Психологҳои мактаб: оё барои фаъолияти самарабахши онҳо шароит мавҷуд аст?

Психологҳои мактаб: оё барои фаъолияти самарабахши онҳо шароит мавҷуд аст?

  • Post category:Маориф

Имрӯзҳо оиди ҳуқуқвайронкунӣ ва тарбияи носолим доштани баъзе аз ноболиғон бисёр ҳарф мезанем. Албатта ба тарбияи насли наврас пеш аз ҳама падару модар, муҳити оилавӣ, мактаб ва устодон вазифадор ҳастанд. Аммо бисёр шоҳид гаштаем, ҳангоми аз хусуси тарбияи носолими ягон нафар ҳарф задан, падару модарон аз хуб набудани таълиму тарбия дар мактаб мегӯянду устодон аз носолимии муҳити оила шикоят мекунанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат масъулияти психологони мактаб низ хеле калон аст. Зеро, писарон ва духтарон бештари вақти худро дар муассисаи таълимӣ мегузаронанд, солимгаронии рӯҳияти онҳо бошад ба зиммаи психологҳо гузошта шудааст.
Мо дар ин бора, бо мудири шӯъбаи ташхиси педагогиву психологии шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Тайлоқ Мӯъмина Ҳасанова ҳамсӯҳбат шудем.
– Имрӯзҳо ба зиммаи психолог­ҳои мактаб чӣ гуна вазифаҳо гузошта шудааст?
– Онҳо бояд пеш аз ҳама соҳиби маълумоти олӣ буда, таҷрибаи чандсолаи касбӣ дошта бошанд. Зеро, психолог асосан бо хонандагон, падару модарон, ҷамоаи омӯзгорон кор мекунад. Соҳибони ин касб бояд олами ботинии ҳар як писару духтар, волидони онҳоро дарк намуда, бо онҳо дар муносибати самимӣ бошанд, инчунин дар мактаб муҳити солимро барқарор намоянд.
Дар айни замон психологи мактаб бо бисёр мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Вай бояд санҷишҳо ва тренингҳо гузаронад, бо хонандагони лаёқатманд ё донишомӯзони сатҳи азхудкуниашон поён сӯҳбатҳо ташкил намуда, ба дигаргун кардани рафтори онҳо муяссар шавад.
– Оё имрӯз психологҳои мактаб бо хонандагон самарабахш кор мебаранд?
– Психологи мактаб – шахсест, ки баробари падару модар ва омӯзгорон барои роҳнамоии насли наврас ба шоҳроҳи ҳаёт нақши муҳим дорад. Ба синни балоғат расидани насли наврас яке аз давраҳои мураккаби зиндагӣ мебошад, ки дар ин давра нақши психологҳо дар интихобнамоии роҳи дурусти ояндаи ҷавонон назаррас аст. Яъне кор бо хонандагон вазифаи асосии психологи мактаб аст. Аммо барои аз дил сӯҳбат кардан вақт ва имконият низ аҳамияти муҳим дорад. Барои самарабахш ташкил кардани фаъолият пеш аз ҳама дар мактабҳо хонаҳои алоҳидаи хизмати психологӣ мавҷуд буда, он дар асоси талаб ҷиҳозонида шуданаш лозим аст.
– Хӯш, дар ин бора, дар мактабҳо шароитҳо муҳайёст?
– Афсӯс, ки ҳоло дар ҳамаи мактабҳо ҳам ин гуна хонаҳо ташкил карда нашудааст. Ин албатта, ба фаъолияти психологҳо таъсир мерасонад. Мақсади хизмати психологӣ аз фароҳам овардани шароити психологӣ ва педагогӣ барои ривоҷи ақливу маънавии хонандагон, ташаккули онҳо ҳамчун авлоди баркамол ва барои намоён кардани истеъдод фароҳам овардани шароитҳо иборат аст. Аз ин рӯ, психолог пеш аз ҳама баробари соҳиби дониши мукаммал будан, дар хонаи шинаму барҳаво ва ба талабҳои замон ҷавобгӯ фаъолият бурданаш лозим. Бояд гуфт, ки солҳои охир ба фаъолияти мо эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳоло дар бисёрии мактабҳо барои ташкили хонаҳои алоҳидаи хизмати психологӣ супоришҳо дода шудааст. Умед дорем, ки дар соли нави хониш фаъолияти психологҳо боз ҳам самарабахш хоҳад шуд.
– Ҳоло, ки мо дар шароити карантинӣ қарор дорем, қабули булбулакони боғи дониш чӣ тавр сурат мегирад?
– Дар мактабҳо аз 6-уми июл қабули хурдтаракон ба синфи як оғоз шуда буд. Мо як муддат онҳоро бо риояи қатъӣ ба талабҳои гигиенӣ дар мактабҳо қабул намудем. Мувофиқи талабҳои мавҷуда, психологонамон бо ҳар як кӯдак сӯҳбатҳо гузарониданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки шароити карантинӣ пеш аз ҳама масъулияти падару модаронро дучанд мекунад, зеро назорати дарсазхудкунии фарзандон ба зиммаи онҳо вогузор аст. Дар ин ҷода, ба ҳамаи падару модарон сабр ва масъулиятшиносии баландро мехоҳем.

Мусоҳиб
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.