Панди модар

Панди модар

  • Post category:Фарҳанг
Қиссаи пурибрат

Писари азизам… агар замоне фаро расид, ки маро пиразан дидӣ аз ту хоҳиш дорам бар ман сабр ва таҳаммул дошта бош! Маро дарк намо!
Агар дар вақти таомхӯрӣ хӯрокро ба либосҳоям резонам ё ин ки ба танҳои либос иваз карда натавонам, дар ҳамон ҳолат ба ёд ор ки ман ба ту чӣ гуна либос пӯшидан ва таом хӯрданро таълим медодам.
Агар як калимаро ҳазор маротиба гаштаву баргашта ба ту гӯям аз ман асабонӣ нашав ва сухани маро қатъ макун, бар ман гӯш деҳ ва маро таҳаммул кун! Фарзанди азизам вақте ту кӯдак будӣ доиман такрор ба такрор мегуфтиву мепурсидӣ ва ман бо қалби кушод бар ту ҷавоб медодам..
Вақте мебинӣ ки технологияи муосирро истифода карда наметавонам маро масхара макун бар ҳоли ман маханд!
Соатҳои сипарӣ кардаамро баҳри омӯзониданат ба ёд ор! Ба ёд ор, ки ман ба ту чӣ гуна чизҳои зиёде омӯзонидаам. Вақте ноумед мешудӣ ман ҳамеша туро дастгирӣ мекардам то боз кӯшиш намоӣ. Ва агар наметавонистӣ ба ту мегуфтам:
– Ноумед машав ту метавонӣ! Вақте ки хотираам заиф шуду чизеро фаромӯш кардам асабонӣ нашав ба ман вақти кофӣ деҳ то ба ёд орам! Писарам, агар бо сабаби пириам ё бемориам роҳ гашта натавонам аз дастонам бигир ончуноне ки ман аз дастонат мегирифтам замоне ки аввалин қадамҳоятро мегузоштӣ!
Рӯзе ояд ки ман бар ту гӯям, ки муштоқи дидори Аллоҳ ҳастам! Ғамгин машав ва гиря макун! Ҳаракат кун то дарк бикунӣ, ки умри ман аллакай ба охир расида истодааст! Ва рӯзе аз рӯзҳо ту дарк мекунӣ, ки бо вуҷуди тамоми хатоҳои кардаам ман ҳамеша бароят беҳтарин чизро мехостам ва ҳамеша кӯмакат мекардам то ҳамаи роҳҳои зиндагиро бароят нишон диҳам! Пас, ту низ бар ман кӯмак кун то роҳ равам, кӯмакам кун то муддате бо сабр ва таҳаммул зиндагӣ кунам, кӯмакам кун то битавонам ба роҳи охират бо имону осудагӣ бирасам. Умедворам, ки агар рӯзи маргам фаро расад, ҳеҷ ғаму андӯҳро ҳис накуни ва ҳаракат кун то дар барам бошӣ ва ҳаракат кун бар ман кӯмак куни он гунае ки дар барат будам ва кӯмакат мекардам замоне ки зиндагиро шурӯъ мекардӣ! Ва маро ба оғӯш гир он гунае, ки ман бо муҳаббат туро ба оғӯш мегирифтам! Ва маро дуо кун «Худоё модарамро раҳмату мағфират гардон»
Бародарону хоҳарони азиз, ҳоло ҳам дер нашудааст. Падарону модарони мову шумо дар қайди ҳаёт ҳастанд, соябони сарамон ҳастанд. Бигзор сар ба хоки пояшон гузорем ва дунёи худро бо ин амали худ бихарем ва бо фахр бигӯем: «Модарҷон, падарҷон, ман Шуморо хеле дӯст медорам»!

Баргирифта аз интернет.