Ободонии хокҷойҳо – вазифаи ҳар яки мо

Ободонии хокҷойҳо – вазифаи ҳар яки мо

  • Post category:Ҷамъият

Манзили охирини ҳар яки мо водии хомӯшон – қабристон аст. Ободӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он вазифаи мост. Вале дар давраи карантин эътибор ба тозагиву озодагии қабрис­тонҳо суст шуд. Агар чанд нафаре, ки баъди ҷаноза аз пайи тобут ба қабрис­тон нараванд, дигарон ҳам зиёрати қабри гузаштагонро қатъ карданд. Дар натиҷа, алафҳои болои гӯру даруни қабристонҳо хушк шуданд. Хасу хошоки хушк аз устухон, шуои шишапораҳои зери нури офтоб, нӯкчамонӣ, партофтани пасмондаи сигор ва ғайра оташ гирифтанашон мумкин аст. Аз ин пеш дар қабристонҳо сӯхторҳо бисёр ба амал омадаанд ва ин як ҳодисаи ғамовар мебошад.
Дер бошад ҳам, бо ташаббуси баъзе раисони маҳаллаҳо дар қабрис­тонҳо ҳашар ташкил карда, ҳоло хасу хошоки онҳоро медараванд. Аз ҷумла, мо дар қабристони Саримазори ноҳияи Самарқанд бо чанд нафари онҳо вохӯрдем. Онҳо аз маҳаллаҳои Қӯшкӯпрук ва Ҷарқишлоқ буданд.
– Одамони мо бемеҳру оқибат шудаанд, – гуфт як ҳашарчии маҳаллаи Қӯшкӯпрук, ки бо дигарон деворҳои қабристонро сафед мекард. – Баъзеҳоро ба ҳашар хабар кунед ҳам намебароянд. Ба додани пули мардикорҳо ҳам дилашон намешавад. Як хел одамҳое ҳам ҳастанд, ки ҳатто ҷойи қабри падару модарашонро намедонанд. Охир ҳар кас ҳангоми зиёрати қабри наздиконашон онҳоро тоза кунанд, қабристон гулистон мешавад.
Мо бо раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Қӯшкӯпрук Қобилҷон Болтаев вохӯрдем. Ӯ аз соли 2018 дар ин вазифа кор мекунад.
– Дар маҳаллаи мо қариб сеюним ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд, – ҳангоми сӯҳбат гуфт ӯ. – Як қисми маитони маҳалла дар ин қабристон дафн карда мешаванд. Имрӯз барои тоза кардани қисмати ҳудуди маҳалла бо 5 нафар ҳашарчиҳо омадем. Ба ғайр аз даруни қабристон девори қабристонро сафед кардем.
Қабристони Саримазор аз хокҷойҳои қадима ба ҳисоб меравад. Масоҳати он қариб 10 гектарро ташкил мекунад. Дар ин ҷо аз маҳаллаҳои зиёди гирду атроф маитонро оварда, ба хок месупоранд. Вале ҳашарчиёни баъзе маҳаллаҳо омада, каму беш кор накарда, корро чала партофта мераванд. Дар натиҷа, болои баъзе қабрҳо тозаву озода шавад, хасу хошоки дигар ҷойҳо нодаравида ва ё ғарами пасмондаи онҳо боқӣ мемонад. Аз рӯйи гуфтаи назоратчии қабристон Абдураҳим Воҳидов барои ба ин гуна саҳлангорӣ роҳ надодан раисони маҳаллаҳои Саримазор, Гулбоғ ва Сулфакабудак ба ҷойи ташкили ҳашар мардикорҳо оварданд. Онҳо хасу хошоки қабрис­тонро даравида, ба партовҷо бурда рехтанд.

Б.ҶУМЪАЕВ.