Таъсири карантин ба иқтисодиёти мамлакат

Таъсири карантин ба иқтисодиёти мамлакат

  • Post category:Иқтисод

Директори Маркази ислоҳотҳо ва тадқиқоти иқтисодӣ Обид Ҳакимов дар бораи таъсири маҳдудиятҳои карантин ба иқтисодиёт ва даромадҳои аҳолӣ шарҳ дод.
Ӯ таъкид намуд, ки пурзӯр кардани маҳдудиятҳои карантин дар Ӯзбекистон, ки аз 10-уми июл то 1-уми август идома меёбад, ба иқтисодиёт ва даромадҳои аҳолӣ ҳамчун карантини баҳорӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд.
– Зинаи кунунии чораҳои маҳдудиятҳоро бо карантини пешина баробар кардан нашояд, зеро маҳдудиятҳои имрӯза асосан ба соҳаи хизматрасонӣ, соҳаи хӯрокворӣ, яъне дар як ҷой ҷамъшавии одамон дахл дорад. Чораву тадбирҳои андешидашуда пеш аз ҳама ба пешгирии паҳншавии вирус нигаронида шудаанд.
Агар дар як вақт шумораи ками одамон сироят ёбанд, табобат кардани беморони вазнин осонтар хоҳад шуд. Инчунин, аз сабаби карантини имрӯза паст шудани фаъолияти умумии иқтисодиро набояд интизор шуд.
Қариб 70 фоизи корхонаҳое, ки фаъолияташон қатъ шудааст, то моҳи сентябр, боқимонда то охири соли 2020 ба кор дароварда мешавад. Ин бо супориши ҳукумат дар таҳлили тайёрнамудаи Маркази ислоҳот ва тадқиқоти иқтисодӣ акси худро ёфтааст.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик пандемия нест намешавад ва фаъолияти иқтисодӣ вобаста ба вазъияти эпидемиологӣ анҷом меёбад. Гуфта метавонам, ки агар чораҳои карантинӣ бо сабаби мавҷи нави эпидемия пурзӯр нагардад, маркази мо пешгӯӣ мекунад, ки то моҳи декабри соли 2020 шумораи беморони сирояти коронавирус ба 64 ҳазор нафар мерасад ва барои нигоҳубини ин беморон ба миқдори 3,6 триллион сӯм маблағи иловагӣ лозим аст.
Барои муқоиса, то имрӯз дар Ӯзбекистон барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус (санҷишҳо, доруҳо, таҷҳизоти муҳофизатӣ, пардохтҳо ба кормандони соҳаи тиб) тақрибан 750 миллиард сӯм харҷ шудааст. Аз ин рӯ, коршиносони Маркази ислоҳот ва тадқиқоти иқтисодӣ маҳдудиятҳои карантиниро мувофиқи мақсад мешуморанд.
Ба самаранокии пурзӯрсозии чораҳои карантин дар муддати 15-20 рӯз баҳо додан мумкин аст. Ин ҳама ба он вобаста аст, ки мо ин чораҳои карантиниро дар чӣ сатҳ риоя мекунем. Албатта, иқтисодиёт бояд ба хавфу хатарҳои нав мутобиқ шавад ва ҳамзамон боз ва ё пӯшида шудани соҳаҳои иқтисодиёт ба шумораи беморон вобаста аст – гуфт Обид Ҳакимов.

Д.РАҲМОН.