣ олимони Франсия муайян карданд, ки коронавирус натанҳо ба шуш, балки ба гурдаҳо низ таъсир мекунад. Муҳаққиқон даъво доранд, ки 80 фоизи аз коронавирус сироят ёфтани узвҳои дохилӣ аз гурдаҳо сар мезанад.
Олимони Шветсия чӣ мегӯянд?
Ба наздикӣ олимони швед қайд карданд, ки дараҷаи масъунияти коллективӣ ба коронавирус назар ба фикрҳои қаблӣ ду маротиба зиёд буда метавонад. Ғайр аз он, ин метавонад ҳатто дар одамоне, ки иммунитети мустаҳкам доранд, пайдо шавад.
Намунаҳои таҳлили иммунологии олимони Донишкадаи Каролинаи Стокголм дар зиёда аз 200 нафар бемор нишон доданд, ки дар аксари онҳо беморӣ дар шакли сабук ё умуман бе аломат мегузарад.
Дар байни кишварҳои Аврупо Шветсия ягона кишваре буд, ки чораҳои маҳдудкунии ҷиддӣ ҷорӣ накард. Чунки шведҳо эҳтимолияти дар организми инсон инкишоф ёфтани иммунитет бар зидди вирусро инкор намекунанд.
Ваксина кай истеҳсол мешавад?
Чи хеле ки дар рӯзномаи The Washington Post дар асоси суханони роҳбари СУТ Тедрос Аданом Гебреисус менависанд, айни замон дар ҷаҳон 141 ваксина омӯхта мешавад.
Ба гуфтаи директори генералии СУТ ба коркарди ваксина фавран пас аз паҳн шудани хабари вирус шурӯъ шудааст. «Айни замон дар ҷаҳон 141 ваксина бар зидди намуди нави коронавирус таҳия карда мешавад. Дар ин бобат ба эълон намудани муваффақияти пешқадамон ҳамагӣ якчанд моҳ боқӣ монд. Албатта, ҳеҷ гуна кафолати пурраи ҳимоя нест, аммо мо умедворем», – таъкид намуд Гебреисус.
Ба хотирҷамъ шудан ҳоло барвақт
Дар саросари ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус беш аз 12 миллион нафар аст. Тахмин меравад, ки 60 фоизи ҳолатҳо ба моҳи июн рост меоянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки авҷи пандемия гузаштааст ва беморӣ ақиб мегардад. Дар як ҳафтаи охир шумораи ҳаррӯзаи беморон беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин боиси ташвиш аст ва албатта ҳамаро водор мекунад, ки ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Ва аз ин рӯ сарвари СУТ чандин бор зарурати муносибати ҳамаҷонибаи мубориза бар зидди пандемияро таъкид менамояд. «Бо вуҷуди бомуваффақият ҷилавгирӣ кардани коронавирус дар бисёр кишварҳо (дар ин ҷо Италия ва Испания ба назар гирифта шудааст), сабукгардонии чораҳои маҳдудкунанда метавонад вазъиятро боз ҳам мушкилтар созад», – гуфт роҳбари созмон.
Таҳти равиши маҷмӯӣ муайян намудани хатарҳо, гузаронидани тестҳо, ҷудо кардани беморон, тафтиши одамоне, ки бо онҳо дар мулоқот буданд ва нигоҳ доштани масофаи муайяни иҷтимоӣ ба назар гирифта шудааст. Ба он инчунин омӯзиши табибон оид ба кор бо беморон, баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ дар бораи COVID‑19 дохил мешаванд.
Олимони тамоми ҷаҳон тадқиқоти пайваста ба коронавирусро қатъ намекунанд. Умедворем, ки дар ояндаи наздик ин тадқиқот натиҷаҳои мусбат хоҳанд дод, зеро ҳадаф як аст – тақдири на як кишвар ё ҳудуд, балки тамоми ҷаҳон ҳал мешавад.

Саидмурод РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.