Маслиҳатҳо оиди мустаҳкамсозии иммунитет

Маслиҳатҳо оиди мустаҳкамсозии иммунитет

  • Post category:Саломатӣ

Дар ин бора, сардори инспексияи назорати санитариву эпидемиологии ҷумҳурӣ Нурмат Отабеков тавсияҳои зеринро пешниҳод кард. Инак
Барои ҳимоя аз бемории коронавирус ғайр аз риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ (мардум онро аз худ намудаанд) боз кадом чораҳоро андешидан лозим аст? Маҳсулотҳои истеъмолшаванда, қоидаҳои хӯрокхӯрӣ, дорувориҳои зарурӣ ва дигар воситаҳоро дар назар дорам.
– Албатта, вақте ки сухан дар бораи дору меравад, шаҳрвандоне, ки ба беморӣ мубтало шудаанд, бояд пеш аз ҳама бо шифокори ҳудуди худ маслиҳат намоянд. Зеро, он шифокор ҳолати воқеии беморро хуб медонад.
Мо дар бораи чораҳои эҳтиётӣ бисёр сӯҳбат кардем, ки одамон онро дар ёд доранд. Минбаъд, бояд ҳар чӣ бештар дар бораи воситаҳое, ки иммунитетро мустаҳкам мекунад ва системаи иммунии инсонро устувор нигоҳ медорад, маълумот диҳем.
Мо аз таҷриба медонем, ки барои мус­таҳкам кардани системаи иммунитет, шахс бояд хобад, хуб истироҳат кунад, аз ҳад зиёд асабӣ нашавад, хуб хӯрок хӯрад (дар асоси риояи меъёр) ва машқ кунад, инчунин аз одатҳои зараровар (нӯшокиҳои спиртдор, тамокукашӣ ва ғайра) даст кашад.
Боз як нуктаи муфид: Ҳар як гиёҳи Ӯзбекистон ба хусусияти шифобахшӣ соҳиб аст. Инро инкор кардан ғайриимкон мебошад. Гулу гиёҳҳои Ӯзбекистон, яъне гиёҳҳое, ки пешобро хориҷ мекунад, фаъолияти меъдаву рӯдаҳоро беҳтар намуда, ба раванди ҳозима таъсири хуб мерасонад, хуллас ба ҳамаи бемориҳо шифо мебахшад.
Истеъмоли маҳлулҳои аз гиёҳҳо тайёршуда ва меваҳои гуногун системаи иммунитети инсонро мустаҳкам месозад. Бояд гуфт, ки дар мо воситаҳои дорувории аз гиёҳҳои гуногун тайёршуда хеле бисёр аст ва бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад.
Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо дар амалиётамон воситаҳои аз гиёҳҳо тайёршуда, якбора кам шуданд. Мо асосан доруҳои кимиёвиро истифода мебарем, ки он хеле зараровар аст. Ин доруҳо оҳиста – оҳиста, ба баъзе узвҳои бадан зарар мерасонад.
Аз ин рӯ, мо бояд навъҳои гуногуни растанӣ: аз наматак то алафи марҷон, ҷуворимакка, гулҳои ромашка ва хусусан гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳо мерӯянд, истеъмол намуда, то ҳадди имкон аз дорувориҳои кимиёвӣ худдорӣ намоем.
Аз неъматҳои табиат самарабахш истифода бурдан лозим аст. Масалан, растании ҳазориспанд хусусиятҳои шифобахшро соҳиб аст.
Ғайр аз ин, чормағзро гиред, ки он фаъолияти бофтаи мағзи сарро беҳтар мекунад. Зардолу ва хушккардаи он дилро шифо мебахшад.