Намак дандонро мустаҳкам мекунад

Намак дандонро мустаҳкам мекунад

  • Post category:Саломатӣ

Намаки ош дорои як қатор хусусиятҳои шифобахш мебошад.
– Дар соҳаи тиб бо намак табобат кардани бемориҳо галотерапия гуфта мешавад, – мегӯяд шифокори терапевт Ҷамшед Нурмаматов. – Моҳияти асосии галотерапия бо ёрии буғи намак табобати бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкамсозии иммунитет мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамаи намакҳо дорои як қатор хусусиятҳои умумӣ мебошанд. Намак балғамро нест мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, дар меъда ҳазм ёфтани таомро таъмин мекунад, иштиҳо меоварад, ранги рӯйро хуб мегардонад, рӯдаҳоро мешӯяд. Инчунин, бадҳазмии таомро нест мекунад. Намакобро дар даҳон гардонем, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва баъд аз кандани дандон рафтани хунро пешгирӣ менамояд.
Дар китобҳои табобатӣ оварда шудааст, ки намаки сафеди соф ва барроқ барои дардҳои меъдаи сардмизоҷ давои хуб аст. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, бемориҳои балғамиро шифо мебахшад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд.
Намаки сӯхтагиро бо тухми зағир якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, барои хориш, захми обила ва махав дору мешавад. Бо асал ва пудина сиришта бимоланд, мӯрчагазакро аз паҳн гаштан манъ мекунад.
Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад ва намегузорад, ки обила кунад.
Мегӯянд, ки ин намак барои одамони сардмизоҷ ва ҳазми таом, барои дафъ кардани гаронии меъда фоида дорад, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, оруғ меоварад, бодҳоро дафъ мекунад.
Намаки зиёдатӣ барои организм зарар низ дорад.
– Дар аснои бемории узвҳои дилу раг маҳдуд кардани истеъмоли намак аҳамияти муолиҷавӣ дорад, – мегӯяд корманди таҳлилхонаи рақами якуми Маркази давлатии назорати эпидемиологиву санитарии вилоят дар Бозори деҳқонии Сиёб Ҷамила Болтаева. – Инчунин, хӯрдани намак ба майнаи одамони гарммизоҷ зиён мекунад, чашмро хира мегардонад, боиси пайдошавии хориш дар бадан мегардад.
Натрий хлор бо баланд гардидани фишори хун вобастагӣ дорад. Зиёд гардидани миқдори натрий хлор дар таркиби хун боиси пайдошавии дард дар дил, мағзи сар ва рагҳо мегардад. Ин барои зиёд шудани фишори хун сабаб мешавад.
Дар манбаъҳо зикр шудааст, ки истеъмоли зиёди намак ба фаъолияти гурдаҳо низ таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷаи вайрон гардидани фаъолияти гурда, бадан варам карда, аз рагҳо хуни бештар мегузарад ва ин барои пайдошавии бемории гипертония сабаб мешавад.
Агар ба ҳар як ҳодиса асабонӣ шавед, тааҷҷуб накунед, танҳо миқдори истеъмоли намакро камтар намоед.

Ф.ЮЛДОШЕВ.